Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Ироқ ба қатли фаврии маҳкумшудаҳои ДИИШ дастур дод


Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ рӯзи панҷшанбеи 28-уми июн дастури иҷрои фаврии ҳукми қатли маҳкумшудаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДИИШ-ро, содир кардааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира", Ҳайдар Ибодӣ шоми панҷшанбе дар як баёния, ки аз тарафи дафтари матбуоти нахуствазири Ироқ нашр шуд, хостори эъдоми фаврии он ҷангиёни ДИИШ шуд, ки қаблан додгоҳҳои он кишвар дар нисбати онҳо "ҳукми эъдоми қатъӣ", содир карда буданд.

Мақомоти тоҷик ахиран гуфтанд, ки ҳудуди 30 зани тоҷик дар маҳбасҳои Ироқ ба сар мебаранд ва бархе ҳукми тӯлонӣ гирифта ва бархе дигар дар интизҳори ҳукми додгоҳ ҳастанд.

Ин дастури нахуствазири Ироқ дар пайи он сурат гирифт, ки гуфта мешавад, афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи якшанбеи 17-уми июн бо ташкил кардани як постгоҳи бозрасӣ дар шоҳроҳи байни Бағдод ва Киркук, шаш ронандаи мошинҳои борбарро рабуданд. Ин гурӯҳ чанд рӯз баъд бо нашри як навори видеоӣ аз ҳукумати Ироқ хост, танҳо пас аз озодии занони маҳкумшудаи ДИИШ аз зиндон, ин афродро озод мекунад.

Баъд аз ёфт шудани пайкари шаш ронандаи рабудашуда ва ду қурбонии дигар дар рӯзи чаҳоршанбеи ҳамин ҳафта, мақомоти амниятии Ироқ гуфтанд, ки рабудашудагон чанд рӯз пеш ба қатл расида ва ҷасадҳои онҳо дар минтақа партофта шудааст.

Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ.
Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ.

Артиши Ироқ гуфт, ҷасадҳои ин афрод дар минтақаи Тел Шарафи вилояти Салоҳиддин пайдо ва чеҳраҳои онҳо ба таври ваҳшиёна сӯзонида шуда буд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" иддао кард, ки кушташудаҳо афсарони пулис ё аъзои гурӯҳи ниманизомии "Ҳашд-Ал-Шаъбӣ"-и ҷонибдори ҳукумат буданд.

"Нерӯҳои амниятӣ ва низомии мо ба таври билқувва аз ин шабакаҳои террористӣ интиқом хоҳанд гирифт",-гуфтааст Ҳайдар Ибодӣ ба мақомоти баландпояи амниятӣ ва вазирон. "Мо ваъда медиҳем, онҳоеро, ки ин ҷиноятро муртакиб шуданд, хоҳем кушт ва ё боздошт хоҳем намуд."

Мақомоти додгоҳии Ироқ дар моҳи апрели соли ҷорӣ гуфтанд, ки беш аз 300 нафар, ба шумули 100 зани хориҷӣ аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар ба қатл маҳкум шуда, садҳо тани дигар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" маҳкум ба ҳабси абад мебошанд. Бештари занони маҳкумшуда аз кишварҳои шӯравии собиқ мебошанд ва дар миёни онҳо як мард аз Русия ва яке дигар аз Белгия низ ҳастанд.

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки аз сӯи мақомот дар пайгард қарор доранд.
Ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки аз сӯи мақомот дар пайгард қарор доранд.

Дастури иҷрои ҳукми эъдоми маҳкумшудаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз сӯи нахуствазири Ироқ дар ҳолест, ки раванди қатъӣ шудани ҳукми қатл дар ин кишвар печида ва тӯлонӣ аст ва пас аз судури он аз сӯи додгоҳи ибтидоӣ ва таъйиди он дар додгоҳи кассатсионӣ, аз сӯи Кумитаҳои тахассусӣ дар Шӯрои олии додгоҳӣ баррасӣ ва дар сурати таъйид ба раёсати ҷумҳурӣ фиристода мешавад ва пас аз имзои раиси ҷумҳур, ба иҷро медарояд.

Ҳамон тавр, ки расонаҳо навиштанд, дар миёни маҳкумшудаҳо ба зиндон, 100 нафари онҳо занон мебошанд ва бештари онҳо аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳастанд. Мақомоти тоҷик ахиран гуфтанд, ки ҳудуди 30 зани тоҷик дар маҳбасҳои Ироқ ба сар мебаранд ва бархе ҳукми тӯлонӣ гирифта ва бархе дигар дар интизҳори ҳукми додгоҳ ҳастанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди Ироқ ва Сурия аз соли 2013 пас аз ташкили гурӯҳи "Давлати исломӣ" рафтанд. Шумораи онҳоро мақомот беш аз ҳазор нафар ҳисоб кардаанд, ки дар миёнашон 400 зану кӯдак ҳаст. То кунун ҳузури даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар ҳудуди Ироқ ва Сурия маълум шудааст. Қонунгузории Ироқ барои ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ ҷазои сангин пешбинӣ мекунад.

Нерӯҳои ироқӣ қабланд гуфтанд, ки пас аз озодсозии минтақаҳо аз дасти ДИИШ, ҳазорон зану кӯдаки ҷангҷӯёни ин созмон ба дасти онҳо афтод. Ҳоло онҳо дар паноҳгоҳҳои зери сарпарастии созмонҳои байналмилалӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Тоҷикистон то ба ҳол ҳудуди 10 кӯдакро аз Ироқ ба кишвар баргардонидааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки раванди бозгардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна идома дорад.

Ироқ дар моҳи декабри соли гузашта пас аз берун рондани ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз Мавсил -- дувумин шаҳри бузурги он кишвар, пирӯзии худро дар ҷанг бо ин гурӯҳ эълон кард. Аммо нерӯҳои низомии Ироқ ҳанӯз ба амалиёти худ алайҳи ин гурӯҳ дар минтақаҳои биёбонӣ ҳаммарз бо Сурия, идома медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG