Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои изофиро аз марз пас кашиданд. ВИДЕО, САДО


Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду ҷониб нерӯҳои худро аз марз пас кашидаанд. Шоми 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин сар зад, ки чаҳор қурбонӣ дошт. Дар ин ҳодиса се марзбони тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, музокироти ҳайатҳои ду кишвар соати 8-и бегоҳи 18-уми сентябр ба поён расид ва баъди он нерӯҳои изофӣ аз марз рафтанд.

Одинаев мегӯяд, вазъ дар минтақаи низоъ муътадил аст ва сокиноне, ки дар рӯзи ҳодиса рафта буданд, дубора ба хонаҳояшон баргаштанд.

Масъулони дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам ба телевизиони "Настоящее время" гуфтаанд, нерӯҳои изофӣ аз марз пас кашида шуданд.

Берун кашидани нерӯҳои изофӣ аз марз аз ду тавофуқи аслии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст. Бар асоси тавофуқи пешакӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр ба даст омад, ду ҷониб муваззаф буданд нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҷангиро аз минтақаи марзӣ берун баранд.

Инчунин бар асоси тавофуқ Қирғизистон дидбонгоҳи назоратии худро вайрон мекунад ва Тоҷикистон аз бунёди дидбонгоҳ даст мекашад.

Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик ва як афсари қирғиз ҳалок шуда, аз ду тараф чанд нафар маҷруҳ шуд. Ду тараф якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳоро аз марз берун бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00
Линки мустақим

Тоҷикистону Қирғизистон дар низои ахир якдигарро дар корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда муттаҳам карданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни ду кишвар дар минтақаҳое, ки хатти марз муайян нашудааст, корҳои сохтмонӣ манъ аст.

Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷониби ҳамдигар дар ин бора нотаи эътирозӣ супурданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотаи худ гуфт, "ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса 250-300 низомиро интиқол додааст, ки онҳо ба муқобили сокинони мулкии деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда ва маҷбур сохтаанд, ки сарҳадбонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти аҳолӣ оташи ҷавобӣ кушоянд."

Аммо дар нотаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки "нахустин шуда, марзбонони тоҷик постгоҳҳои марзии "Мақсад" ва "Сой"-и Қирғизистонро тирборон карданд."

Ду рӯз пеш Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, муноқишаи маргбор дар сарҳад бо Қирғизистон таҳқиқ мешавад. Маълум нест, ки оё аввалин натиҷаҳои таҳқиқ ба даст омадаанд ё не.

XS
SM
MD
LG