Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бузургмеҳр каме лоғар шуда, аммо рӯҳияаш тағйир наёфтааст"


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров – вакили дифои зиндонӣ – рӯзи якуми феврал дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ҳамсар ва модараш мулоқот кардааст. Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр, рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мулоқоти нахустини онҳо баъд аз эълони 23 сол ҳукми зиндони ӯ дар моҳи октябри соли гузашта буд.

Наврӯзшоҳ Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар мурофиаи Бузургмеҳр Ёров иштирок мекунад, вале гуфт, дар бораи рӯзи баргузории мурофиа хабар надорад.

Дидор баъд аз нигарониҳо

Моҳи январи имсол хешовандони вакили дифои зиндонӣ барои адами имкони тамос, дидорбинӣ ё гирифтани паём аз дохили боздоштгоҳ шикоят карда, гуфтанд, ки аслан дар бораи вазъи сиҳҳати ӯ хабар надоранд. Заррина Набиева бо зикри инки мулоқоти нахустин бо Бузургмеҳр дар ҳузури модар ва ду духтарчаи хурдсолаш баргузор шуд гуфт, "ӯ аз шароити боздоштгоҳ шикоят надорад. Гуфт, ки вазъи саломаташ ҳам хуб аст."

Заррина Набиева
Заррина Набиева

Набиева афзуд, мақомот таъхири дидори хонавода бо Бузургмеҳрро ба ду мурофиаи ӯ рабт дода, дар шарҳи адами гирифтани паёмҳои хаттӣ гуфтаанд, "аз рӯи муқаррароти боздоштгоҳ, нафари маҳкумшуда ҳақ надорад, ба берун нома нависад."

Бовар надорад, ки...

Ба қавли ӯ, дар сӯҳбате, ки рӯзи 1 феврал анҷом шуд, Бузургмеҳр Ёров бештар дар бораи бозбинии 23 сол ҳукми зиндонаш сӯҳбат кардааст. Вай гуфтааст, эҳтимол рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи оянда Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳалномаи худро дар ин замина содир кунад. Заррина Набиева гуфт, Бузургмеҳр Ёров ба Раёсати мурофиаи додгоҳӣ раддия фиристодааст, то намояндаи Додситонии кулл Рустам Тақдирзода дар баррасии шикояти кассатсионии ӯ ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ иштирок накунад ва ба ҷойи ӯ додситони дигар пешниҳод карда шавад.

Рустам Тақдирзода дар парвандаи дувуми Бузургмеҳр, ки дар он ба “таҳқири намояндаи ҳукумат” айбдор мешавад, ҳамчун ҷабрдида ҳузур дорад.

Ҷабрдида ё айбдоркунанда?

Додгоҳи олии Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон

Ёров гуфтааст, ҳузури Тақдирзода ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии шикояти касстасиониаш дар парвандаи аввал муғойир ба қонунгузории ҷории кишвар буда, дар мунсифона баррасӣ шудани он халал ворид хоҳад кард. Дар ҷараёни мурофиаи аввал миёни айбдоршаванда Ёров ва айбдоркунанда Тақдирзода радду бадал ва баҳси шадиде бархост. Рустам Тақдирзода худро таҳқиршуда ҳисобида ва баъди содир шудани ҳукм аз болои Бузургмеҳр Ёров ба додгоҳ шикоят кард ва хост, ӯро барои беэҳтиромӣ ба намояндаи ҳукумат муҳокима кунанд. Ҳоло ин муҳокима идома дорад.

Назари мушовири адлияи дараҷаи 2

Анвар Салимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мушовири адлияи дараҷаи 2, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонугузориҳои Тоҷикистон ҳузури додситоне, ки дар парвандаи як нафар ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ иштирок карда дар парвандаи дигар алайҳи ҳамин айбдоршаванда ҳамчун ҷабрдида баромад мекунад, манъ аст. Вай гуфт, Додгоҳи олӣ бояд бо назардошти чунин ҳолат айбдоркунанаи ин парвандаро иваз ва ба ҷойи ӯ нафари дигарро таъин кунад.

“Рӯҳияаш нашикастааст”

Ҳуриннисо Исҳоқова
Ҳуриннисо Исҳоқова

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, гуфт, баъди дидор бо писараш андаке ором шудааст. "Бузургмеҳр андаке лоғар шудааст, вале рӯҳияаш мисли пешин аст. Ба адолати додгоҳӣ бовар надорад, ҳамин қадар мегӯем, ки каме вазнин шав, ба гардан намегирад", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров барои таъмин шудан бо вакили дифоъ, ба маркази ҳуқуқии “Кафолат” муроҷиат кардааст. Мусоҳиби мо гуфт, Маркази ҳуқуқии “Кафолат” вакили мудофеъ Наврӯзшоҳ Назаровро барои иштирок дар мурофиаи Бузургмеҳр Ёров муваззаф кардааст.

Наврӯзшоҳ Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар мурофиаи Бузургмеҳр Ёров иштирок хоҳад кард, аммо дар бораи рӯзи баргузории мурофиа хабар надорад. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 баъди ба ҷавобгарӣ кашидани 14 узви раёсати олии ҲНИТ боздошт ва барои тақаллуб, барангехтани кинаву адовати динӣ ва нажодӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукмро ӯ ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ – ноодилона ва ғайри қобили қабул хонд.

XS
SM
MD
LG