Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик аст, қирғиз аст, ҳама инсонем". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Бешак дар бораи ҷанҷолу кашмакаш ва хунрезӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар доред, ки рӯзи 22-уми июл сурат гирифт. Баҳси зиёд ва гоҳо оташин дар ин бора идома дорад ва бахше аз барномаи мост.

Пешниҳоду дархостҳои шумо аз вазирони тоҷик ҳам ҳаст. Видеои сегоникҳо аз Хатлонро ҳам диданӣ бошед, пас то 3 дақиқаи дигар бо мо бошед.

Корбари ношиносе дар вебсайти Радиои Озодӣ дар бораи моҷаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон навиштааст, ки ин як иғвои равшан аст, ки дар остонаи дидори раҳбарони ду кишвар сурат мегирад. Ба навиштаи ӯ, зоҳиран касе намехоҳад, ки масъалаи марз ба якборагӣ ва барои ҳамеша ҳал шавад. "Ҳам мо ва ҳам онҳо ба осонӣ ба иғво дода мешавем, вале муҳим, пайдо кардани иғвогарон аст".

Азбаски дар марз ба хусус дар Ворух даъвову ҷанҷол ва хунрезӣ борҳо такрор шудааст, як нафаре, ки худро Мард бош муаррифи кардааст, кинояомез дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "бародарон биёед пул ҷамъ кунем, симхор бихарем, ба ҳукумат диҳем, ки дар марз симхор кашад. Баъди ин ҳамааш нағз мешавад, то хатти марз муайян набошад, хунрезӣ идома меёбад"

Корбари дигаре бо номи Ҳақ ба хешованди омӯзгори тоҷик, ки дар муноқиша ҳалок шуд, изҳори тассалият карда ва чунин гуфтааст, "касе, набошад, тоҷик аст ё қирғиз ҳамаи мо инсонем. Бояд мисли инсон рафтор кунем, чун касе ҳақ надорад, як нафарро қатл кунад".

Озодӣ Онлайн: Тоҷик аст, қирғиз аст, ҳама инсонем.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Аз мавзӯъҳои доғ дигар як пурсиши Радиои Озодӣ дар Душанбе буд. Аз раҳгузарон пурсидем, ки чӣ пешниҳоде ба вазирон доранд. Баъди дидани Гулру дар саҳифаи мо дар "Инстаграм" навиштааст, "муроҷиат ба вазирони фоидае надорад, доди мардум то ба онҳо намерасад".

Рамазон навиштааст, ҳама тақрибан аз даромадан ба назди вазирон менолад. Ба гуфтаи ӯ, бо сарзамини тоҷиконро обод кунанд ва дӯсту сарҷамъ бошанд.

Рӯзафзун Боймахмадов дар "Фейсбук" аз вазирон хостааст, ки одилона рафтор кунанд. Ба қавли ӯ, касонеро, ки ба сабаби камбудӣ аз кор ронда шудаанд, баргардонда ба мақоми баланд таъйин накунанд.

Агар барномаро дидед, ба дӯстонатон ҳам бифристед, ки бехабар намонанд. Агар видео доред ва ё андешаатонро мехоҳед, бигӯед, Вайбер Вотсапп, Имо, Телеграмм, бо ҳар кадоме ки мехоҳед, бифристед.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG