Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи яке аз карантиншудаҳо дар н.Ҷаббор Расулов "вазнин" шудааст


Даромадгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд
Даромадгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

Аҳволи Ҳоҷӣ Тошев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки бо наздикони як марди фавтида аз пневмония робита дошт, вазнин шудааст. Пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваста, мегӯянд, бемории ин шахс пневмония ё илтиҳоби шуш аст.

Ҳоҷӣ Тошев мудири кабинети методии Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов аст ва ба қавли пайвандонаш, бо Абдуҷалил Шодиев, мудири Шуъбаи маорифи ноҳия ҳамкор буда, ахиран ҳамроҳ будааст. Шодиев дар пайи марги бародараш, ки ба гуфтаи мақомот аз пневмония ё илтиҳоби шуш даргузашт, феълан дар "карантин" аст.

Умедҷон Бойбалаев, сардухтури беморхонаи ҷамоати Сомониён дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки Ҳоҷӣ Тошев дар онҷо бистарист, рӯзи 10 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломатии ахирӣ "вазнини миёна" аст. Мусоҳиби мо гуфт, Тошев ду рӯз дар хонааш таб карда, бо хӯрдани дору ҳарорати баданаш паст шудааст.

Масъулини беморхонаи ҷамоати Сомониён гуфтанд, Ҳоҷӣ Тошевро рӯзи 30-юми март ба беморхона оварданд ва ҳоло ӯ зери дастгоҳи нафаскашӣ аст.

Умедҷон Бойбалаев, сардухтури ин беморхона гуфт, Тошев ҳолати нафастангӣ дорад, вале ташхисҳо дар бадани ӯ пневмонияро ошкор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз Тошев ду дафъа намунаҳо гирифта ба Душанбе фиристода шудааст ва онҳо мунтазири натиҷаҳо мебошанд.

Пизишкони бемористони ҷамоати Сомониён рад намекунанд, ки Ҳоҷӣ Тошев то шаби гузашта таб дошт ва имрӯз ҳарораташ баланд нашудааст.

Дар як вақт пайвандони Ҳоҷӣ Тошев мегӯянд, муддати чаҳор рӯз аст, ки ба онҳо иҷозаи дидор бо ӯ дода намешавад.

Меҳрубон Тошев, писари ин мард ба Радиои Озодӣ гуфт, бори ахир падарашро чаҳор рӯз пеш дида буд ва бо сабаби дар карантин будани беморхона ба онҳо иҷозаи вохӯрӣ дода намешавад. Фарзанди Тошев гуфт, табибон ба онҳо гуфтаанд, вазъи падараш хуб аст ва аз илтиҳоби шуш табобат мешавад.

Мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, қатъи вохӯрии Ҳоҷӣ Тошев бо пайвандонаш ба хотири эҳтиёт мебошад. Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳия ва сарпарасти бахши тандурустии ин ноҳия рӯзи 10 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири эҳтиёт ба бемороне, ки ҳарорат доранд, иҷозаи вохӯрӣ дода намешавад.

Пайвандони Ҳоҷӣ Тошев тахмин мезананд, ки ин нафар бо Абдуҷалил Шодиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 28-уми март вохӯрии кӯтоҳ доштааст.

Табибон ба наздикони Ҳоҷӣ Тошев, аз ҷумла ҳамсари ӯ тавсия додаанд, ки худро дар хона карантин кунанд ва муваққатан ба кор нараванд.

Номи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рӯзи якшанбеи 5-уми апрел дар сархатти хабарҳо аст. Фавти як марди 60-сола дар ин ноҳия ва ба карантин фиристодани табибони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Мақомоти тандурустии вилояти Суғд гуфтанд, мард аз пневмония ё илтибоҳи шуш даргузаштааст. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро матраҳ карданд, ки чаро баъди марги ин мард 13 табибро якбора ба карантин фиристоданд.

Тибқи омори ахири масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов, беш аз 700 сокини ин ноҳия ҳоло дар карантин ба сар мебаранд. Аксари ин афрод ба гуфтаи мақомот, аз хориҷа барнагаштаанд. Мақомот мегӯянд, вазъи ҳамаи ин афрод хуб буда, коронавирус дар вуҷуди онҳо собит нашудааст.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, олудагӣ ба коронавирус, ки бемории КОВИД-19-ро бармеангезад, дар кишвар ошкор нашудааст. Вале мақомоти тоҷик рӯзҳои ахир чораҳои пешгирӣ аз ин бемории ҳамагирро дар кишвар, бахусус дар вилояти Суғд, сахттар мекунанд. Аз ҷумла дар роҳҳои асосии ду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров посгоҳҳо гузошта шуда, дар минтақаҳое, ки ҳанӯз марз маълум нест, ихтиёриёнро сафарбар кардаанд.

Рӯзи 10-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG