Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дунявиҳо таҳти фишори муҳофизакорон. Таблиғот мазҳабишавиро кам накард. ВИДЕО


Саҳни масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Саҳни масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Гулнисои 33-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳар рӯз то расидан ба ҷойи кор зери заррабини наздикон, ҳамсояҳо ва баъзе аз роҳгузарон қарор мегирад. Гоҳе ӯро барои домани кӯтоҳаш танқид мекунанд ва гоҳе дигар мехоҳанд, ки “мусулмони ҳақиқӣ” шавад.

Харита: Тоҷикистон дар ҷои намоён

Намешавад пурра инкор кард, ки дар Тоҷикистон ифротишавӣ вуҷуд надорад. Аммо аз лиҳози оморӣ муқоиса кунем, бо кишварҳои дигар камтар аст.
Рустам Азизӣ

Гулнисо дар Душанбе таваллуд шуда, беш аз сӣ сол боз дар пойтахт зиндагӣ дорад. “Дар аввал чунин маҷбуркунӣ набуд” - ба ёд овард ӯ рӯзи 30-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ гуфт, “ҳар кас тавре мехост, мегашт. Ҳоло баъзе афроди мазҳабӣ ё диндор кӯшиш мекунанд, ки дигарон ҳам мисли онҳо бошанд. Барои мисол, вақте моҳи Рамазон аст, аз тарси дигарон наметавонед, дар тарабхона ғизо хӯред. Ҳатман ё кофир мебароранд ё гапи дигар мегӯянд. Насиҳату даъват пинҳониву ошкор афзудааст.”

Назари сокинон дар инҷост:

"Атеистам, ғайбат намекунам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Гулнисо мегӯяд, чунин тағйирот дар рафтору гуфтори баъзе одамонро беш аз панҷ сол боз мушоҳида мекунад. Як харитаи интерактивии нашрияи “Телеграф” дар ду ҳафтаи қабл низ мушаххас кард, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар дар Тоҷикистон одамон худро мазҳабӣ мешуморанд.

"Натиҷа бо воқеияти Тоҷикистон наздик аст, аммо..."

Бар асоси ин харита, 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон гуфтаанд, ки мазҳабӣ ҳастанд. Масъулони нашрияи “Телеграф” гуфтанд, ин харита бар асоси назарсанҷии солҳои 2008, 2009 ва 2015-и Геллап, як созмони бонуфуз ва мавриди эътимод, таҳия гардидааст. Дар ин назарсанҷиҳо сокинон ба суоли “оё Шумо худро мазҳабӣ медонед?” посух гуфтаанд. Ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Қирғизистон (72 дарсад) ва Узбакистон (51 дарсад) мизони мазҳабӣ будани сокинон камтар будааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо рақами ирокардаи созмони Геллап мушкил надоранд. Чун, ба иттилои онҳо, натиҷаи пажуҳиш бо воқеияти Тоҷикистон наздик аст. Аммо Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, “солҳои ахир шеваи мазҳабишавии сокинон тағйир кардааст.”

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Ӯ афзуд, “намешавад пурра инкор кард, ки дар Тоҷикистон ифротишавӣ вуҷуд надорад. Аммо аз лиҳози оморӣ муқоиса кунем, бо кишварҳои дигар камтар аст. Аз рӯи таҳлилҳои мо, Интернет дар ҳоли ҳозир аз манбаъҳои аслии ифротишавист. Дар онҷо мубаллиғон бештар фаъоланд.”

"Агар Тоҷикистон мисли Узбакистон мекард..."

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз иқдоми гуногунеро барои ҷилавгирӣ аз мазҳабишавии ҷомеа рӯи даст гирифтаанд. Аз ҷумла, либоси миллиро тарғиб карда, ришдорону ҳиҷобпӯшонро зери назорат қарор доданд. Нуфузи рӯҳониёнро дар ҷомеа то ҳадде коҳиш доданд. Аммо ба бовари бархе аз сокинон, ин иқдом дар баъзе ҳолат натиҷаи баръакс медиҳад.

Ба қавли Мардихудо Муродов, сокини 67-солаи Ҳисор, меъёрҳои шариати ислом ҳамчунон ба зиндагии мардуми мусулмони кишвар омезиш ёфтааст, ки ҳукумат наметавонад онҳоро якбора аз миён барад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, онки панҷ вақт намоз мехонаду рӯза мегирад, як мазҳабии суннатист ва ҷои нигаронӣ надорад.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ

Ба бовари таҳлилгарони тоҷик, дар Тоҷикистон аз соли 1990 то 2008 як раванди мазҳабишавии ҷомеа мушоҳида мешуд ва ҳоло ин раванд то ҷое кунд шудааст.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, раиси Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “шиори нони муаллимро хӯрдан ҳаром, ҷанозаи омӯзгорро хондан ҳаром ё коммунист кофир аст дар солҳои навадум дар ҷомеаи Тоҷикистон фазо сохт ва заминаи асосии тафаккури радикализмро фароҳам кард. Агар Тоҷикистон ҳамон замон мисли Узбакистон дар мубориза бо ин шиорҳо фаъол мешуд, албатта, ба ин гуфтумонҳои бемаънӣ рӯбарӯ намешуд”.

Кишвари мусулмонӣ, кишвари дунявӣ

Беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусулмон ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Мақомот дар солҳои ахир даҳҳо нафарро барои пайравӣ аз созмонҳои иротгаро ва террористӣ боздошт ва ба зиндон андохтаанд. Даҳҳо нафари дигар таҳти пайгарди байналмилалӣ ҳастанд. Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи мазҳабӣ танқид кардаанд. Аммо мақомоти расмӣ ҳамеша гуфтаанд, ки иқдомоти онҳо барои таъмини субот дар кишвар будааст, на чизи дигар.

XS
SM
MD
LG