Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ду Корея мулоқот карданд. Ким Чен Ун аз марз пиёда гузашт. ВИДЕО


Ким Чен Ун - раҳбари Кореяи Шимолӣ - рӯзи 27-уми апрел, пас аз тақрибан ҳафт даҳа, ки аз ҷанги ду Корея мегузарад, вориди хоки Кореяи Ҷанубӣ шуд ва бо Мун Чжэ Ин, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард.

Тибқи гузоришҳо, Ким Чен Ун субҳ бо гузаштан аз минтақаи ғайринизомии марзи ду кишвар вориди Кореяи Ҷанубӣ шуд ва дар як маросими суннатӣ бо Мун Чжэ Ин дидор кард. Пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ аз Ким Чен Ун, нишасти сарони ду Корея баргузор шуд.

Тибқи гузоришҳое, ки қабл аз оғози нишаст мунтишир шуд, раҳбарони ду Корея мумкин аст баёнияи сулҳе имзо кунанд, ки ҷойгузини тавофуқи поёни ҷанг дар соли 1953 шавад. Аз онҷо, ки ду кишвар ҳанӯз тавофуқи сулҳро имзо накардаанд, аз назари фаннӣ ҳанӯз дар ҳолати ҷанг ҳастанд.

Ким Чен Ун пеш аз оғози музокироти мақомҳои ду кишвар гуфта буд, "имрӯз дар хатти оғози таърихи нав, сулҳу пешравӣ дар робитаҳои ду Корея ҳастем". Бар пояи гузоришҳо, раҳбари Кореяи Шимолӣ аз омодагии худ барои гуфтугӯҳои содиқона барои ҳалли мушкилоти мавҷуда байни ду кишвар хабар дода, гуфтааст, набояд монанди гузашта нокомиҳо дар иҷрои созишҳо такрор шавад.

Дар ин нишаст хоҳари Ким Чен Ун низ дар паҳлӯи бародараш дар сари мизи музокирот ҳузур дошт. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" мегӯяд, хоҳари раҳбари Кореяи шимолӣ, ки дар зимистони имсол дар ҷараёни мусобиқаҳои олимпӣ ба Кореяи ҷанубӣ сафар карда буд, акнун ба унвони яке аз чеҳраҳои муҳими ҳукумати Кореяи Шимолӣ мубаддал шудааст.

Қабл аз ин, сайти Блумберг навишт, ҳукумати Кореяи Шимолӣ ба тавлиди мушакҳое, ки метавонад шаҳрҳои Амрикоро ҳадаф қарор диҳанд, наздик шудааст. Гуфта мешуд, Кореяи Шимолӣ 60 бомбаи атомӣ дорад. Аммо аз сӯи дигар, ҳукумати Доналд Трамп ҳам таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Кореяи Шимолиро бештар кард ва ҳушдор дод, агар он кишвар ба таҳдиди Амрико идома диҳад, алайҳи он иқдоми низомӣ хоҳад кард.

Мулоқоти раҳбарони ду Корея
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Раиси дафтари раёсати ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ва масъули баргузории нишасти раҳбарони ду Корея рӯзи 26-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, дар ин нишаст танҳо дар бораи фаъолиятҳои ҳастаӣ ва сиёсатҳои вобаста ба расидан ба як сулҳи пойдор, гуфтугӯ мешавад. Ӯ афзуд, ба душворӣ метавон пешбинӣ кард, ки дар ин нишасти дақиқан чи тавофуқе ҳосил мешавад.

Тибқи гузоришҳое, ки қабл аз оғози нишаст мунтишир шуд, раҳбарони ду Корея мумкин аст баёнияи сулҳе имзо кунанд, ки ҷойгузини тавофуқи поёни ҷанг дар соли 1953 шавад. Аз онҷо, ки ду кишвар ҳанӯз тавофуқи сулҳро имзо накардаанд, аз назари фаннӣ ҳанӯз дар ҳолати ҷанг ҳастанд.

Илова бар ин, мумкин аст, тафоҳумномаҳое дар бораи ақибнишиниии тадриҷии нерӯҳои ду тараф аз марзҳои ду кишвар ва барномае барои идомаи гуфтугӯҳо, бозрасиҳои ҳастаӣ ва бекор кардани таҳримҳо, низ имзо кунанд. Ҳеҷ яке аз музокираҳои қаблӣ дар бораи бозрасиҳои ҳастаӣ ва лағви таҳримҳо байни ду кишвар ба натиҷа нарасидааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG