Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви подполковник. Муфаттиши Бузургмеҳр Ёров озод шуд


Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе подполковник Музаффар Ҳакимов, муфаттиши боздоштшудаи Раёсати умури дохилии пойтахтро аз толори додгоҳ озод кардааст. Ҳакимов тафтиши қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндониро анҷом дода буд.

Додситонӣ чанд дафъа ману хоҳарони Бузургмеҳрро барои шоҳидӣ даъват карда буд. Аз мо пурсиданд, ки Музаффар берун аз ҷадвали вохӯрӣ дар СИЗО иҷозаи мулоқот медод, ё не? Мо рад карда будем.
Заррина Набиева

Музаффар Ҳакимов бар асоси моддаи 316, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ, яъне «баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ», муттаҳам мешуд. Таҳмина Комилова, вакили дифои ӯ, рӯзи 21 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шомил шудани ин модда ба қонуни афв, нафари таҳти ҳимояташ озод гардидааст.

Котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе низ ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ нисбат ба Музаффар Ҳакимов 3 соли зиндон талаб карда буд, вале чун моддаи мазкур шомили афв шуд, вай аз адои ҷазо озод шуд. Ин ҳукми додгоҳ тақрибан ду ҳафтаи пеш содир шуда, вале тоза ба Радиои Озодӣ маълум гардид. Худи Музаффар Ҳакимов феълан барои сӯҳбат дастнорас аст.

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Наздикон ва вакили мудофеи Музаффар Ҳакимов ҳанӯз дар вақти оғози парванда алайҳи ӯ гуфта буданд, ки подполковник гуноҳ надорад ва парванда бар асоси шикояти «хусуматомези маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров» боз шудааст.

Абдуқаюм Юсуфов – ҳуқуқдони тоҷик – мегӯяд, додгоҳ нисбат ба Музаффар Ҳакимов, сарфи назар аз онки вай корманди Вазорати корҳои дохилӣ аст ва ё мақомдори ниҳоди дигар, бо шомил шудани моддаи айбдорӣ ба қонуни афв аз адои ҷазо раҳо мекунад ва ин бар асоси қонунгузории кишвар сурат гирифтааст. Вай афзуд, «вале шомили афв шудан ӯро пурра сафед намекунад. Бо муроҷиат ба додгоҳ ва собит намудани бегуноҳӣ, мумкин аст, ки сафед шавад.»

Абдуқаюм Юсуфӣ
Абдуқаюм Юсуфӣ

Наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, нисбат ба Музаффар Ҳакимов шикоят надоранд. Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 21 март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳо шудани муфаттиши парвандаи Бузургмеҳр хабар дорад ва ҳеҷ шикоят нахоҳанд бурд. Ӯ гуфт, «додситонӣ чанд дафъа ману хоҳарони Бузургмеҳрро барои шоҳидӣ даъват карда буд. Аз мо пурсиданд, ки Музаффар барои мулоқоти берун аз ҷадвали вохӯрӣ дар СИЗО иҷозат медод ё не? Мо рад карда будем.»

Тафтиши парвандаи Музаффар Ҳакимов аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, охири моҳи январи имсол барои баррасӣ ба додгоҳи Душанбе ирсол гардида буд. Вай дар аввал барои даст доштан дар фасод ҳам муттаҳам мешуд, вале баъдан мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки ба хотири собит нашудани амали ришвахорӣ, моддаи 319, яъне “гирифтани пора”-ро аз парвандаи ӯ ҳазф кардаанд.

Заррина Набиева
Заррина Набиева

Музаффар Ҳакимов охирҳои соли гузашта дар пайи даъвои Бузургмеҳр Ёров дастгир шуда, рӯзи 12 декабри соли 2016 ба Боздоштгоҳи мувақатии (ИВС)-и Вазорати умури дохилӣ интиқол ёфт. Наздикони Бузургмеҳр гуфта буданд, ки Музаффар Ҳакимов гӯё 25 ҳазор доллар пули онҳоро гирифта, аммо ба дасти ҷабрдидаҳо нарасондааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъро бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ" ва "даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ" ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ моҳи ҷорӣ барои "беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ" ва "таҳқири намояндаи ҳокимият" ба 2 соли зиндон ва як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд. Ба ғайр аз ин, парвандаи дигаре бар асоси моддаи 247, яъне “қаллобӣ” нисбат ба Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Сарраёсати умури дохилии шаҳри Душанбе оғоз карда шудааст, ки феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошту айбдор шудааст ва ҳукмаш ангезаи сиёӣ дорад.

XS
SM
MD
LG