Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд зиндониёни собиқ ҷойи кор меофаранд. ВИДЕО


Занони собиқи зиндонӣ дар пайи ду соли кору талош коргоҳи дӯзандагии худро аз утоқи танги манзили зист ба бинои бузургтар кӯчонданд ва ҳоло орзу доранд корхонаи хусусии худро бунёд намоянд. Зоҳиран ин як корхонаи муқаррарии дӯзандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аст. Вале дар инҷо занону духтароне кор мекунанд, ки аз маҳбас озод шудаанд ё ҳабси шартӣ гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон соли 2017 ба иттилои мақомоти вазорати адлия 237 зани маҳбус ба қайд гирифта шуд. Ин занон даст ба қонуншиканиҳои мухталиф задаанд – аз қаллобиву роҳзанӣ то куштори инсон.

Зебо Миркамолова чаҳор моҳ боз дар ин ҷо кор мекунад. Ӯро моҳи августи соли 2017 Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар пайи ҷанҷолу занозанӣ бо дугонаҳояш барои 2 сол ба ҳабс дар зиндони дорои низоми сукунат маҳкум кард. Ӯ гуфт, маъмурияти зиндон ва маркази шуғли аҳолӣ розӣ шуданд, вай на дар паси панҷара балки дар ин коргоҳ бимонад. “Мани судшударо натарсида ба кор гирифтанд. Ин ҷо занони хуб кор мекунанд. Муносибаташон ҳам бо ман хуб аст. Ман ин ҷо худамро озод эҳсос мекунам,” – мегӯяд ӯ.

Вале Зебо нахост дар навор чеҳрааш нишон дода шавад. Ӯ мегӯяд, қабл аз ин ба чанд корхона барои корҷӯӣ муроҷиат кард, вале аз ӯ тарсида, бо баҳонаҳое ҷавоби рад доданд. Шояд аз ҳамин сабаб Зебо аз намоиши чеҳрааш дар навори видеоӣ худдорӣ мекунад. Ӯ ҳар моҳ ҳадди ақал 500 сомонӣ маош мегирад ва аз рӯи ҳукми додгоҳ 20 дарсади онро ба хазинаи давлат месупорад. Вале ҳамкорони соҳибкасбаш моҳона аз як то якуним ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Корхона барои занони маҳбус дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Саноат Нурматова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Отифа”, аз масъулони корхона аст. Ӯ гуфт, мисли Зебо Миркамолова се зану духтари дигарро ба кор ҷалб кардааст. Ӯ гуфт, ҷараёни бо кор таъмин кардани ин қишри занон дар машварат бо мақомоти назорати маҳбасҳо ва кумитаи занон ба роҳ монда мешавад.

Саноат Нурматова гуфт, "ба занҳое, ки шартан аз ҳабс озод шудаанд ё доғи судӣ доранд, бисёр мушкил аст. Чунки ҷомеа аз инҳо ҳарос дорад ва бисёриҳо худро канор мегиранд. Ҳол онки онҳо ҷазои худро гирифтаанд ва муҳтоҷи дастгирӣ мебошанд. Вале дар мавриди ингуна заноне, ки ба кор ҷалб мекунем, хотири мақомот ҷамъ аст. Чунки онҳо ҷойи кор ва маблағ барои рӯзгузаронӣ доранд ва дигар даст ба ҷиноят намезананд."

Ба ин занону духтарон Мушаррафнисо Неъматова ҳунари дӯзандагӣ меомӯзад. Неъматова дар 69 соли зиндагиаш пастиву баландиҳои зиёде дидааст. Ӯро ҳоло дар доираҳои дӯзандагӣ ҳамчун зардӯзи касбӣ мешиносанд. Ӯ се бор ва бори охир соли 2006 дар озмуни ҷумҳуриявии зардӯзӣ баранда ва соҳиби ҷои аввал шудааст.

Неъматова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар 60 солагиаш ҳам хеле фаъол буд ва дар се ҷо кор мекард ва дар марказҳои шуғли аҳолӣ ва корҳои берун аз мактабии ноҳияи Ғафуров ва ҷамоати Унҷии ин ноҳия шогирд тарбия мекард. Вале дар пайи як ҷиноят – аниқтараш қатли як ҷавон додгоҳ ӯро барои 26 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро баъди 8 сол бо татбиқи қонуни афв ба зиндони дорои низоми сукунат гузарониданд. Моҳи феврал мӯҳлати ҳабси сукунаташ низ поён ёфта, умедвор аст пурра шахси озод мешавад.

“Маро фарзандонам таъмин мекунад ва аз чизе камӣ надорам. Шукри Худо, 4 фарзанду 14 набера ва 8 абера дорам. Ман дар се ҷо кор мекардам ва нияту вақти ҷиноят содир карданам ҳам набуд. Вале гоҳе аз хато ё маҷбурӣ занҳо ба ҷиноят даст мезананд. Ба нияте, ки ҳаминҳо дигар ҷиноят накунанд, ба роҳи рост раванд, ба ин корхона ҷалб мекунам. Кӯшиш карда истодаам, ки ёрдамам ба ҷамъияту давлат расад.”

Ӯ мегӯяд, муносибати ҷомеа ба афроде, ки доғи судӣ доранд, яксон нест. Бахусус агар ин шахс зане дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бошад, ки аксари сокинонаш мусалмонанд ва мавқеи занро маҳдуд бо фарзанду хонадорӣ медонанд. Бисёр раҳбарони корхонаву муассисаҳо аз қабули занҳои собиқ зиндонӣ парҳез мекунанд.

Ҳоло дар коргоҳи занони дӯзанда ва собиқ зиндонӣ ҳудуди 20 нафар кор мекунанд. Вале ҳамаи онҳо зиндонишуда нестанд, бархе занон аз оилаҳои камбизоат ва танҳо ҳастанд, ки шавҳаронашон ба муҳоҷирати кории Русия рафтаву солҳо барнагаштааст ва оилаашро дар ватан ба ҳоли худ вогузор кардаст

Коргоҳ барои занони зиндонишударо соли 2016 Атмия Азимова, ҷавонзане аз Хуҷанд баъди авф ва раҳоиаш аз маҳбас бо 10 ҳазор сомонӣ қарзи бебозгашти раисҷумҳур таъсис дод. Аввал ин коргоҳро дар манзили худ барои чанд зан ба роҳ монд. Баъди тақрибан як соли кор коргоҳро аз утоқи танг ба бинои фарохтаре кӯч дод. Хонум Азимова орзу дорад корхонаашро фарохтар кунад ва ба сехҳои нави ҳунарҳои дастӣ занону духтарони зиёдтар ҷалб кунад.

Атмия Азимова.
Атмия Азимова.

Атмия Азимова, раҳбари корхона мегӯяд, хушбахт аз он аст, ки баъди зиндон на танҳо худро аз даст надод, балки тавонист як корхонаи воқеӣ боз кунад, ки даромад дораду занҳои дигари муштоқи меҳрубониву корро ҳам ба анҷоми корҳои муфид ҷалб мекунад.

“Дар ин 2 сол ба 80 дар сади орзуҳоямон расидем. Дар соли 2017 харидорони зиёди маҳсулотамонро пайдо кардем ва фармоишҳо мегирем барои курпаву болишт, аз беморхонаи вилоятӣ ва қисмҳои ҳарбӣ... Акнун умед дорем ба мо раиси вилоят замин ҷудо кунанду маблағгузор ёбем ва корхонаи худамонро созем. ”

Ӯ мегӯяд, дари корхонааш ба рӯи занони корҷӯй, ба навбати аввал заноне, ки аз маҳбас озод шудаанду дар чорсӯи зиндагӣ дар ҷустуҷӯи ҷои кору пайдо кардани дастмузд барои пешбурди зиндагӣ ҳайронанд, ҳамеша боз аст.

Дар Тоҷикистон соли 2017 ба иттилои мақомоти вазорати адлия 237 зани маҳбус ба қайд гирифта шуд. Ин занон даст ба қонуншиканиҳои мухталиф задаанд – аз қаллобиву роҳзанӣ то куштори инсон. Қонунҳои афв, ки ҳар сари чанд ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ қабул мешаванд, нисбати занону духтарони зиндонӣ ҳатман сабукиҳое пешбинӣ мекунанд, чунки аксари ин занон дар хона фарзанду набераҳои дастнигари худро доранд.

Вале масъалаи пайдо кардани шуғл дар кишваре, ки бекорӣ мушкили рақами яки иқтисоди он ба шумор меравад, барои зиндониҳои собиқ боз ҳам сангинтар мебошад. Дар натиҷа, хавфи дубора содир кардани ҷиноят ба миён меояд.

XS
SM
MD
LG