Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба гузориши Радиои Озодӣ


Хона-музейи Садриддин Айнӣ, 7-уми майи 2020
Хона-музейи Садриддин Айнӣ, 7-уми майи 2020

Мақомоти Тоҷикистон ба хабари Радиои Озодӣ дар бораи кӯшиши вайрон кардани бахше аз хона-музейи Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти муосир ва Қаҳрамони Тоҷикистон вокуниш карданд. Онҳо гуфтанд, "як хиште аз бинои ҳавлӣ беҷо карда намешавад".

Ҳафтаи гузашта Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати сохтмоние, ки машғули бунёди меҳмонхона ва биноҳои нави истиқоматӣ аст, қисме аз осорхонаро барои кӯчондан омода кардааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки хона-музей дар онҷо воқеъ аст, "ҳамаи ҳавлиҳо тахриб шуда, ба ҷойи онҳо биноҳои баландошёна сохта мешаванд. Мо ба ширкатҳои сохтмонӣ дастур додем, ки дар зудтарин фурсат атрофи хона-музейро панҷара гирифта, дурбинҳои назоратӣ насб кунанд. Барои кормандони илмии хона-музей як бинои сетабақа сохта мешавад."

Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки хона-музей ба қаламрави он шомил мешавад, дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин мушкил дар пайи як нофаҳмӣ миёни сохтмончиён сурат гирифтааст".

Хабаргузории расмии "Ховар" рӯзи 14-уми май, пас аз як ҳафтаи нашри матлаб, ба нақл аз масъулони Академияи илмҳо кӯшиши вайрон кардани хона-музейи Садриддин Айниро беасос хонд.

Ин дар ҳолест, Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, рӯзи 7-уми май гуфта буд, ду сол қабл низ ҳангоми сохтмони роҳи бузурги мошингузар як қисми хона-музей ба ин мақсад гирифта шудааст.

Вай дар мавриди кӯшиши вайрон кардани қисме аз хона-музей аз тарафи шикрати сохтмонӣ гуфт: "Сохтмончиҳо мегӯянд, тибқи нақшаи Генплан аз қисмати поёнии хона-музей то меҳмонхонаи нав бояд роҳи мошингузар шавад. Тақозо кардам, ки нақшаро нишон диҳанд, вале то ҳол ин корро накарданд".

Хона-музейи Садриддин Айниро баъд аз вафоташ дар соли 1954 ба истифода додаанд.

Садриддин Айнӣ 27-уми апрели соли 1878 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти ҳозираи Бухоро таваллуд шудааст. Вай нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик аст.

Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули панҷсомонӣ ҷой гирифт.

XS
SM
MD
LG