Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ дар соли пурталотуми 2020 чӣ корҳо кард? ВИДЕО


LOOPI SOLNOMA

Пандемия ё ҳамагирии коронавирус масири Радиои Озодиро дар соли пурталотуми 2020 то андозае дигар кард. Масъалаи саломатии инсонҳо ба ҷойи аввал баромад.

Пас аз Чин яке паси дигар даҳҳо кишвари ҷаҳон сироят диданд. Олимон ҷузъиёти вируси навро шарҳ доданд. Чораҳои эҳтиётӣ эълон шуд. Озодӣ аз аввалин расонаҳои тоҷикӣ буд, ки аз моҳи январ ин хабарҳоро ба мухлисонаш дар Тоҷикистон расонд. Ҳамзамон дар пайи таҳияи огоҳнома ва роликҳои тавсиядиҳанда шуд.

Барои ин Озодиро ба воҳимапароканӣ айбдор карданд. Мақомоти Тоҷикистон батакрор мегуфтанд, ки дар Тоҷикистон коронавирус нест. Намояндаи, инак, пешини Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сухани онҳоро тасдиқ мекард. Беморон ва фавтидагонро қурбонии "илтиҳоби шуш" меномиданд, аммо чораҳои эҳтиётии дафн шубҳабарангез буданд.

Рӯзи 5-уми апрели имсол Радиои Озодӣ аз марги як марди 60-сола ва карантин шудани бемористоне дар шимоли кишвар хабар дод. Рӯзи дигараш мақомоти тиббии кишвар дар Душанбе ва Хуҷанд бо баргузории нишастҳои хабарӣ, ҳарчанд ин хабарро рад накарданд, гуфтанд, он набояд ба коронавирус рабт дода шавад.

Гузоришро дар ин ҷо бинед:

Радиои Озодӣ имсол чиро тағйир дод?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:51 0:00

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ҳукуматӣ ҳамлаи бесобиқа ба Озодӣ роҳандозӣ шуд. Дар онҳо Радиои Озодӣ ба иғвогарӣ ва дурӯғпароканӣ айбдор мешуд, аммо мардум огоҳ шуданд ва даст ба чораҳои эҳтиётӣ заданд. Албатта, ба харидани шитобкоронаи ғизо низ даст заданд, ки хоси ҳамаи кишварҳои сироятдида буд. Афроде ҳам аз Озодӣ сипос гузоштанд. Гуфта шуд, ки шояд ҷони ҳазорон нафар эмин монд.

Ҳамагирии COVID-19 вазъи муҳоҷирон ва мусофирони тоҷикро дар Русия ва кишварҳои дигар сангин кард. Гузоришҳои Радиои Озодӣ имкон доданд, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон аз вазъи онҳо огоҳ шаванд ва чораҳои кумакро роҳандозӣ кунанд. Дар баъзе аз мавридҳо Озодӣ номаҳои мусофирони дармондаро ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва шумораҳои тамоси вазоратро ба онҳо расонд.

Бо мадади Бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз вазъи ҳазорон муҳоҷири дармонда дар марзи Қазоқистону Узбекистон хабар дода шуд ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират якҷо бо диаспораи тоҷикони Қазоқистон ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар бозгардони муҳоҷиронро ташкил намуд.

Дар баробари таваҷҷуҳи хос ба вазъи мардум дар аҳди коронавирус Радиои Озодӣ аз ҳаёти одамон ва оилаҳои осебпазир гузориш дод ва тавонист, кумаки хайрандешонро ба онҳо илҳом бахшад

Майдагул Шарипова ва Маҳмадӣ Шарипов ба танҳоӣ набераҳои маълули худро нигоҳубин мекунанд
Майдагул Шарипова ва Маҳмадӣ Шарипов ба танҳоӣ набераҳои маълули худро нигоҳубин мекунанд

Моҳи июл зиндагии сахти бобою бибӣ бо се набераи маълул аз ноҳияи Рӯдакӣ нашр шуд. Майдагул ва Маҳмадӣ Шарифовҳо шикоят карданд, ки мақомот маълулии кӯдаконро напазируфтанд ва ба онҳо кумаки иҷтимоӣ нарасонданд.

Пас аз ду моҳи нашри қисса хабарнигорони мо мушоҳида карданд, ки дар зиндагии ин оила тағйироти муҳим рух додааст. Даҳҳо шаҳрванди одӣ, раёсати Ориёнбонк ва пизишкон ба хонавода кумак карданд ва акнун натанҳо дар чеҳраи қаблан маҳзуни кӯдакон ханда пайдо шуд, балки сиҳатии онҳо ҳам то ҷое беҳбуд ёфт. Баъд аз пахши филми "Давлати пирӣ" даҳҳо нафари дигар ба мадади хонавода шитофтанд.

Маҳбуба Ғаниева ҳамроҳ бо фарзандонаш
Маҳбуба Ғаниева ҳамроҳ бо фарзандонаш

Нашри филми “Нони оҳанин” аз рӯзгори пурмашақати Маҳбуба Ғаниева яке аз дигар корҳои мондагори тими Радиои Озодӣ буд, ки вокуниши ҳазорон нафарро дар шабакаҳои Интернет ва ҷомеа ба миён овард. Филм аз саргузашти талхи зани 45-сола ва 3 фарзандаш қисса мекунад.

Маҳбуба пас аз марги шавҳар аз ҳаққи зист дар хонаи волидони шавҳараш маҳрум шудааст. Вай дар канори шаҳри Кӯлоб манзили нимсохтеро ба иҷора гирифта, бо ду духтари ноболиғаш бо ҷамъоварӣ ва фурӯши оҳанпора рӯз мегузаронд. Баъд аз як моҳи нашри филм хайрхоҳон ба онҳо хона хариданд.

Дар як матлабе дар Радиои Озодӣ дар ин сол аз тасмими тахриби қисме аз Хона-музейи Садриддин Айнӣ хабар дода шуд. Дере нагузашта баъд аз нашри хабари Озодӣ масъулони шаҳрдорӣ вокуниш карданд. Ҳамин тавр тасмими тахриб лағв шуд.

Ноҳияи Рӯдакӣ дар солҳои охир зуд-зуд бо тақсими ғайриқонунии замин ва заминфурушӣ хабарсоз мешавад. Моҳи ноябри имсол Радиои Озодӣ дар ин бора як матлаби таҳқиқӣ нашр кард.

Иттифоқан пас аз панҷ рӯзи нашри таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи тақсими нодурусти замин раиси ноҳия Рустам Акрамзода аз вазифа барканор шуд. Ӯ рӯзи барканорияш ба Радиои Озодӣ бо киноя чунин гуфт: "Раҳмат, раҳмат, мақолаҳоятон бисёр мақолаҳои хуб. Мақолаҳои сархӯр. Миннатдор барои кори кардаатон."

Радиои Озодӣ дар соли 2020 барандаи Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Дэйвид Бурк шуд, ки барои шараф, шуҷоат ва ҳунари касбӣ дода мешавад. Дар маросими тақдими ҷоиза гуфта шуд, ки Радиои Озодӣ пайрави меъёрҳои баланди журналистӣ, ҳақиқатнигорӣ, ошкоргӯӣ ва тавозун буда, суханаш таъсир дорад.

XS
SM
MD
LG