Пайвандҳои дастрасӣ

Заррина Набиева: Адвокатҳо аз ин парвандаи "сархӯр" мегурезанд. САДО


Бузургмеҳр Ёров

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамсари Бузургмеҳр Ёров -- адвокати зиндониро даъват карда ва дар робита ба парвандаи нави ӯ ва мавзӯи вакили мудофеъ сӯҳбат кардааст.

Онҳо мегӯянд, ки мо оила дорем, фарзанд дорем. Намехоҳем, ки барои ин парвандаи “сархӯр” ҳаётамонро дар хатар гузорем. Ҳатто баъзе адвокатҳо хешутабори худамон ҳастанд, лекин розӣ нашуданд, ки аз Бузургмеҳр ҳимоя кунанд.

Азбаски ҳеҷ вакили мудофеъ даъвати пайвандони Бузургмеҳр Ёровро барои дифои ӯ напазируфтаанд ва бо дархости мақомоти тафтишот, адвокати давлатӣ аз ҳуқуқи вай ҳимоя хоҳад кард. Алайҳи Бузургмеҳр Ёров барои "таҳқири оммавии президент" парвандаи нав боз шудааст.

Сӯҳбати муфаттиши Додситонии кулли Тоҷикистон бо Заррина Набиева, ҳамсари адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 13 апрел сурат гирифтааст. Заррина Набиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "додситонӣ баъди боз намудани парванда аз мо дархост кард, ки барои Бузургмеҳр Ёров адвокат пайдо кунем, вале мо натавонистем. Чунки адвокатҳо метарсанд. Онҳо мегӯянд, ки мо оила дорем, фарзанд дорем, намехоҳем барои ин парвандаи “сархӯр” ҳаётамонро дар хатар гузорем. Ҳатто баъзе адвокатҳо хешутаборамон ҳастанд, лекин розӣ нашуданд аз Бузургмеҳр ҳимоят кунанд”.

Заррина Набиева
Заррина Набиева

Ба таъкиди Зарина Набиева, баъди ҳимояи Муаззама Қодирова, дигар ҳеҷ вакили мудофеъ ҳозир нест, то аз ҳуқуқҳои ҳамсараш ҳимоят кунад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон, муфаттиш Баҳриддин Исозода ҳамроҳи вакили мудофеи давлатӣ дар СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатӣ бо Бузургмеҳр Ёров сӯҳбат кардаанд, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ мешавад. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 28 март алайҳи Бузургмеҳр Ёров бо моддаи 137, қисми 2, яъне "таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ ва ҳамин кирдор бо истифодаи матбуот дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад", парвандаи наве боз кард.

Азбаски ҳеҷ вакили мудофеъ даъвати пайвандони Бузургмеҳр Ёров барои дифои ӯро напазируфтаанд, бо дархости мақомоти тафтишот, адвокати давлатӣ аз ҳуқуқҳои вай ҳимоя хоҳад кард.

Аммо Бузургмеҳр Ёров рӯзи гузашта зимни дидор бо хонумаш Зарина Набиева дар СИЗО дар бораи сабаби боз шудани ин парванда гуфтааст, ки “дар як мурофиаи судӣ зикр кардааст, ки ҳамчун вакили мудофеъ ва чун муфаттиши умури дохила дар доираи қонунҳое, ки президенти Тоҷикистон зери онон имзо кардааст, фаъолият кардаам ва агар маро ба қаллобӣ айбдор кунанд, пас ҳама қаллоб аст”.

Ин ҷумлаҳо дар сомони интернетии “Паём.нет” дар таърихи 8 март ба нашр расида ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ бар асоси ҳамин матлаб, парвандаи навбатиро алайҳи Бузургмеҳр Ёров боз намудааст. Моддаи 137, қисми 2 барои фарди муҷрим ҷазои “бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ва ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол”-ро пешбинӣ мекунад.

Раҳматилло Зоиров.
Раҳматилло Зоиров.

Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдони тоҷик Раҳматулло Зоҳиров дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар иртибот ба боз шудани парвандаҳои пайдарпай дар нисбати Бузургмеҳр Ёров гуфта буд, ки чунин бархӯрди мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ бо ӯ, “як амали фармоишӣ” мебошад. Вай афзуд, чунин бархӯрди мақомоти додгоҳӣ, фишор танҳо болои Бузургмеҳр Ёров набуда, "балки фишор ба низоми ҳимоятгарон ё адвокатура аст".

Ду сол қабл дар моҳи сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Баъдан мақомоти тафтишотӣ ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” айбдор донистанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли 2016 ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум намуд.

Як соли дигар нагузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 марти соли равон Бузургмеҳр Ёровро барои "беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи ҳокимият", боз ба ду соли зиндон маҳкум кард ва ба ин тартиб мӯҳлати ҷазои ӯ ба 25 сол расид. Ба ғайр аз ин, парвандаи дигаре бар асоси моддаи 247, яъне “қаллобӣ” нисбат ба Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Сарраёсати умури дохилии шаҳри Душанбе оғоз карда шудааст, ки феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад. Қонуни Тоҷикистон барои қаллобӣ аз 9 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG