Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду тоҷики тундрав дар Афғонистон


Зиндони Багром дар ҳумаҳои шаҳри Кобул. Акс аз бойгонӣ.
Зиндони Багром дар ҳумаҳои шаҳри Кобул. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти амниятии Афғонистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди ҳамлаи террористӣ, дастгир карданд.

Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ, муовини сухангӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ин ду нафар дар кӯҳистони канори Пули Чархӣ дар ҳоле боздошт шуданд, ки ба мавзеи Тагоби вилояти Каписо мерафтанд.

Аз онҳо шаҳодатномаи тақаллубӣ ба номи шаҳрвандони Афғонистон "Сантала" ва "Усмон" дарёфт шуд. Баъди пурсуҷӯ ошкор шуд, ки яке аз онҳо Зокир – сокини вилояти Хатлон ва дигарӣ Чорибой – сокини вилояти Суғди Тоҷикистон мебошанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, боздоштшудаҳо тайид карданд, ки онҳо ҳанӯз дар Русия ба гурӯҳи “Лашкари Ҷандуллоҳ” пайваста, тавассути Озарбойҷон ба Эрон ва аз он ҷо ба шаҳри Кувейтаи Покистон рафта, дар қароргоҳи “Лашкари Ҷандуллоҳ” дар вилояти Вазиристон тамрин диданд. Баъд аз дарёфти эътимоди раҳбарони гурӯҳ, онҳо соҳиби асноди тақаллубии сокинони манотиқи шимоли Афғонистон шуданд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки “Сантала” ва “Усмон” аз шаҳри Мироншоҳ ба вилояти Хуст ва аз он ҷо ба Кобул омаданд. Дар Кобул онҳо бо Толибон дар тамос шуданд ва барои анҷоми ҳамлаи террористӣ дар вилояти Каписо муваззаф шуданд. Аммо корашон “барор” накард.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз онҳо аз қазияи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон огаҳанд ва бо мақомоти амниятии Афғонистон дар ин мавзӯъ гуфтугӯ ҳам кардаанд. Аммо, ба гуфтаи дипломати тоҷик, ҳанӯз боздиду мулоқот бо боздоштшудаҳо муяссар нашудааст, зеро панҷшанбеву ҷумъа дар Афғонистон рӯзҳои истироҳат аст. Сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки ӯ рӯзи шанбе ҳам бо боздоштшудаҳо мулоқот мекунад ва ҳам бо мақомоти марбутаи Афғонистон дар мавзӯи истирдоди онҳо сари мизи гуфтушунид менишинад.

Шарофиддин Имомов афзуд, ки бар пояи қарордод миёни Душанбеву Кобул дар бораи истирдоди афроди дар терроризм дастдошта, онҳо метавонанд ҳатто то анҷоми тафтишу мурофиаи додгоҳӣ шаҳрвандони гумонбарро аз маҳбас раҳо карда, барои идомаи тафтишот ба Душанбе интиқол диҳанд. Ин дипломати тоҷик мегӯяд: “Бештари онҳое, ки то ҳол боздошт шудаанд, аз Покистон омадаанд ва мехостанд ё ягон ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд ё ба Тоҷикистон раванд”.

Сафири Тоҷикистон афзуд, ки айни ҳол дар зиндонҳои Афғонистон аз тақрибан 20 маҳбуси тоҷик фақат 9 нафарашон боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш мақомоти Тоҷикистон 15 афғони зиндониро ба кишварашон истирдод карданд. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир 301 маҳбуси афғон маҳбасҳои Тоҷикистонро такр намудаанд.

Шарофиддин Имомов афзуд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ахири худ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар Кувайт ба ӯ гуфтааст, ки дар ивази раҳоии 9 маҳбуси боқимонда, Душанбе омодааст ҳамаи зиндониҳои афғонро дар ихтиёри Кобул гузорад.
XS
SM
MD
LG