Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷимуҳаммад Тошев, карантиншуда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов даргузашт


Маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки аз охири моҳи март дар карантин буд ва, ба иттилои пизишкон, рӯзи 10-уми апрел зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор гирифт, даргузаштааст. Пайвандонаш рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Тошевро субҳи шанбе дафн карданд.

Умедҷон Бойбалаев, сардухтури бемористони ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки Тошев дар онҷо бистарӣ буд, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "бемор саҳари шанбе ҷон дод" ва афзуд, ҳоло худи ӯро ба "карантин" ба шаҳри Хуҷанд фиристоданд.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ даргузашти Ҳоҷимуҳаммад Тошевро дар бемористон тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ӯ дар карантин дар бемористони минтақавии "Узбекқишлоқ" буд ва бар асари "бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4" фавтид.

Вазорат бори дигар таъкид кард, ки дар кишвар ҳеч мавриди сирояти сокинон ба коронавирус тасдиқ нашудааст ва мардум набояд нигарон бошанд.

Ин дар ҳолест, ки Умедҷон Бойбалаев, сардухтури бемористони ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 10-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, Тошев ҳолати нафастангӣ дорад, вале ташхисҳо дар бадани ӯ пневмонияро ошкор кардааст. Вай рӯзи ҷумъа ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз Тошев ду дафъа намуна гирифта, ба Душанбе фиристодаанд.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Ҳоҷимуҳаммад Тошев ташхиси коронавирус гирифта буданд ва "натиҷааш манфӣ баромад”.

Бархе аз пизишкони ботаҷриба мегӯянд, ташхиси коронавирус кори саҳл нест. Абдулло Давлатов, пизишки ботаҷрибаи тоҷик, ки айни замон дар шаҳри Маскав кор мекунад, гуфт, "дар Русия эътироф карданд, ки тестҳо агарчӣ натиҷаи манфӣ медиҳанд, баъдан вақте дубора-себора ташхис мегиранд, мавҷудияти коронавирус тасдиқ мешавад. Ин чиз ҳаст. Ташхиси беморӣ ҳамин хел кори осон нест."

Таваҷҷуҳ ба беморӣ ва марги Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, аз он аст, ки ӯ бо наздикони як марди фавтида аз пневмония дар ноҳияи Ҷаббор Расулов робита доштааст. Ӯ мудири кабинети методии Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд ва, ба қавли пайвандон, бо Абдуҷалил Шодиев, мудири Шуъбаи маорифи ноҳия ҳамкор будааст.

Шодиев дар пайи марги бародараш, ки ба гуфтаи мақомот аз пневмония ё илтиҳоби шуш даргузашт, феълан дар "карантин" аст.

Номи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рӯзи якшанбеи 5-уми апрел дар сархатти хабарҳо аст. Фавти як марди 60-сола дар ин ноҳия ва ба карантин фиристодани табибони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Мақомоти тандурустии вилояти Суғд гуфтанд, мард аз пневмония ё илтибоҳи шуш даргузаштааст. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро матраҳ карданд, ки чаро баъди марги ин мард ва Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ки ба гуфтаи мақомот яке аз илтиҳоби шуш ва дигаре аз бемории қалб даргузашт, даҳҳо нафарро ба карантин фиристоданд.

Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими Маскав мегӯяд, ба карантин фиристодани ин афрод ба хотири эҳтиёт аст ва "кори дуруст мебошад". Давлатов гуфт, "Русия аз оғоз кори дуруст накард, аммо Тоҷикистон кори дуруст кард, ки бо ҳамин камтарин шубҳа карантин карданд. Бо камтарин шубҳа, фарқ надорад аз коронавирус аст ё бактерияи дигар, ҳатман карантин шаванд. Ҳазор-даҳ ҳазор одамро азият надиҳем гуфта, онҳоро озод кунанду Худо накунад як нафар аз хориҷ коронавирусро ба Тоҷикистон орад, баъдан миллионҳо нафар азият мекашанд," - афзуд Абдулло Давлатов.

Тибқи омори ахири масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов, беш аз 700 сокини ин ноҳия ҳоло дар карантин ба сар мебаранд. Аксари ин афрод, ба гуфтаи мақомот, аз хориҷа барнагаштаанд. Мақомот мегӯянд, вазъи ҳамаи ин афрод хуб буда, коронавирус дар вуҷуди онҳо собит нашудааст.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон, олудагӣ ба коронавирус, ки бемории КОВИД-19-ро бармеангезад, дар кишвар ошкор нашудааст. Мақомот мегӯянд, аз 1-уми феврал то 11-уми апрел 7 ҳазору 432 нафареро, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ба карантин фаро гирифтанд. "Аз шумораи зикршуда то 11-уми апрел 5 ҳазору 530 нафар ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1902 нафар зери назорати карантинӣ қарор доранд", - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Мақомоти тоҷик рӯзҳои ахир чораҳои пешгирӣ аз ин бемории ҳамагирро дар кишвар, бахусус дар вилояти Суғд, сахттар мекунанд. Аз ҷумла дар роҳҳои асосии ду ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров посгоҳҳо гузошта шуда, дар минтақаҳое, ки ҳанӯз марз маълум нест, ихтиёриёнро сафарбар кардаанд.

Рӯзи 10-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст. Ҳамчунин аз рӯзи шанбе гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон баста шудаанд.​

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (48)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG