Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи Азим Иброҳим дар бораи тирандозӣ ва решаи муноқишаҳои марзӣ. САДО


Азим Иброҳим

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва масъули гуфтушуниди баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон, мегӯяд, таҳқиқи тирандозии маргбор дар сарҳад оғоз шудааст.

Дар ин муноқишаи шаби 16-уи сентябр дар байни ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ду тараф чаҳор нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Ҳоло як ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса аст. Азим Иброҳим рӯзи 17-уми сентябр ба чанд суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи баҳсҳои марзӣ ва решаҳои муноқишаи мусаллаҳона посух дод.

Радиои Озодӣ: Пас аз ҳодисаи шаби гузашта вазъ дар марз чӣ гуна аст?

Азим Иброҳим: "Вазъият нисбатан ором аст. Ягон ҷанҷол нест. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки оромӣ бошад. Ҳеҷ кас намехоҳад, мардум маҷруҳ шавад ё фавтад. Ҳамаи кӯшишҳо ба он аст, ки вазъият ором шавад ва мардум ба ҳаёти осоишта баргарданд."

Радиои Озодӣ: Дар ин муддат бо мақомоти Қирғизистон ҳам суҳбате шуд ё на?

Азим Иброҳим: "То ин дам телефонӣ сӯҳбат шудааст. Нахуствазири Тоҷикистон бо сарвазири Қирғизистон сӯҳбат кард. Акнун як суҳбати бевосита бояд шавад. Он ҷо масъалаҳо баррасӣ мешаванд."

Азим Иброҳим дар бораи муноқишаҳои марзӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон сафири Тоҷикистонро даъват кард. Дар хабари расмии ин ниҳод ҷониби Тоҷикистон ба нақзи созишномаҳо ва оғоз кардани муноқиша гунаҳкор карда мешавад. Назари шумо ба ин изҳорот чӣ ҳаст ва аслан решаи муноқиша аз куҷо об мехӯрад?

Азим Иброҳим: "Масъала ниҳоят решаи кӯҳна дорад. Ин баҳси яксола ё дусола нест. Даҳсолаҳо ҳаст. Баъзан дар расонаҳо маълумоте чоп мешаванд, ки воқеиятро бозгӯ намекунанд. Ин масъала бисёр ҳассос аст. Баъзе ҷузъиётро шарҳ додан намехоҳам. Бо маълумоти сарсарӣ ва нашри назари одамоне, ки маълумоти пурра надоранд, нашри мавод дар ин мавзуъ ба манфиати кор нест. Манзури ман нашри ҳуҷҷату аксу наворҳо ҳаст. Лекин муҳим барои мо ҳамин аст, ки мардум тинҷу осоишта дар сарҳад бошанд, бо ҳам равуо кунанд, дӯст бошанд. Ҳамон гуна, ки пештар буд. Масъалаҳо ҳалшаванда ҳастанд, аммо вақтро талаб мекунанд, муҳокимаро талаб мекунанд. Мутаассифона, музокираҳо тӯл мекашанд, вале як қисм мондааст. Қисми зиёди онҳо дар умум ҳалли худро пайдо кардааст. Барои мо муҳим аст, ки на танҳо касе талаф наёбад, балки ҷароҳат набардорад."

Радиои Озодӣ: Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби гузашта се афсару сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шуданд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки як марзбони онҳо ҳалок шуд. Оё ҳодиса таҳқиқ мешавад?

Радиои Озодӣ: "Ҳоло маълум нест, ки онҳо аз ҷониби кӣ ва бо чӣ гуна силоҳ кушта шудаанд. Таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст. Ин кор аз кадом тарафе шудааст, бад аст, чун инсон кушта шуд. Аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаҳои кушташуда таъзия расонда шуд. Баъзе кумакҳо низ расонда шуд. Барои мо муҳим буд, ки инсонҳо кушта намешуданд ва зинда мемонданд. Мутаассифона, ки чунин шудааст."

Радиои Озодӣ: Дар муноқишаҳои марзии моҳҳои гузашта низ чанд нафар ҷон бохтанд. Он замон шумо гуфта будед, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Пас аз ҳар ҳодиса чунин изҳорот садо медиҳад...

Азим Иброҳим: "Гап сари он меравад, ки бояд аз ҳарду ҷониб хоҳиши таҳқиқи ҳамон масъалаҳо воқеӣ бошад. Ин хеле муҳим аст. Бояд аз ҳарду тараф талош шавад, ки афроди ҷинояткор тибқи қонунҳои кишвари худашон ҷазо бигиранд. Ҳозир байни сохторҳои қудратӣ корбарӣ мешавад. Мо умед дорем, ки бояд ҷинояткорон ҳатман ҷазо бигиранд. Ҷазо нагирифтан сабаби як ҷинояти дигар кардан мешавад. Мо бисёр мехоҳем, ки сохторҳои ду кишвар дар ҳамин масъала мавқеи якхела дошта бошанд."

Шарҳҳоро бинед (23)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG