Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки ҳафтаи оянда бо раҳбари Кореяи шимолӣ мулоқот мекунад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми апрел гуфтааст, ки ҳафтаи оянда бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ дидор мекунад ва дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея, гуфтугӯ хоҳад кард.

Доналд Трамп, ки дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ҷопон суҳбат мекард, изҳор дошт, "ҳамон тавр, ки медонед, дар ҳафтаҳои оянда бо Ким Чен Ун мулоқот хоҳам кард, то дар бораи халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея гуфтугӯ кунам. Умедворам ин мулоқот як муваффақияти бузург бошад."

Доналд Трамп давоми маъмурияти беш аз яксолаи худ таҳримҳои бисёр сахтеро алайҳи Кореяи шимолӣ вазъ кард ва ҳатто муваффақ буд, ки Чинро водор кунад, то фишори бештаре ба Кореяи шимолӣ биёварад.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе таъйид кард, ки раиси Созмони истихбороти марказии Амрико бо Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ як мулоқоти махфӣ доштааст. Вай изофа кардааст, "агар фикр кунам, ки ин мулоқот бефоида аст, ҷаласаи мулоқотро тарк хоҳам кард ва иқдомоти феълии худ идома хоҳем дод."

Мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ун таҳаввулоти муҳиме дар муносибатҳои ду кишвар хоҳад буд, ки аз поёни ҷанги Корея дар соли 1952, ҳамеша робитаҳои душманона доштаанд. Кореяи шимолӣ дар ин байн борҳо таҳдид кард, ки на фақат алайҳи Амрико, балки алайҳи Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ даст ба иқдоми низомӣ хоҳад зад.

Доналд Трамп ҳамзамон гуфтааст, "мо иштибоҳоти ҳукуматҳои гузаштаро такрор нахоҳем кард. Маъракаи мо барои фишори ҳадди аксар бар Кореяи шимолӣ то халъи силоҳи ҳастаӣ идома хоҳад ёфт". Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки "Кореяи шимолӣ дар сурати халъи силоҳи ҳастаӣ, роҳи рӯшанеро дар пешрӯ хоҳад дошт."

Доналд Трамп дар давоми маъмурияти беш аз яксолаи худ таҳримҳои бисёр сахтеро алайҳи Кореяи шимолӣ вазъ кард ва ҳатто муваффақ буд, ки Чинро водор кунад, то фишори бештаре ба Кореяи шимолӣ биёварад. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии худ аз ҳамкории раиси ҷумҳури Чин барои фишор ба Кореяи шимолӣ, тақдир кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG