Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибқи гузоришҳо, Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ дар як сафари аз қабл эълоннашуда ба Пекин рафт ва бо раиси ҷумҳури Чин ва дигар мақомҳои ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ дар раъси як ҳайати олӣ ба таври махфӣ рӯзи якшанбеи 25-уми март бо қатор ба Пекин рафт ва пас аз музокирот бо мақомҳои чинӣ рӯзи сешанбе ба Кореяи шимолӣ бозгаштааст. Ин нахустин сафари хориҷии Ким Чен Ун ба унвони раҳбари Кореяи шимолӣ ба шумор меравад. Ким Чен Ун аз соли 2011 то ба ҳол қудратро дар Кореяи шимолӣ дар даст дорад.

Чин ба таври суннатӣ наздиктарин кишвар ба Кореяи шимолӣ ба шумор меравад, аммо талошҳои Пхенян барои дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвоз, ба робитаҳои ду кишвар таъсир гузоштааст.

Хабаргузории расмии Чин аксҳое аз дидори Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва Ким Чен Ун мунташир кардааст. Хабаргузории расмии Кореяи шимолӣ низ таъйид кардааст, ки Ким Чен Ун гуфтугӯҳои "амиқ"-е бо Си Ҷинпин доштааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин мегӯяд, раҳбари Кореяи шимолӣ аз раиси ҷумҳури Чин барои сафари расмӣ ба он кишвар даъват кардааст ва Си Ҷинпин низ ин даъватро пазируфтааст.

Расонаҳои чинӣ низ гузориш додаанд, ки раҳбари Кореяи шимолӣ дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Чин гуфтааст, масъалаи холисозии нимҷазираи Корея аз силоҳи ҳастаӣ метавонад ҳал шавад, агар Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ба талошҳои онҳо бо ҳусни ният посух диҳанд. Расонаҳои чинӣ ҳамчунин гузориш додаанд, Си Ҷинпин ва ҳамсараш ба таври расмӣ аз раҳбари Кореяи шимолӣ истиқбол кардаанд.

Чин ба таври суннатӣ наздиктарин кишвар ба Кореяи шимолӣ ба шумор меравад, аммо талошҳои Пхенян барои дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвоз, ба робитаҳои ду кишвар таъсир гузоштааст.

Авоили ҳафтаи ҷорӣ дар хусуси сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ хабарҳое нашр шуд. Расонаҳо низ аксҳоеро аз як қатори вижа аз Кореяи шимолӣ дар Пекин нашр карданд. Хабаргузориҳои Кореяи ҷанубӣ низ мегӯянд, ки раҳбари Кореяи шимолӣ ва ҳамсараш Ри Сол Ю аз рӯзи якшанбе то сешанбе аз Пекин дидор кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG