Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Келинам гуфт, агар пул дода аз Сурия берун наоред, мекушанд"


Асад Ҳалимҷонов аз Русия ба Сурия рафт ва дар майдонҳои ҷанги он кишвар кушта шуд. Ҳамсараш Шабнам Ҳалимҷонова дар паноҳгоҳе дар Сурия роҳи бозгашт ба Тоҷикистонро меҷӯяд

Раҳима Ҳалимҷонова, сокини шаҳри Исфара, мегӯяд, як шаҳрванди Туркия фиреб додааст, ки дар ивази 6,5 ҳазор доллар келину набераашро аз вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия берун мекунад, вале бо дарёфти ин маблағ "ғайб задааст".

  • Ҳоло ин зан аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостааст, барои пайдо кардани Кемил оғлу Айҳан, шаҳрванди Туркия, ки худро раҳбалад муаррифӣ карда, ваъдаи берун овардани келину набераашро дода буд, кумак кунад.
Ҳафт моҳ гузашт ва аз ин мард дараке нест. Маро фиреб карданд

​Ҳазорҳо доллар дар ивази раҳоии Шабнам

Асад Ҳалимҷонов, писари 28-солаи ин зан ҳамроҳ бо ҳамсараш соли 2014 ба Сурия рафт. Ду соли пеш хабари марги писарашро шунид. Шабнам Ҳалимҷонова, келини 23-солааш хабар дод, ки пас аз раҳоии шаҳри Рақаи Сурия аз дасти гуруҳи тундрави "Давлати ислмоӣ" ба дасти нерӯҳои озодибахши курд афтодаанд ва феълан дар паноҳгоҳе, ки аз ҷониби СММ дар вилояти Ал-Ҳасака сарпарастӣ мешавад, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин паноҳгоҳҳо садҳо зану кӯдак, ки бо мардони хонавода барои пайвастан ба созмони тундрави ДИИШ омада буданд, нигаҳдорӣ мешаванд.

Раҳима Ҳалимҷонова иддао дорад, ки ба ин шаҳрванди Туркия шашуним ҳазор доллар фиристодааст, то келинашро аз Сурия берун орад
Раҳима Ҳалимҷонова иддао дорад, ки ба ин шаҳрванди Туркия шашуним ҳазор доллар фиристодааст, то келинашро аз Сурия берун орад

Раҳима Ҳалимҷонова, сокини шаҳри Исфара, рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даҳ моҳи пеш келинаш тамос гирифт ва гуфт, нафаре занҳоро аз Сурия то Туркия меорад ва барои ин 6,5 ҳазор доллар пул мехоҳад.

Кемил оғлу Айҳан куҷо шуд?

Вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия, ки ҳоло ин занҳо ҷойгиранд, дар дасти нерӯҳои Артиши озодибахши Сурия қарор дорад, ки бо нерӯҳои давлатӣ, гурӯҳи тундрави ДИИШ ва Ҷабҳат-ан нусра дар ҳоли ҷанг қарор дорад. Аз ин минтақа берун овардани занону кӯдакон ба сахтӣ даст медиҳад.

Аммо Раҳима Ҳалимҷонова мегӯяд, ин мард ба келинаш ваъда кардааст, ки роҳи то Туркия овардани онҳоро пайдо мекунад. Ӯ моҳи апрели имсол ба номи Кемил оғлу Айҳан ба яке аз бонкҳои Туркия пул интиқол медиҳад.

"Ба келинам ваъда кардааст, ки пул диҳед, шуморо аз ҳудуди Сурия берун мекунам. Вақте пул равон кардем, гуфт нагирифтам. Дар бонки Тоҷикистон гуфтанд, пул гирифта шудааст. Ҳафт моҳ гузашт ва дигар аз ин мард дараке нест. Маро фиреб карданд, барои аз мақомот барои гирифтани пулам кӯмак мепурсам”, - гуфт ӯ.

"Дар қарз ғӯтидаам"

Дар Ироқ чандин зани тоҷик бо ҷурми ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ зиндонӣ шуданд
Дар Ироқ чандин зани тоҷик бо ҷурми ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни ДИИШ зиндонӣ шуданд

Асад Ҳалимҷонов, писари бузурги Раҳима Ҳалимҷонова чор моҳ пас аз тӯяш ба Русия ва аз онҷо ба Сурия рафтааст. Ин зан ҳоло як писар ва ду духтари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, шавҳараш маъюб аст ва пуле, ки барои берун кардани келинаш фиристод, қарз гирифта буд.

Ӯ гуфт, “ин барои ман пули хеле калон аст. Келинам гуфт, ки агар пул дода берун наоред, маро дар инҷо мекушанд. Ин пул қарз аст. Ақаллан онҳоро меоварданд, гапи дигар буд. Ҳоло дар қарз ғӯтидаам".

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз мушкили ин зан хабар доранд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои дақиқ кардани шахсияти нафаре, ки ин шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб кардааст, бо мақомоти Туркия ҳамкорӣ хоҳанд кард.

ВКД: Ба доми фиреб наафтед

“Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин замина бо мақомоти Туркия кор мекунад. Ин занро чӣ гуна фиреб додаанд, кӯшиш мекунем, маълум кунем. Хоҳиши мо ин аст, ки шаҳрвандон барои берун кардани наздиконашон аз кишварҳои ҷангзада ба доми фиреб наафтанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафоратхонаҳо дар хориҷ талоши баргардонидани занону кӯдаконро доранд. Бо даст додани имконият ҳамаи онҳо баргардонида хоҳанд шуд”, - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Қаблан, мақомоти тоҷик гуфтан буданд, ки бинобар ноамнӣ сафари ҳайати Тоҷикистон ба вилояти Ал-Ҳасака ва Идлиб мувақатан мушкил аст, чун касе амнияти онҳоро кафолат намедиҳад.

Шабнам Ҳалимҷонова, келини ин зан дар сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шароиташон дар паноҳгоҳҳои СММ мушкил аст. “Худу кӯдаконамон зуд-зуд бемор мешавем. Шароит вазнин аст. Аз ҳукумат илтиҷову зорӣ дорем, ки моро баргардонанд”, - гуфт ӯ.

Даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳ

Дар чанд паноҳгоҳ дар вилояти Идлиб ва Ал-Ҳасакаи Сурия беш аз 15 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешавад. Аксари онҳо охири соли 2016 ҳангоми озодсозии шаҳри Раққа ба дасти “ягонҳои мудофеи халқ, шохаи низомии ҳизби Иттиҳоди демократии Сурия” асир афтоданд ва баъдан ба паноҳгоҳҳо интиқол ёфтанд.

Баръакси Ироқ занҳое, ки дар ин паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озоданд ва ҳаққи бозгашт ба кишварашонро доранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ҳузури онҳо хабар доранд ва ба хотири бозгашти бидуни мушкил онҳоро аз рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ берун кардаанд.

Гурӯҳи тундрави ДИИШ соли 2014 қаламравҳое аз Сурия ва Ироқро ишғол кард ва он ҷо “хилофат”-и худхонда эълон намуд. Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои шомил шудан ба ин гурӯҳи тундрав ба ҳудуди таҳти назорати ин гурӯҳ сафар карданд, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдак буд.

Бархе зиндонӣ шуданд, баъзе дар орзуи бозгашт

Дар як соли ахир додгоҳи Ироқ беш аз 20 занро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ва барои абад ҳукм ба зиндон кард. Бархе занҳои дигар дар интизори ҳукм дар боздошт ҳастанд. Шуморе аз занҳои дигари тоҷик аз ҳузури худ дар паноҳгоҳе дар Сурия хабар додаанд. Сарнавишти садҳо нафари дигар номаълум аст.

Танҳо дар ин миён занҳое ба мисли Шабнам Ҳалимҷонова дар интизори бозгашт ба ватан ҳастанд ва барои ин аз оддитарин имконот истифода мекунанд. Истифодае, ки гоҳо онҳоро ба доми фиреб мебарад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG