Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "бозгашти кӯдакони Ироқ" то "истисмори шаҳвонӣ". Гузориши Амрико


Сафорати Тоҷикистон дар Ироқ ва дигар сохторҳои ҳукуматии ин кишвар бо ҳавопаймои вижа шоми 30 апрел 84 тифли ҷангҷӯёни тоҷикро аз Бағдод ба Душанбе оварданд

“Ҳоло ин атфоли баргашта аз Ироқу Сурия бояд аз нишонаҳои сарбози ҷанг пок карда шуда аз ҷараёни барқарорсозиву ҳамоишёбӣ бо ҷомеа гузаранд”. Мақомоти тоҷик рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ 84 фарзанди ҷангиёни узви гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”-ро, ки аз 1 то 18 сол доштанд, аз Бағдод ба Душанбе оварда онҳоро таҳти назари табибону мутахассисон ва ҳам мақомоти дигар сохторҳо қарор доданд.

Департаменти давлатии ИМА, ки ҳар сол арзёбиҳои худро дар мавзӯи “Қочоқи инсон” дар саросари ҷаҳон нашр мекунад, дар гузориши нави худ рӯзи 20 июн дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон ҳам навишт.

Гузориши Департаменти давлатии Амрико мегӯяд, дар миёни кӯдакони тоҷике, ки аз зери назари ҷангиёни ДИИШ баргардонида шуданд, онҳое ҳам буданд, ки метавонистанд қурбонии қочоқи инсон шаванд. Волидони ин кӯдакон эҳтимолан зери парчами “Давлати исломӣ” буданд. “ДИИШ бо он маъруф аст, ки аз кӯдакон ба ҳайси сарбоз истифода карда инчунин онҳоро бо шаклҳои дигар ҳам қочоқ кардааст”, мегӯяд гузориши Департаменти давлатӣ. Дар идома гузориш мегӯяд, ки “бархе занҳо, ки бо ваъдаи издивоҷ ба Сурияву Ироқ рафтанд, дар иваз ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхта шуданд”.

Дар паи ғасби қаламравҳое дар Сурияву Ироқ аз ҷониби гурӯҳи ҷангии “Давлати исломӣ”, баъди солҳои 2014 ба иттилои расмии мақомот, аз Тоҷикистон ба ин қаламравҳо беш аз 1900 шаҳрванд, аз ҷумла занону кӯдакон рафтанд. Бархе кӯдакон бевосита дар қаламравҳои ҷангӣ чашм ба дунё кушоданд. Дар ҳоле, ки бисёре аз онҳо кушта ё нопадид шудаанд, даҳҳо занон дар додгоҳҳои Ироқ барои ҳамзистӣ бо террористон ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, даҳҳо зани дигари тоҷик бо кӯдаконашон дар қароргоҳҳои муваққатӣ сарпаноҳ ёфтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки роҳҳои ба Тоҷикистон баргардонидани ин гурӯҳи занону кӯдакони тоҷикро низ аз лиҳози ҳуқуқиву қонунӣ андеша дорад.

Департаменти давлатӣ дар бораи пешрафту камбудиҳо дар муқобила бо қочоқи инсон

Гузориши департаменти давлатии ИМА мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соле, ки гузашт, барои муқобила бо қочоқи инсон талошҳои зиёде ба харҷ дод, вале боз ҳам вазъ “пурра ба меъёрҳои ҳадди аққали решакан кардани ин мушкил мутобиқат намекунад”.

Дар миёни иқдомҳои мусбати Тоҷикистон – таъсису таъмини молии паноҳгоҳҳо барои қурбониҳои қочоқ, тағйирот ба қонун дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи қурбониҳои қочоқи инсон, мушаххассозии шумори бештари қурбониҳо, ҳамкории муассир бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам таҳияи тарҳи нақшаи амал барои солҳои 2019-2021 дар амри муқобила бо қочоқи инсон – номбар шудаанд. Вале мушкилоти то ҳол ҳалношуда ба фасод дар интиқоли қурбониҳои қочоқ тавассути марзҳо, набуди гузоришҳо дар бораи боз шудани таҳқиқи ҷиноии ин ҳодисаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани мақомдорони дастдошта дар қочоқи инсон рабт мегирад. “Бо вуҷуди ин ки мақомот манъ будани кори кӯдаконро дар ҳама ҷо эълон мекунанд, кӯдакону занон ҳамеша таҳти хатари ба кори саҳро ҷалб шуданро доранд”.

Истисмори ҷинсии занону кӯдакон дар хориҷа

Муҳаққиқони Департаменти давлатии ИМА мегӯянд, ки соли 2018 сохторҳои қудратии Тоҷикистон 21 қазияро таҳқиқ кардаанд, ки бар асоси он 38 нафар барои даст доштан дар қочоқи инсон гумонбар мешуданд. Соли 2017 ин нишондод баландтар буд ва бар асоси 42 парванда 65 қочоқчии гумонбар таҳқиқ шудааст.

Мавзӯи қочоқи инсон ба хориҷа яке аз масоили ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Мушкилоти иқтисодӣ сокинони кишварро водор мекунад, ки ба хориҷа дар ҷустуҷӯи кор раванд, вале муҳоҷирати иқтисодӣ хатари қочоқ шудани мардону занон ва кӯдаконро ҳам ба миён меорад.

Мардону занон, ба навиштаи муаллифони ин гузориш, дар бахши кишоварзӣ ва сохтмони Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ ва шумори камтари онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия ва Афғонистон мавриди сӯиистифодаву истисмор қарор мегиранд. Ин гузориш дар бораи дар тиҷорати сиёҳи фаҳшо сабт шудани занону кӯдакони тоҷик ҳам ёдовар шуда гуфтааст, ки чунин ҳодисаҳо дар Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Русия, Арабистону Саудӣ, Қазоқистон, Афғонистон ва ҳам дохили Тоҷикистон сабт шудааст.

Солиева: 15 қурбонии қочоқи инсон дар паноҳгоҳи Душанбе кӯмак диданд

Саноат Солиева, раҳбари созмони “Фемида” аст. Ин созмон, ки ба қурбониҳои қочоқи инсон кӯмакҳо мекунад, ягонаи паноҳгоҳи вижаро барои ин гурӯҳи нафарон зери назар дорад. Маблағгузории паноҳгоҳро вазорати тандурустӣ ба ӯҳда гирифтааст. Солиева гуфт, “дар шаш моҳи соли 2019 дар ин муассиса 15 нафар кӯмак дарёфт карданд ва дар миёни онҳо аз ҷумла 6 мард ҳам буданд, ки дар Қазоқистон мавриди истисмори корӣ қарор гирифтанд”.

Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш баъди гузаштани марҳилаи кӯмаки равониву тиббӣ ва ҳуқуқӣ гурӯҳи духтарони қурбонии қочоқ ҳам ба хонаҳояшон баргардонида шуданд. Дар миёни онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам се зане аз Ветнам буданд. Солиева гуфт, чанд моҳ пеш мақомоти қудратии Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани гурӯҳи шаҳрвандони Ветнам хабар доданд, ки мавриди истисмори ҷинсии ҳамватанони худ қарор доштанд. Занони ҷабрдида ба ватан баргардонида шуданд.

Солиева мегӯяд, ки қурбониҳои қочоқи инсон баъди гузаштан аз марҳилаи офиятрасониву кӯмакҳои тиббиву ҳуқуқӣ ба касбу ҳунаромӯзӣ эҳтиёҷ доранд, то ки тавонанд бо касбу кори нав дар ватан ба зиндагии маъмулӣ рӯ оваранд ва дунболи кору машаққатҳои нав ба хориҷа нараванд. Ба саволи ин ки чаро бо вуҷуди боло рафтани иттилоърасонӣ дар заминаи хатарҳои қочоқи инсон боз ҳам чунин ҳодисаро кам намешавад, Солиева “камсаводиву ноогоҳии” худи шаҳрвандонро мушкили ҷиддӣ номид, ки бисёр нафаронро дар ҳолати заъиф ва тӯъмаи осони афроди ҷиноятпеша қарор медиҳад.

Ҷалби шаҳрвандон ба поккории роҳҳову боғҳо....

Гузориши Департаменди давлатӣ оид ба қочоқи инсон инчунин аз корҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ёдовар шудааст. Муаллифон менависанд, ки дар Тоҷикистон ҳукумат аз шаҳрвандон тақозо мекунд, ки бо корҳои ҷисмонии мисли поккории роҳҳо ва нигоҳубини боғҳо машғул шаванд. Инчунин муаллифон ба сарнавишти афроди бидуни шаҳрвандӣ ҳам муроҷиат карда мегӯянд, ки соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон 5006 нафарро ба ҳайси “шахси шаҳрвандиаш номуайян” сабтином карда ба онҳо дар баробари хориҷиҳо ҳақи ҳаракати озодро фароҳам овард. Дар баробари ин дар нисбати 10090 нафари бидуни шаҳрвандӣ тавонистанд шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG