Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ гуфт, духтарони тоҷикро Бангкок бурдаанд ва барои танфурӯшӣ


Дар Тоҷикистон як занеро бо гуноҳи қочоқи духтарон барои танфурӯшӣ дар Таиланд ба зиндон маҳкум кардаанд.

Замира Фурқатзода аз шаҳри Истаравшан барои он ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст, ки ба гуфтаи муфаттишон 3 зани тоҷикро ба Таиланд ва Туркия фиристода ва ба “ғуломи ҷинсӣ” табдил додааст.

Назари вакили дифои Замира Фурқатзода, ки моҳи апрел ба зиндон маҳкум шуд, маълум нест, ки ӯ иттиҳомро эътироф кардааст ва ё не. Аммо ба гуфтаи мақомот Замира Фурқатзодаи 24-сола дар умум 4 занро ба танфурӯшӣ ҷалб кардааст, вале ба маъмурони милиса муяссар шудааст, ки пеш аз фиристодани зани чаҳорум барои танфурӯшӣ ба хориҷ монеи сафари ӯ бишаванд.

Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “Парвандаи ба ғуломии шаҳвонӣ фурӯхтани занони тоҷикро раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва додситонӣ ошкор ва тадқиқ карданд.”

Ҳамсуҳбати мо афзуд, Замира Фурқатзодаро додгоҳи Истаравшан дар “савдои одамон” гунаҳкор донист ва ҷазои сахттарин барои ин ҷиноятро нисбат ба ӯ сазовор донист.

Муфаттишон дар додгоҳ гуфтаанд, Замира Фурқатзода бо се зани аз 20 то 30-сола дар Истравшан ва ноҳияи Зафарбод ошно шудааст ва ба онҳо кор бо музди баландро дар Таиланд, Ҳиндустон ва Туркия пешниҳод кардааст.

Барои 63 рӯз кор фиристоданд, аммо...

Бар асоси қонун, ошкор кардани ҳуввияти онҳое, ки истисмор шудаанд ва ё ба ғуломии ҷинсӣ афтодаанд, бе иҷозаи худашон манъ аст. Ба гуфтаи муфаттишон, ҷабрдидагон гуфтаанд, Фурқатзода ба онҳо корҳое ба мисли, пешхизмат, мураббия ва ё парастор дар Ҳинд, Таиланд ва Туркияро пешниҳод кардааст.

Ба нақли яке аз ин занон Фурқатзода, баъди ошноӣ барои онҳо санад дуруст карда ва билети ҳавопаймо харида ва барои кор ба муҳлати 63 рӯз ба Таиланд фиристодааст. Баробари вориди Таиланд шудан корфармо мегӯяд, ки ӯ қарздор аст ва бояд кор карда, пули билет ва харҷи таҳияи санадҳоро бидиҳад.

Аммо ӯро барои кор ба марказҳои дилхушӣ мебаранд ва маҷбур мекунанд, ки бо сайёҳони хориҷӣ ҳамхоба шавад. Аз байни се нафар ду занро бо айни шева дар Таиланд ва як нафари дигарро дар Туркия ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.

То замони нашри гузориш ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки бо наздикон ва ё вакили дифои Фурқатзода суҳбат кунад ва назари онҳоро дар бораи ин иттиҳомоти ҷиддӣ бипурсад.

Вале як нафар аз онҳое, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Фурқатзода иттиҳоми маҷбур кардан ба танфурушӣ дар хориҷро қабул надоштааст ва гуфтааст, ки “занон аз оғоз медонистанд, ки барои чӣ кор ба хориҷа мераванд ва бо розигии худ сафар карданд. “ Иттиҳомоте, ки ҷабрдидагон рад кардаанд.

Қочоқи занони тоҷик ба хориҷа барои танфурӯшӣ ҳодисаи нав нест, вале аз Тоҷикистон то ба Таиланди дурдаст дар Осиёи Ҷанубӣ бурдани онҳо бори аввал аст, ки ошкор мешавад.

Саноат Солиева
Саноат Солиева

Саноат Солиева роҳбари созмони ғайриҳукуматии “Фемида”, ки ба ҷабрдидагони одамфурӯшӣ кӯмак мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “То ҳол ҷалби занон ба танфурӯшӣ ба Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Русия ошкор шудааст.”

Таври маълум Таиланд, ки миллионҳо нафар барои саёҳат ба онҷо мераванд, аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки танфурӯшӣ дар онҷо ривоҷ ёфтааст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон барномаҳои хос барои мубориза бо қочоқи инсон қабул шудаанд ва комиссияи махсусе барои он кор мекунанд, аммо талошҳои кишварро дар ин самт нокофӣ медонанд.

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар соли 2017-уми 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти қочоқбарон афтодаанд, ё дар кишваре мисли ғулом истифода шудаанд. Дар миёни онҳое, ки қочоқ шудаанд, 64 зан, 12 мард ва 6 писару 4 духтари наврас будаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико, ки солона дар бораи муборизаи кишварҳои ҷаҳон бо истисмор ва қочоқи инсон гузориш нашр мекунад, соли гузашта гуфт, талошҳои Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин зуҳурот кофӣ нест.

Дар ин гузориш омадааст, “фасоди густурда ба интиқоли қочоқшудагон аз марзҳо мусоидат кардааст ва ҳукумат ҳам дар бораи мақомоти расмие, ки қочоқи инсон даст доштаанд, ҳеҷ гузориш надодааст.”

Дар гузориш омадааст, ки Тоҷикистон ҳамчунон манбаи қочоқи инсон ба кишварҳои арабӣ ва хориҷи наздик боқӣ мемонад. Мардони тоҷик дар сохтмонҳои Русия истисмор мешаванд ва занону кӯдаконро низ дар кишварҳои арабӣ, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон ва дар дохили худи кишвар ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд.

XS
SM
MD
LG