Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаноза ва дафни "ғайриодӣ"-и як додситон дар Душанбе


Намуди яке аз қабристонҳои Душанбе дар моҳи январ
Намуди яке аз қабристонҳои Душанбе дар моҳи январ

Фавти ногаҳонии яке аз кормандони ҷавони додситонии шаҳри Душанбе, ки ҳафтае пеш бемори бистарӣ шудааст, хешовандон ва дӯстони ӯро ҳайратзада кардааст. Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милиса дар додситонии шаҳри Душанбе субҳи 19-уми апрел фавтидааст ва ба гуфтаи яке аз хешовандонаш, ӯро ҳамин рӯз дар саҳни ҳавлӣ ҷаноза карда ва мустақим барои дафн ба оромгоҳ бурданд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки дар ҷаноза ширкат доштааст, гуфт: “Аз эҳтиёт касе рӯи тобутро боз накард. Тобутро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хона оварданд ва бо ҳамон то гӯристон бурданд.” Ба қавли яке аз онҳое, ки Ҷалолиддин Абдуҷабборзода дар бемористони “Истиқлол” дидааст, вазъи сиҳатии ӯ “якбора рӯзи 16-уми апрел бад шудааст.”

Яке аз кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ҳафтае пеш бемор будааст ва ба ӯ гуфтаанд, ки “барои эҳтиёт дар карантин бошад” вале ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳеҷ гуна суҳбате дар бораи коронавирус набуд. Айни замон ба қавли як мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ Ҷалолиддин Абдуҷабборзода , “бисёр фарбеҳ буд ва зоҳиран беморие дошт.” Падари додситони 38-соларо ҳам ба гуфтаи яке аз хешовандонаш баъди бад шудани вазъи сиҳатиаш ба бемористон бурдаанд. Ӯ афзуд:” Аҳволи падараш Саидислом Пиров низ дар ҷаноза хуб ба назар намерасид. Маълум нест, ки ӯ бемор будааст ва ё аз марги писараш чунин шудааст.»

Ҷалолиддин Абдуҷабборзода рӯзи 16-уми апрел дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо диагноз ё ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония бистарӣ шуд ва се рӯз баъд ба бемористони “Истиқлол” гузаронда шуд. Дар ин байн вазъи бархе аз ҳампалатаҳои ӯ низ бадтар шуда, ҳамсари яке аз беморон ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳарашро, ки бо Ҷалолиддин Абдуҷабборзода дар як палата табобат мегирифт, бо сабаби нафастангӣ ва сулфаи сахт низ ба “Истиқлол” бурданд. Як табиби ин бемористон мегӯяд, ҳама ҳампалатаҳои Ҷалолиддин Абдуҷабборзода карантин шудаанд.

Сомонаи Ахбор ба нақл аз манбаъҳои худ навиштаст, ин шахс чанде пеш аз сафари хориҷӣ баргашта, бо роҳи шиносбозӣ давраи 14-рӯзаи карантини маҷбуриро нагузаштааст. Ба гуфтаи ин расона, модари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, муаллимаи мактаби №36 будаааст.

Пизишкон ба пайвандони хонавода гуфтаанд, ки барои эҳтиёт аз хона берун нашаванд ва ба маросими ҳафт низ одами зиёд даъват накунанд. Ин хонавода ба карантини хонагӣ фаро гирифта шудааст.

Мақомоти расмӣ дар бораи ин воқеа ҳанӯз хабаре ба нашр нарасондаанд. Вале онҳо гуфтаанд, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст, ҳарчанд марги чанд нафар аз бемории илтиҳоби шуш дар чанд вақти ахир шубҳаву гумонҳо дар бораи баёнияҳои мақомоти расмиро афзудааст. Сару садо ва изҳори шубҳаву гумон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде расид, ки вазорати тандурустӣ рӯзи 17-уми дар ҷаласаи ситоди мубориза бо коронавируси нав фавту ва гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шушро баррасӣ кард.

Дар баёнияи вазорат омадааст, ки “Дар идомаи ҷаласа фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) дар чанд рӯзи охир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сар задани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар робита ба он, ки гӯё ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.”

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфтааст, вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонд ва “аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш зиёд ба мушоҳида расид.”

Дар баёнияи вазорат омадааст, ки танҳо дар вилояти Суғд дар се моҳи имсол 15 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Дар баёнияи дигари вазорат аз рӯзи 18-уми апрел омадааст, ки Галина Перфилева, раҳбари дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон дар як семинаре дар Душанбе бо ҳузури хабарнигорон гуфтааст, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудаааст. Ӯ доир ба сатҳу сифати озмоишгоҳе, ки дар Тоҷикистон ба ташхиси сирояти коронавирус машғул аст, гуфтааст “савияи дониши мутахассисони он ва сифати ташхиси беморӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, зеро ҳар як ташхиси онҳо аз тарафи вазорати тандурустӣ ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пешниҳод карда мешавад.”

Дар ин баёния омадааст, ки то 16 апрели соли равон дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440-тои он такрорӣ мебошанд.” Ба қавли вазорат, дар чанд вақти ахир ташхиси онҳое, ки ба илтиҳоби шуш гирифтор шуда, фавтидаанд, нишон додааст, ки сабаби марги онҳо ҳамин беморӣ, ва на КОВИД-19 мебошад.

XS
SM
MD
LG