Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози як осебдидаи сел дар Рашт бо даҳ рӯзи ҳабс анҷом ёфт. САДО


Маркази ноҳияи Рашт. Акс аз бойгонӣ

Як осебдидаи сел дар ноҳияи Рашт барои эътироз ба амалкарди мақомоти ноҳия, ки ба гуфтаи ӯ ба кумакашон нарасиданд, аммо ба риштарошиву ҳиҷобгирӣ пулу фурсат доранд, даҳ рӯз ба ҳабс маҳкум шудааст.

Мардум дар масҷидҳо пул месупорад ва дар ҳар иду ҷашн аз мардум пул ҷамъ оварда мешавад, вале чаро дар рӯзе, ки хонаҳои сокинон хароб шудааст, мақомоти ноҳия чораҷӯӣ намекунад?"

Ҳикматулло Мардонхоҷаев рӯзи 25-уми июл, баъди адои давраи ҷазо, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё ИВС-и идораи умури дохили ноҳияи Рашт берун шуд, вале нахост дар бораи қазияаш муфассал суҳбат кунад. Мардонхоҷаев 30-сола ва муваққатан бекор аст.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Рашт рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳикматулло Мардонхоҷаев бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне “майдаавбошӣ” гунаҳкор дониста шуд. Ин модда муҷозот ба андозаи то 500 сомонӣ ҷарима ё аз панҷ то понздаҳ рӯзи ҳабсро дар назар дорад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим

Намояндаи додгоҳ ҳозир нашуд, ҷузъиёти “майдаавбошӣ”-и Ҳикматулло Мардонхоҷаевро шарҳ диҳад. Аммо дар қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гуфта шудааст, майдаавбошӣ аз "дашном додан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дарафтодан ба одамон ба таври таҳқиромез ва содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад" иборат аст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Ҳикматулло Мардонхоҷаев, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Ғарм, баъди як ҷамъомади расмӣ дар заминаи рафъи оқибати сел дар маркази ноҳия боздошт шуд. Ин ҷамъомад рӯзи 13-уми июли имсол дар назди масҷиди маъруф ба “Кирпичний”, воқеъ дар маркази ноҳияи Рашт, баргузор гардидааст.

Саидаброр, яке аз пайвандони Ҳикматулло Мардонхуҷаев, гуфт, ҳама интизор буданд, ки намояндагони мақомоти ноҳия масъалаи кумак ба осебдидагонро баррасӣ мекунанд, "вале онҳо ҳеҷ иқдом накарданд ва ба суоли мардуми зарардида низ ҷавоби мушаххас надоданд.” Ба қавли Саидаброр, зоҳиран ҳамин бетаваҷҷуҳии мақомот нисбат ба сарнавишти осебдидаҳо Ҳикматуллоро, ки яке аз зарардидагон буд, ба хашм овард ва ӯ норозигиаш аз мақомотро баён дошт.

Саидаброр мегӯяд, дар ин ҷамъомад Ҳикматулло Мардонхӯҷаев аз намояндагони мақомоти ноҳия гила кардааст, ки “дар масҷидҳо мардум пул месупорад ва дар ҳар иду ҷашнҳо аз мардум пул ҷамъ оварда мешавад, вале чаро дар рӯзе, ки хонаҳои мардум хароб шудааст, мақомоти ноҳия чораҷӯӣ намекунад”.

Муъминшо Қаюмов, раиси ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мардонхӯҷаев дар ҳодисаи тақрибан ду ҳафтаи пеш “каме нофаҳмӣ кард ва аз кардаи худ пушаймон аст”.

Ӯ афзуд, “ҷазои худро гирифт ва даҳ рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуд. Дар баёноташ ҳам изҳори пушаймонӣ кардааст. Мардонхоҷаев дар назди мардум гуфт, ки дар чунин ҳолатҳои фавқулода бояд трактор оварда шавад ва хонаҳо аз лою гил тоза карда шавад... Аммо ба ҷои ин риши мардумро метарошанд, ҳиҷобро аз сари мардум мегиранд гуфт.”

Бархе аз сокинони маркази ноҳияи Рашт гуфтанд, бо гузашти 20 рӯз аз фаромадани сел ҳамроҳ бо гили сиёҳ ва тахриб шудани даҳҳо манзили зист, мақомоти ноҳия ҳеҷ иқдоми амалӣ накардаанд ва мардум бо дасти худ ҳавливу роҳравҳо ва гузаргоҳу дохили хонаҳоро аз лойи хушкшуда тоза доранд. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ дар ҳафтаи гузашта зикр кард, ки дар ноҳияи Рашт як корманд ва як техника (грейдер) ба рафъи паёмадҳои сел машғул аст.

Дар ҳукумати ноҳияи Рашт низ гуфтанд, ки ду рӯз пеш аз Роғун як булдозер ҳам оварда шуд.

Тайи тақрибан ду моҳи охир сел дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакенту Ашт, Дарвозу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин даҳҳо манзили сокинонро хароб карда, ба буҷаи хонаводаҳо ва ҳукумати маҳалҳо зиёни молӣ расонд. Дар ин сел чанд нафар низ ҷони худро аз даст доданд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG