Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Колоколтсев: Ҷинояткорон аз муҳоҷирон истифода мекунанд


Вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев, ки рӯзи 16 октябр бо ҳадафи ширкат дар коллегияи муштараки ВКД Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе қарор дошт, аз мавриди истифодаи гурӯҳҳои ҷиноӣ қарор гирифтани муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кардааст. Хабаргузории Интерфакс менависад, ки Колоколтсев бар пояи натиҷаҳои амалиёти «Нелегал» дар соли гузашта ва нимсолаи аввали соли 2018 гуфтааст, дар саросари Русия 180 ҳазор нақзкунандаҳои қонунҳои муҳоҷират ба қайд гирифта шудаанд.

Колоколтсев дар Душанбе гуфтааст, ки сохторҳои ҷиноӣ аз муҳоҷирон барои пешбурди амалҳои ғайриқонунии худ дар қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва ҳам хариду фурӯши инсон аз муҳоҷирон истифода мекунанд. Айни замон ӯ аз мизони ҳамкориҳои полиси Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки ҳарду ҷониб тавонистанд, ки дар амри мубориза бо ҷинояткорӣ ба пешравӣ даст ёбанд.

Оҷонсии "Ховар" мегӯяд, ки вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Русия - Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев нақшаи кории ниҳодҳои зертобеи худро дар соли 2019 тасдиқ карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Фотима намехоҳад ягона писараш бесавод монда, ҷангҷӯй шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG