Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Душанбеву Бишкек буҳрони марзиро ҳал карда наметавонанд?


Раисони порлумони Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд. Дафтари матбуотии порлумони Қирғизистон хабар додааст, ки дидори Шукурҷон Зуҳуров ва Достон Ҷумъабеков рӯзи 24-уми сентябр дар доираи ҷаласаи чаҳоруми раисони порлумони кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд.

Дар иттилоияи Жокоргу Кенеш, порлумони Қирғизистон, гуфта мешавад, ҳарду ҷониб ба ин хулоса расидаанд, ки ба таври ҳуқуқӣ номнавис шудани марзҳои давлатӣ ба таъмини субот ва амният дар марзи ҳар ду давлат ва ҳамчунин тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Болонишинҳо мехоҳанд, аммо пойиниҳо наметавонанд

"Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар сиёсати ду кишвар ба унвони як кӯраи таниш ва гумонзаниҳои сиёсӣ мондааст", -- мегӯянд коршиносон.

Ҳанӯз аз замони дидори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мавриди баррасии масоили баҳси марзӣ дар сатҳи баланд ду моҳ нагузашта, низоъ бо нерӯи нав авҷ гирифт. Дидор ба ҳамон андоза, ки деринтизор буд, ба ҳамон андоза бидуни натиҷа воқеъ шуд.

Ин бор марҳилаи фаъоли мухолифат бо ҳузури низомиёни ду давлат дар ҳудуди ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шоми 16-уми сентябр сурат гирифт. Дар натиҷаи ин задухӯрд се низомии тоҷик ва як марзбони қирғиз кушта шуданд. Ба ҷуз ин аз ҷониби Тоҷикистон 12 низомии дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва ҳамчунин занону ду кӯдаки дигар ҳам захмӣ шуданд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар навбати худ аз захмӣ шудани 13 нафар хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон нахустин шуда дар ин бора вокуниш кард ва омили низоъро корҳои сохтмоние номид, ки ҷониби Тоҷикистон дар қитъаи Жака-Оруқ (Тор-Кочо)-и ноҳияи Бодканд ва мавзеи "Майдони футбол"-и маҳаллаи Мақсади ноҳияи Лайлак номид.

Ҳукумати расмии Тоҷикистон бо дермонӣ посух дод, вале ба навбати худ ҷониби Қирғизистонро ба барангехтани низоъ бо сохтани иншоот дар қитъаҳои баҳсӣ гунаҳкор намуд. Ҳарчанд, пештар Радиои Озодӣ бо такя ба ҳукумати шаҳри Исфара дар мавриди нигарониҳои шаҳрвандон аз ҳадафи ҷониби Қирғизистон барои сохтмони КПП ё дидбонгоҳи марзӣ дар ҳудудҳои баҳсии миёни Исфара ва Ворух навишта буд.

Дар пасманзари низоъ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 17-уми сентябр ба сафири Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супурд. Дар он низомиёни Тоҷикистон ба он гунаҳкор мешуданд, ки нахуст шуда оташ кушодаанд ва постгоҳҳои "Мақсад"-у "Сой"-ро тирборон намудаанд.

Дар посух Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба кордори сафорати Қирғизистон дар Душанбе нота супурд ва ин кишварро ба вайрон кардани тавофуқи пештар ҳосилшуда, ҷалби низомиён ба баҳс ва истифода аз силоҳи оташфишон бар алайҳи сокинони маҳаллаи Баҳори Тоҷикистон муттаҳам кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишта буд, бар асари он низомиёни тоҷик маҷбур шудаанд чораҳои ҷавобӣ биандешанд.

Як қадам ба пешу ду қадам ба қафо

Натиҷаи музокироти рӯзҳои 17-18-уми сентябр дар сатҳи нахуствазирони ду кишвар гузашт, ин шуд, ки аз марзи ҳар ду кишвар техникаи низомӣ ва нерӯҳои иловагӣ пас кашида мешаванд ва сохтмони иншоот дар қитъаҳои мушаххасношуда боз дошта мешавад. Ба ҷуз ин, ҷониби Қирғизистон уҳдадор шудааст, ки бурҷи низомии сохтаашро вайрон бикунад ва ҷониби Тоҷикистон аз бунёди он худдорӣ намояд.

Ба ин тартиб тамоми талоши ҳайатҳои сатҳи баланд, амалан ба ҳифзи вазъи мавҷуд дар қаламравҳои наздимарзӣ равона шуда буд. Ҳамчунин мисле ки баъд аз дидори сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо дар мавқеияте қарор нагирифтанд, то кафолат бидиҳанд, ки буҳрон дар марз дигарбора хуруҷ накунад.

Бархе аз коршиносон бо таъкид ба ғайримуассир будани ин гуна рӯйкардҳо дар мавриди зарурати ҳалли масъала дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ сухан ба миён мегузоранд.

"Як бозигари бетараф зарур аст"

Коршиноси қирғиз Токтогул Кекчекеев сабаби аслии низоъҳои бархостаро натиҷаи ба дарозо кашидани масъалаи таъйин ва аломатгузории марз медонад, ки ба гуфтаи вай бар асари ноуҳдабароии масъулон иттифоқ меуфтанд. "Мо дар як ҷаҳони чандқутбӣ зиндагӣ мекунем ва узви СММ, ИДМ, СПАД ва САҲА ҳастем. Ҳамаи онҳо дорои механизмҳои бартараф кардани хушунатанд ва агар мо ин корро наметавонем, зарур аст, онҳоро ҷалб кунем", -- мегӯяд Кекчекеев.

Ба гуфтаи вай, аз ҳама муассиртар ин аст, агар онро бо ёрии Маскав ҳал кунем, зеро он ҷо бисёре аз асноди замони тақсимоти марзӣ ҳифз шудаанд ва инро бояд доираи таъсиси як кумисиюн дар СҲШ ё СПАД анҷом дод.

"Рӯйкарди ягона ё довари муштарак"

Ин нуқтаи назарро коршиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки Русия ба унвони меросбари ИҶШС асноди лозимро дар бойгониҳои худ дорад ва метавонад нақши мусбате дар ин замина бибозад.

Коршинос омили асосии ба тавофуқ нарасидани ҳар ду ҷонибро дар набуди маҳакҳои муштараки муайян кардани ҳудудҳои баҳсӣ медонад. Ба гуфтаи вай, ҳар ду ҷониб иддаои асосноке доранд. Аз Тоҷикистон аз нуқтаи назари мансубияти таърихӣ ва аз Қирғизистон аз диди воқеиятҳои имрӯзӣ.

"Иродаи сиёсии ду тараф вуҷуд дорад, сарони давлатҳо ҳам сулҳу оромиро мехоҳанд. Бояд ба дарки моҳияти ҳаводис расид. Онҳо пеш аз ҳама ба далели мавзуъҳои содае чун иртибототи нақлиётӣ, мақоми заминҳои баҳсии дар гардиши озодбуда сар мезананд. Тарафҳо дар ин авохир равобити иқтисодӣ дар нуқтаҳои наздимарзиро хеле танг кардаанд, бозор ва роҳҳои наздимарзиро мебанданд. Аз ин рӯ, мардум ба ҷойи иттифоқ аз ҳам фосила мегиранд", -- мегӯяд Мирсаидов.

Ӯ таъкид мекунад, ҷонибҳоро зарур аст, ки дар навбати аввал бояд фазои бадбинӣ ва нобовариро тағйир диҳанд, ки метавон ба он тавассути тиҷорат ва ҳамкорӣ даст ёфт.

Бозигарони берунӣ чашм мепӯшанд

Бозии футбол баъд аз низои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бозии футбол баъд аз низои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аз оғози имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 12 мавриди бархӯрд иттифоқ уфтодааст, ки ҳар бор аз ҳисоби мардум қурбонӣ доштааст. Вале на Русия, на дигар созмонҳои дастаҷамъие, ки Тоҷикистону Қирғизистон узвияти онҳоро доранд ба ин низоъ алоқамандии лозиме нишон надодаанд. Дар ҳар сурат ба таври ошкоро мавзеъгире накардаанд.

Коршиноси рус дар умури Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, СПАД ваколат барои ҳалли низоъ миёни аъзои паймонро надорад, вале бо дар назар гирифтани хатари масъала бояд чораҳои мушаххасе андешида шавад.

Ба гуфтаи Дубнов, "муносиб аст, то масъалаи даъвати кадом як ҷаласаи изтирории СПАД матраҳ шавад, ки дар он мавзуъ ба таври ҷиддӣ дар миён гузошта шавад: агар ин сарони давлатҳо қобилияти иҷроӣ кардани ин гуна қарорҳои сиёсиро надоранд, пас, бояд бархе иқдомот барои иҷрои ин қарорҳо ироа шаванд".

Ҳузури Русия ва ё Чин ба унвони миёнҷӣ метавонад ин бадгумониҳоро эҷод кунад, ки ба чунин кишвар иҷоза дода мешавад, ки бо истифода аз мақоми пешниҳодшуда дар сатҳи равобити дуҷониба дасткорӣ кунад.

Рӯйкардҳои ғайристандартӣ

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов зимни шарҳи қазияи чанде пеш дар марз рухдода, таъкид намуд, ки барои ҳалли масъала рӯйкардҳои ғайристандартӣ зарур аст.

"Тамоми рӯйкардҳои стандартӣ ҳалли масъаларо ба нафъи ин ё он давлат пешбинӣ мекунанд. Дар ин гуна вазъ, мумкин аст механизмҳои истифодаи замин барои ҳар ду ҷониб коркард шавад, аммо мақоми онҳо номушаххас боқӣ бимонад", --пешниҳод кард коршинос.

Барои ҳалли муассири масъала коршинос он замон пешниҳод карда буд, ки ҳайати комиссияҳо аз ҳисоби ҷалби коршиносони ҳар ду кишвар ва намояндаҳои доираҳои маҳал васеъ карда шавад ва дар ин ҳудудҳо минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис шаванд ба сокинони маҳаллӣ мақоми душаҳрвандӣ дода шавад.

Коршинос дар умури марзҳо аз Қирғизистон Саломат Аломанов дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар мавриди ду интихоби ҳалли ин мушкил гуфтааст: баҳогузории заминҳо ва мубодилаи баробарарзиши онҳо ё тақсими баробари қитъаҳое, ки сари онҳо тавофуқ ҳосил намешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар баҳсҳои марзӣ танҳо ин ду гузина метавонанд натиҷаи лозимро ба бор биоваранд.

Саросемагӣ қазияро ҳал намекунад

Ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи ҳар ду кишвар бо ҳар даргирии маҳаллӣ тақозо барои ҳалли зуди мушкилоти марзӣ шадидтар мешаванд. Алфози ваҳшиёнае ҳам кам садо намедиҳанд, ки ба ҳалли низомии мушкил ба фоидаи як тарафи низоъ даъват мекунанд. Тавре мудири шарикии Оҷонси байналмилалии мудирияти низоъҳо "Egalite International" Татяна Виговская-Каменко мегӯяд, саросемавор ҳал кардани ин гуна масоил ҳомили низоъҳои дохилист.

"Мутаассифона, дар баҳсҳои марзӣ мардум ҳамеша норозиянд. Ин ҷо мушкили ба истилоҳ дугонагии низоъ – дар замони осоишта вуҷуд дорад, ки мардум аз ҳама гуна ҳалли баҳсҳои марзӣ норизо хоҳанд буд, аммо дар шароити ҷанг онҳо ҳама гуна тасмимеро, ки ба сулҳ меоварад, мепазиранд", -- таъкид кард коршинос.

Ба ҳар ҳол норизоятии дохилӣ ҳоло аз сӯйи шаҳрвандони ҳар ду давлат, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Агар ҷониби Қирғизистон аз "беҷуръатии мақомоти худ норозӣ буданд, пас ҷониби Тоҷикистон мақомотро барои набуди иттилои расмӣ интиқод менамуданд.

Корбарон ба хашм омада буданд, ки расонаҳои Қирғизистон ба таври ошкоро ҳодисаро аз макони бархӯрд инъикос менамуданд, ҷаласаи бо ҳузури президентро нишон медоданд ва инро ба намоиш гузоштанд, ки чӣ гуна президент дар беморхона аз ҳоли маҷруҳон хабар гирифт ва сарвазир дар маросими дафни низомии кушташуда ширкат кард. Дар ҳоле ки Оҷонси иттилоотии миллӣ "Ховар" бо дермонӣ изҳороти расмии нерӯҳои марзбониро нашр намуд ва телевизионҳои давлатӣ аз инъикоси он худдорӣ карданд.

Раҳбарияти ҳар ду кишвар ба тамоми маъно хавфи низои дохилиро дарк мекунанд. Агар дар Қирғизистон бо дар назардошти гузаштаи таърихи он (ду инқилоб) ин фаҳмиш ба таври ошкоро дар муносибати ҳукумат бо мардум изҳор карда шавад, пас дар Тоҷикистон бо доштани ин гуна пешинаи таърихӣ (ҷанги шаҳрвандӣ) эҳтимоли зиёд аст, ки як рӯйкарди бастатар ва пушти парда сурат бигирад.

Оё ба ҳукуматҳо даст медиҳад, ки мушкилоти марзро бо такя ба афкори омма, ки ба таври решаӣ дар ҳар ду кишвар мухолифи ҳаманд ҳал кунанд ва ё "пушти дарҳои баста" ба тавофуқ мерасанд? Пешбинӣ кардан хеле мушкил аст.

Аммо аксари коршиносон бар инанд, ки ҳукуматҳо бояд ба таври мустақил ва ё бо ёрии тарафи сеюм буҳрон дар марзро танзим кунанд. Дар ғайри сурат, низои дохилӣ ва ҳатто низои васеи берунӣ барои онҳо аз эҳтимол дур нахоҳад буд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG