Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард. ВИДЕО


Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, вуҷуди “нерӯи севум"-ро дар марз бо Қирғизистон тасдиқ намекунад. Вале Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, “онҷо гурӯҳҳои зиёде ҳастанд, ки дар ноором кардани марз манфиатдоранд”, ҳарчанд аз гурӯҳи мушаххасе ном набурд.

Дар муноқишаҳои ахири марзӣ, ки рӯзҳои 22 ва 23-юми июли имсол миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чандин нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 2-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар сатҳи расмӣ гуфта наметавонам, ки қувваҳои сеюм даст доранд ё не. Вале гурӯҳҳои зиёде манфиатдор ҳастанд, ки дар минтақа нооромӣ бошад. Лекин нисбат ба кишварҳои дигар инро гуфта наметавонам, чун чизи расмӣ надорем.”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро “бисёр печида” хонд.

Вай дар ҳоле ба гурӯҳҳои "манфиатҷӯ" дар низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ишора кард, ки як рӯз қабл Раҷаббой Аҳмазода, раиси вилояти Суғд низ муноқишаҳои ахирро дар марз бо Қирғизистон кори "гурӯҳҳои ғаразнок" номид. Вале ӯ ҳам кӣ будани онҳоро шарҳ надод.

Вазир мавҷудияти "нерӯи севум”-ро дар муноқишаҳои марзӣ тасдиқ накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сари ҳар чанд вақт сар мезананд ва аз ҳарду ҷониб куштаву захмӣ ба ҷой мегузоранд. Танҳо дар ду моҷарои ахир се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз даҳ нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва хунрезӣ кардаанд.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи ба музокироти марзӣ наздик мегӯянд, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбаи худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

XS
SM
MD
LG