Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз муноқишаи маргбор. ВИДЕО


Баъд аз ду ҳафтаи муноқишаи маргбор дар байни ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, мақомоти ду тараф пулеро ба истифода доданд, ки равуои сокинони наздимарзиро осон мекунад. Ин пул ду сол пеш вайрон шуда буд.

Дар муноқишаи шаби 16-уми сентябр се сарбозу афсари Тоҷикистон ва як марзбони Қирғизистон кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ якдигарро муттаҳам карданд, аммо ҳанӯз натиҷаи таҳқиқи расмии ҳодиса маълум нест.

Ҳоло ду тараф пули навро "Дӯстӣ" ном гузоштанд, то ба гуфтаи мақомот, "мояи субот дар марз бошад, на низоъву хунрезӣ." Дар ду канори ин пул гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукии "Овчӣ Қалъача"-и Тоҷикистон ва "Қулунди"-и Қирғизистон ҷойгир аст.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Пули нав баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Дар маросими ба истифода додани пул раисони вилоятҳои Суғду Бодканд иштирок карданд. Раҷаббой Аҳмазода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми ба истифода додани пул гуфт, он метавонад ба густариши равобити сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳамин тавр ду кишвар мусоидат кунад.

"Бовар дорам, ин пул рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамкориву ҳамсоядории хуб миёни Тоҷикистону Қирғизистон мешавад", -- афзуд ӯ.

Акрам Мадумаров, раиси вилояти Бодканд, бо изҳори таассуф аз муноқишаи ахир дар марз гуфт, "то замони ҳал шудани масъалаи таъйину аломатгузории марз бояд аз ҳамагуна низоъ дар сарҳад пешгирӣ шавад. Пул ду кишвари бузургро ба ҳам мепайвандад. Медонем, ки тоҷикону қирғизҳо мардуми қадимтарини дунё ҳастанд ва Худованд хостааст, дар канори ҳам зиндагӣ кунем."

Пуле, ки ҳоло ба истифода дода шуд, 12 метр дарозӣ дорад ва ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистонро бо деҳаи "Интернатсионал"-и Бодканд мепайвандад.

Пештар аз ин роҳ мардуми ду минтақа аксаран барои тиҷорат истифода мекарданд. Вале дар соли 2017 пул хароб ва ҳаракати мошинҳо дар он манъ шуд. Пиёдагардон ҳам бо мушкили зиёд аз ин пули валангор мегузаштанд.

Барои таъмири пул, ки ба гуфтаи мақомот дар густариши дӯстии байни ду кишвар ва рафъи низоъҳо мусоидат мекунад, ҷониби Тоҷикистон 75 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз ҳафтуним ҳазор доллар, харҷ кардааст. Саҳми Қирғизистон низ барои бунёди пул баробар бо Тоҷикистон гуфта мешавад.

Баробари кушода шудани пул сокинони ду минтақа ба равуо оғоз кардаанд.

Хурсанд, сокини деҳаи "Интернатсионал"-и Қирғизистон, ки ба тиҷорат машғул аст, мегӯяд, маъмулан барои дӯконаш аз бозори Хуҷанд мавод меовард, вале тайи чанд соли ахир ин кор ба мушкилӣ барояш даст медод. "Акнун бе мушкил бо мошин аз Хуҷанд барои дӯконам бор меорам", -- гуфт ӯ.

Сокинони минтақаи наздимарзии Тоҷикистон ҳам аксаран барои хариди ангишти арзон ва тиҷорати он ба Бодканд мерафтаанд.

Ҷумъабой Дадобоев, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъача мегӯяд, сокинони ду минтақаи наздимарзиро ҳамчунин урфу одат ва робитаҳои наздики хешутаборӣ ба ҳам мепайвандад. "Орзу дорам, ки рафтуомадамон бардавом шавад. Дар он тарафи марз онҳое ҳастанд, ки аз Овчӣ Қалъача арӯс бурдаанд. Аз он тараф ба ҷои мо арӯс овардаанд. Худо кунад, ки оянда равуо беҳтар шавад", -- гуфт ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Баҳсу гуфтугӯ сари минтақаҳои боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG