Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. САДО


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон чанд шаҳрванди кишвар маҷрӯҳ шудааст. Қирғизистон гуфт, як сарбозаш аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд, вале гуфтанд, тирандозӣ хотима ёфтааст ва ду тараф барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани муноқиша талош доранд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон шаби 16-уми сентябр телефонӣ вазъ дар марзро баррасӣ кардаанд. Тарафи Тоҷикистон ҳанӯз ҷузъиёти суҳбатро ошкор накардааст. Вазири умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, дар натиҷаи тирпарронӣ як афсари нерӯҳои марзбонии ин кишвар кушта ва ду афсари дигар маҷруҳ шудаанд. Ба иттилои Чингиз Айдарбеков як посгоҳи марзӣ ва хонаи як шаҳрванди Қирғизистон ҳам вайрон гардидааст.

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шоми 16-уми сентябр бо нашри як баёния гуфт, "Қирғизистон бар хилофи созишҳои пешина дар майдони варзишии маҳаллаи Баҳор ба сохтмони иншооти номаълуме шуруъ кард" ва сокинони ин маҳалла дар ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз онҳо хостанд, ки корро қатъ кунанд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар навбати худ ҷониби Тоҷикистонро ба шурӯи корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои баҳсӣ муттаҳам кардааст. Мақомоти он кишвар гуфтаанд, "дар ҷавоб шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳамин қитъа ба сохтмони девор сар карданд."

Дар баёнияи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кард, омадааст: "Ҷониби Қирғизистон хилофи созишномаҳои дуҷониба амал карда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар кард."

Дар баёния нерӯҳои Қирғизистонро ба иғвогарӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, дар натиҷаи тирандозии онҳо ба самти сокинони маҳаллаи Баҳор якчанд нафар шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудаанд.

Дар баёнияе, ки Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон шоми 16-уми сентябр нашр кард, ҷониби Тоҷикистон ба сар задани ҳодиса муттаҳам шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, марзбонони тоҷик бо дуруштӣ бо сокинони деҳаи Мақсад рафтор кардаанд ва ба самти марзбонони қирғиз тир андохта, якеро куштаанд.

Дар баёния омадааст, ки мақомоти расмии ду тараф дар маҳалли ҳодиса қарор доранд ва барои ба эътидол овардани вазъ, бо аҳолӣ сӯҳбат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса соати 6:30-и бегоҳи 16-уми сентябр дар паҳлӯи як варзишгоҳи ҷанҷолӣ рух додааст.

Ӯ афзуд: "Баҳс баъд аз он сар шуд, ки рӯзи душанбе ҷониби Қирғизистон дар паҳлӯи ин варзишгоҳ шағал холӣ кард. Мардуми мо норизоӣ карданд. Баҳс хомӯш шуда буд, вале баъд аз бист дақиқаи он садои тирпарронӣ шунида шуд. Мошини "Ёрии таъҷилӣ" 12 нафарро ба бемористон бурд. Шумораи умумии маҷруҳон маълум нест. Торикӣ аст, чизеро дидан намешавад."

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси Овчӣ-Қалъача дар бораи тирпарронӣ дар марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00
Линки мустақим

Абдумалик Қодиров, як масъули Бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаби 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сарҳад ба беморхонаи онҳо як маҷруҳро оварданд. Ба гуфтаи Қодиров, чанд маҷруҳи дигар дар шифохонаи ҷамоати Овчӣ-Қалъача бистарӣ карда шудаанд.

"Маҷруҳе, ки дар беморхонаи мо аст, аз сараш тир хӯрда, беҳуш аст ва ҳолаташ вазнин арзёбӣ мешавад", -- гуфт Қодиров ва афзуд, ба онҳо таъкид шудааст, ки барои қабули маҷруҳони бештар омодагӣ дошта бошанд.

Пештар аз ин, дар интернет видеоҳое нашр шуд, ки муаллифонаш мегӯянд, дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон тирпарронӣ шудааст ва “мардум ба ҷойи амн мераванд”. Дар ин видеоҳо садои тирандозӣ шунида мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG