Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модаре, ки "нони оҳанин" мехӯрд, соҳиби хонаи хусусӣ шуд. ВИДЕО


Маҳбуба Ғаниева бо духтаронаш
Маҳбуба Ғаниева бо духтаронаш

Маҳбуба Ғаниева, сокини 45 солаи шаҳри Кӯлоб, ки аввали моҳи октябр Радиои Озодӣ дар борааш бо номи “Нони оҳанин” филм нашр кард, соҳиби хонаи нав шуд.

Ин хонаи истиқоматиро ба қаҳрамони филми “Нони оҳанин” муҳоҷирон ва афроди хайрхоҳ тақдим кардаанд.

Модаре, ки "нони оҳанин" мехӯрд, соҳиби хонаи хусусӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Маҳбуба дар ин филм аз рӯзгори пуразоби худ ва дарбадарӣ пас аз марги шавҳар қисса карда буд. Ӯро соли 2000-ум аз шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Вахш ба шавҳар доданд, вале соли 2012 пас аз марги шавҳар аз ҳақи зист дар хонаи волидайни шавҳараш маҳрум мешавад. Маҳбуба дар канори шаҳри Кӯлоб манзили нимсохтеро ба иҷора гирифта, бо ду духтари ноболиғаш бо ҷамъоварӣ ва фуруши оҳанпора рӯз мегузаронад.

Маҳбуба Ғаниева мегӯяд, тасаввур намекард, ки рӯзе соҳиби хона мешавад.

“Вақте дар Радиои Озодӣ нашр шуд, аввал соҳиби қувваи барқ шудам, мардум телевизиор, печи барқӣ, курпа ва 15 ҳазори дигар кӯмак карданд. Ҳазор бор шукрона мекунам, ки соҳиби ҳамаи чиз шудем. Дар охир хона ҳам харида доданд”,--гуфт ӯ.

Ҳоло ду духтари Маҳбуба Ғаниева хурсанд аз он ҳастанд, ки баъди саргардониҳои зиёд соҳиби хонаву дари қонунии худ шуданд.

Баъди гузориш Радиои Озодӣ ин духтарон пурра ба таҳсил ҷалб шудаанд.

Амина Ғаниева, духтари Маҳбуба мегӯяд: “Ман хурсандам, минатдорам аз он нафароне, ки моро ёрдам карданд. Хурсандии ман ҳам дар он аст, ки соҳиби хона шудем”.

Маҳбуба Ғаниева, 45-сол дошта, ранҷу машақати зиндагӣ ӯро пир кардааст. Ин зан 8-сол бо ду духтараш аз Вахш то Кӯлоб дар хонаҳои иҷора нишастааст. Ин иҷоранишиниҳо ӯро бемор кард, вале замоне, ки соҳиби хона шуду хайрхоҳон дасти мадад дарозаш карданд, гуфт дардаш камтар шудааст.

XS
SM
MD
LG