Пайвандҳои дастрасӣ

3 зани тоҷик дар зиндонҳои Кобул. Хосият: "Мо барои зиндагӣ омада будем"


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик талош доранд, ки се зан ва ду кӯдаки зиндониро аз Афғонистон ба Тоҷикистон биоранд. Ин занҳо, ки пас аз кушта шудани шавҳаронашон дар соли 2016 дар шимоли Афғонистон боздошт шудаанд, бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав дар зиндони Кобул нигаҳдорӣ мешаванд.

Мо ба хотире омадем, ки дар давлати исломии Афғонистон зиндагӣ кунем. Инҳо моро гирифтанд ва гуфтанд, ки шумо узви ДИИШ ҳастед. Мо ба ин хотир наомадем. Мо ба хотире омадем, ки моро ҳамчун як хоҳари мусалмон қабул кунанд ва дар кишвари исломӣ зиндагӣ кунем.

Талош барои интиқоли занони зиндонӣ аз Афғонистон

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хешовандони занҳои зиндонӣ аз сафорати Афғонистон дар Душанбе дархост карданд, то барои истирдоди наздиконашон аз Кобул мусоидат кунанд. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, наздикони занҳо аз шароити нигаҳдориашон дар зиндони Афғонистон нигарон ҳастанд.

“Шавҳарони ин занҳо дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, вале нисбат ба занҳояшон дар Тоҷикистон парванда вуҷуд надошт. Ҷониби Афғонистон ба мо маълумот доданд, ки онҳо бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Толибон ва ДИИШ муттаҳам мешаванд. Хешовандонашон хоҳиш карданд, ки онҳо ба Тоҷикистон оварда шуда, дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ шаванд”, - афзуд ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар як сохтори интизомӣ.

Дархости мақомоти тоҷик барои истирдоди занҳои зиндонӣ аз Афғонистон бар асоси қарордоде сурат мегирад, ки миёни ду кишвар соли 2010 имзо шудааст.

“Занҳои зиндонии тоҷик бозгашт ба ватанро намехоҳанд”

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дархости мақомоти тоҷик барои истирдоди занҳои маҳбус дар дасти баррасист, вале қарори интиқоли ин занҳо баъд аз дарёфти ризоияти худи онҳо сурат мегирад. Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи маълумоти онҳо 7 зан бо кӯдаки хурдсолашон дар зиндони Кобул нигаҳдорӣ мешаванд. Ӯ гуфт, намояндагии Салиби Сурх дар Афғонистон низ бо ин занҳо сӯҳбат анҷом додааст, вале то ҳол худи онҳо барои интиқолашон ба Тоҷикистон ризоият надодаанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ​Афғонистон зери тааҳҳудоти байналмилалӣ имзо гузоштааст ва бояд ба ҳуқуқи зиндониён эҳтиром гузорад. Аз рӯи ин тааҳҳудот зиндонии хориҷӣ бидуни хоҳиши худ наметавонад ба ватанаш бурда шавад, ҳарчанд Тоҷикистон зиёд талош дорад, то ин зиндониён зудтар интиқол ёбанд.

Хосият: “Ман барои зиндагӣ ба кишвари исломӣ омадаам”

Мавзӯи занҳои маҳбуси тоҷик дар зиндони Афғонистон бори аввал дар миёнаҳои моҳи апрел дар як барномаи шабакаи аввали телевизиони Афғонистон матраҳ шуд. Дар ин барнома зане, ки худро Хосият ва шаҳрванди Тоҷикистон ном бурд, гуфт, ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ боздошт кардаанд.

Хосият дар ин барномаи телевизионӣ гуфт: “Мо ба хотире омадем, ки дар давлати исломии Афғонистон зиндагӣ кунем. Инҳо моро гирифтанд ва гуфтанд, ки шумо узви ДИИШ ҳастед. Мо ба ин хотир наомадем. Мо ба хотире омадем, ки моро ҳамчун як хоҳари мусалмон қабул кунанд ва дар кишвари исломӣ зиндагӣ кунем.”

Ин зан, инчунин, гуфт, ки ҳамроҳаш чанд тан аз занони дигар аз кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон низ дар зиндон қарор доранд. Дар ин намоиши телевизионӣ гуфта нашуд, ки ин зан дар куҷо ва кай боздошт шудааст, вале мақомоти Афғонистон мегӯянд, занҳои зиндониии тоҷик дар пайи амалиёти низоми зидди ҷангҷӯён дар Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон пас аз кушта шудани шавҳаронашон ба дасти нерӯҳои амниятӣ афтодаанд.

Дархости Тоҷикистон барои интиқоли занҳои тоҷик аз зиндониҳои Афғонистон дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир пайваста аз кушта шудани тоҷикон дар сафи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар хабар пахш мешавад. Бори охир мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки Шермуҳаммад Сафаров, як тан аз раҳбарони тоҷики ДИИШ бо 11 тан аз ҳамроҳонаш кушта шудааст. Қаблан низ талоши пайвастани тоҷикон ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон бо гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон сабт шуда буд.

Дар бисёр ҳолат зиндониҳои тоҷик аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳарос доранд ва мегӯянд, ки аз тарси шиканҷа шудан намехоҳанд барои идомаи мӯҳлати ҷазо ба ватан истирдод шаванд.

Моҳи феврали соли равон Абдулфайз Вазирови 33-сола ва ҳамсараш Моҳира Салимова бо се кӯдаки хурдсолашон аз Эрон ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон замоне дар Зоҳидони Эрон боздошт шуданд, ки талош доштанд, ба Афғонистон рафта, ба сафи ДИИШ бипайванданд.

То ҳанӯз ҳеҷ омори расмӣ дар бораи ҷангиёни тоҷик ва шумори онҳо дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон нашр нашудааст, вале мақомоти тоҷику афғон мегӯянд, ки дар сафи гурӯҳҳои мамнӯи “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Узбакистон”, “Толибон” ва ДИИШ дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Шуморе аз онҳо дар ҷараёни амалиёти низомии нирӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон боздошт ва зиндонӣ мешаванд. Охирин оморе, ки дар ин замина нашр шуда буд, аз соли 2013 буд ва бар тибқи он 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешуданд. Дар бисёр ҳолатҳо зиндониҳои тоҷик аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳарос доранд ва мегӯянд, ки аз тарси шиканҷа шудан намехоҳанд барои идомаи мӯҳлати ҷазо ба ватан истирдод шаванд.

Афғонистон бо Тоҷикистон наздик ба 1400 километр хати марзи муштарак дорад ва ба гуфтаи мақомот, бо сабаби ҷангҳои доимиву нооромӣ дар ин кишвар аксаран сокинони дорои ақидаҳои ифротӣ талош мекунанд, аз хатҳои душворназорати сарҳад ба Афғонистон убур кунанд ва ба сафи ҷангҷӯён бипайванданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG