Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди дипломати амрикоӣ аз вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон


Як дипломати амрикоӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз кори гурӯҳҳои динии, ба қавли ӯ, осоишта ва эҷоди баъзе маҳдудият дар пӯшиши мазҳабӣ ва манъи рафтани то ҳаждаҳсолаҳо ба масҷид интиқод кардааст. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, рӯзи 16-уми январ дар як паёми расмӣ гуфт, «ин иқдом боис ба нигаронист».

Изҳороти Кевин Коверт дар рӯзи озодии дин, ки ҳар сол 16-уми январ дар Амрико таҷлил мешавад, нашр шуд. Мақомоти тоҷик то ба ҳол ба паёми кордори сафорати Амрико посухе надоданд.

Аммо дар оғози моҳи январи имсол дар вокуниш ба гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ, ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои «мавриди нигаронии хос» ворид карда буд, ҷавоб дода, онро бе асос номиданд. Аз ҷумла, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзиму анъана ва маросими миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ин гузориш бар пояи ахбори расонаҳо таҳия шудааст ва аз воқеият дур мебошад.»

Кевин Коверт мегӯяд, Тоҷикистон талош кардааст худро аз гузаштаи начандон дур дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки фишор болои диндорон зиёд буд, канор бикашад, аммо зоҳиран натавонистаст пурра раҳо гардад. «Тоҷикистон марҳилаи гузаришро пушти сар мекунад. Чуноне ёд дорем, дар замони Шӯравӣ эҳтиром ба озодии виҷдон дар бисёре аз соҳаҳои муҳими ҳаёт вуҷуд надошт ва атеизми давлатӣ ҳамчун ақидаи расмии давлат талқин мешуд. Шахсоне, ки ба таври дигар эътиқод ва андеша доштанд, ба фишору маҳдудиятҳо дучор мешуданд», - афзудааст ӯ.

Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, онҳо инчунин аз ифротгароёни динӣ нигарон ҳастанд, ки ба қавли ӯ “дигаронро маҷбур мекунанд, то ба эътиқоди динии онҳо мувофиқат намоянд”.

Кевин Коверт мегӯяд, Амрико ба ин ақида пойбанд аст, ки “ҳифзи озодиҳои динӣ ба бунёди ҷомеаи боз ҳам босуботтар мусоидат менамояд”. Аз ин рӯ, гуфтааст, “дар оянда бо ҳамаи ҳамкорон дар Тоҷикистон ва саросари ҷаҳон баҳри таҳкими ҳифзи озодии дину ақоид барои ҳамаи мардум ҳамкориро идома хоҳем дод. Мо умедворем, ки кӯшишҳои мо ва кӯшишҳои онҳое, ки ба ин ибтикор муттаҳид ҳастанд, ба тавсеаи озодӣ барои мардум дар қаламрави Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.”

Бори аввал нест, ки мақомоти Амрико аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Қаблан Департаменти давлатии Амрико изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ нозири тамоми ҳаёти мазҳабии мардум аст ва Шӯрои уламои Маркази исломӣ танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар боқӣ мемонад. Бо инки қонунҳои Тоҷикистон динро аз давлат ҷудо медонад, фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ дар ин кишвар манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG