Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Кореяи Шимолӣ ба Амрико: "Мо Либия нестем"


Муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки агар Амрико ба барчидани силоҳҳои атомии ин кишвар пофишорӣ кунад, Пхенян дар мавриди музокироти дарпешистода бо Вашингтон таҷдиди назар мекунад.

Ким Ке Гван, муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми май ба хабаргузории расмии он кишвар гуфтааст, "агар Амрико бихоҳад мо тан ба музокира би"тавре дар бисёр кишварҳои дигар дида мешавад, бидуни ҷомеаи фаъоли маданӣ ва вуҷуди озодиҳои бунёдӣ амнияту рушд пойдор буда наметавонад"диҳем, то комилан моро ба гӯша ронда ва талабҳои яктарафа аз мо дошта бошад, ки силоҳҳои ҳастаии худро канор бигузорем, мо дигар алоқае ба музокира нахоҳем дошт."

Пхенян эълон кард, ки музокироти барномарезишуда бо Сеулро бинобар размоиши муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико, ба таъхир андохтааст.

Ким Ке Гван афзудааст, дар чунин шароите "табиӣ аст, ки мо дар мавриди музокироти дарпешистода бо Амрико таҷдиди назар мекунем". Ӯ мегӯяд, "агар ҳукумати Трамп бо ваъдаҳои содиқона барои беҳбуди робитаҳо вориди музокирот бо Кореяи Шимолӣ шавад, вокуниши муносибро аз сӯи мо дарёфт хоҳад кард". Доналд Трамп чанд рӯз пеш дар "Твиттер"и худ навишт, ки рӯзи 12-уми июн дар Сингапур бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун мулоқот хоҳад кард.

Муовини вазири умурии хориҷии Кореяи Шимолӣ айни замон аз суханони Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико ва дигар мақомҳои он кишвар дар бораи зарурати пайравӣ аз "гузинаи Либия" дар мавриди муассисаҳои силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва тан додан ба "халъи силоҳи атомии комил ва баргаштнопазир"-и Пхенян, интиқод кардааст.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп ҳафтаи пеш гуфта буд, хуруҷи Амрико аз "БАРҶОМ" нишоне аст аз ин, ки Амрико пешниҳодҳо ва тарҳҳои "ғайриқаноатбахш"-ро нахоҳад пазируфт. Оқои Болтон гуфта буд, "фикр мекунам дар робита ба Кореяи Шимолӣ, раиси ҷумҳур тавофуқи воқеӣ мехоҳад."

Яке аз муассисаҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ.
Яке аз муассисаҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ.

Доналд Трамп аз мухолифони сарсахти тавофуқи атомӣ бо Эрон аст ва ин кишварро аз Барномаи ҷомеи амали муштарак (БАРҶОМ) хориҷ кардааст. Ӯ хостори ислоҳоте дар созиши ҳастаӣ шуда буд, аммо Теҳрон бо музокираи дубора бар сари ин тавофуқ мухолифат кард.

Як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико вақте Доналд Трамп музокира бо раҳбари Кореяи шимолиро пазируфт, ба хабарнигорон гуфта буд, "ҳама гузинаҳо рӯи миз аст ва мавзеи мо дар баробари Кореяи Шимолӣ то замоне, ки шоҳиди иқдомоти ҷиддӣ барои халъи силоҳи ҳастаӣ набошем, тағйир нахоҳад кард. Чизе, ки мо дар пайи он ҳастем, гомҳои ҷиддӣ дар ростои халъи силоҳи ҳастаӣ аст."

Тозатарин изҳороти аз сӯи мақомҳои баландпояи Кореяи Шимолӣ дар ҳолест, чанд соат пас аз он Пхенян эълон кард, ки музокироти барномарезишуда бо Сеулро бинобар размоиши муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико, ба таъхир андохтааст. Вазорати дифои Кореяи ҷанубӣ мегӯяд, размоиши муштарак анҷом хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG