Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳмурод: Вазъи Бузургмеҳр Ёров ҷои нигаронӣ надорад


Дар шароите, ки хешовандони Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ, ки ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст, аз надоштани тамос ва бехабарӣ аз вазъи саломатии ӯ шикоят мекунанд, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, маҳкумшуда дар боздоштгоҳ аст ва саломатии ӯ набояд мояи ташвиш бошад. Рустами Шоҳмурод рӯзи 25 январдар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "қонун дар нисбати ин шахс риоя мешавад". Бузургмеҳр Ёров, ки мегӯяд дар заминаи ҳимояи зиндониҳои ҲНИТ бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндони тӯлонӣ маҳкум шудааст, аз рӯи парвандаи дуюм - таҳқири намояндаи давлат дар додгоҳ посух мегӯяд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 25 январ нигаронии хонаводаи Ёровро аз вазъи сиҳатии ӯ беасос хонд. Вазири адлия, ки дар нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард ба хабарнигорон гуфт, ки Ёров дар боздоштгоҳ аст ва бархӯрд бо ӯ аз рӯи муқаррароти муассисаи нигаҳдошти муваққатӣ ва қонун сурат мегирад.

Дар миёнаҳои моҳи январ намояндагони хонаводаи вакили дифоъ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз охирҳои моҳи декабр ба ин тараф аз ҳоли Бузургмеҳр

Ёров хабар надоранд. Аз ҷумла, ҳамсараш Заррина Набиева гуфта буд, ки шавҳараш таҳдиди гуруснанишинӣ кардааст, аммо онҳо дар асл намедонанд, ки ин ҳарфҳо то куҷо ҳақиқат доранд. Наздикони Бузургмеҳр Ёров ҳамчунин гуфтанд, ки вакили дифои Ёров Муаззама Қодирова ҳам муддатҳост бо онҳо дар тамос нест ва гумонҳое ҳам вуҷуд доранд, ки ӯ дигар аз ҳақи Ёров ҳимоят намекунад.

"Ҷои тавшиш нест"

Рустами Шоҳмурод дар робита ба нигаронии пайвандони Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки масъалаи интиқоли ғизо ва мулоқот бо боздоштшуда дар СИЗО-ро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон муайян мекунад. “Бархурд дар доираи қонун сурат мегирад ва ҷои ташвиш надорад”. Дар робита бо нигаронии модари Ёров аз саломатии писар ва ҳам гумони ин ки "шояд саломатиаш бад аст ё дигар зинда нест", вазири адлия гуфт: "Агар мемурд, ҳатман ба наздиконаш хабар медоданд. Вай намурдааст ва саломат мебошад”.

Вазири адлия аз додани ҷузъиёти бештар ва шарҳи амиқтари мавзӯъ худдорӣ кард. Аз ҷумла, маълум нест, ки овозаҳо дар бораи эълони гуруснанишинии Ёров дар боздоштгоҳ то куҷо ҳақиқат доранд.

Ду ҳафта пеш Садриддин Шарифзода, сардори Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки қонун дар нисбати Ёров риоя мешавад. Вай рӯзи 11 январ гуфт: “Бузургмеҳр Ёров саломат аст ва ҳеҷ мушкил надорад”. Дар он сӯҳбат ӯ илова кард, ки соате пеш Ёровро дар боздоштгоҳ дида буд ва ӯ ҳеҷ шикояте надошт.

Вале то ҳанӯз тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо имкон надорад.

Ҳамсари Ёров: Ҳанӯз ҳам ғизоҳои мо беҷавоб мемонад

Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл ба шавҳараш ғизо бурда буд ва ин саҳар вақте ки ба СИЗО барои дарёфти посухи шавҳараш рафт, ҳеҷ гуна ҷавобе ба даст наомад. Аз рӯи одате, ки як сол идома дошт, паёми хаттии хонавода бо рӯйхати бастаи ғизо ҳамеша бармегашт ва Бузургмеҳр Ёров дар он чанд ҷумла посух медод, ки хӯрокро дарёфт кардааст.

​Заррина Набиева рӯзи 25 январ гуфт, рузи шанбеи гузашта барои иҷозаи мулоқот бо Бузургмеҳр ба Додгоҳи олӣ рафтааст, аммо мақомоти додгоҳ баъди шунидани арзи онҳо гуфтаанд, ки муроҷиати худро хаттӣ пешниҳод кунанд. Наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд,ки вай ҳамроҳи Нуриддин Маҳкамов баробар дар як рӯз маҳкум ба зиндон шуданд, вале фарзандони Маҳкамов панҷ маротиба бидани ҳеҷ мушкил бо вай дар СИЗО мулоқот кардаанд. Вале наздикони Бузургмеҳр, ҳадди аққал модари солхурдаашро аз моҳи ноябр ба ин сӯ иҷозат намедиҳанд, ки бо писар дидор кунад. Тавре ҳамсари Бузургмеҳр мегӯяд, чунин бархурд шубҳаи онҳоро дар мавриди саломатии Ёров бештар кардааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри имсол вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, инқарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ буда, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби наҳзати исломӣ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли 2015 мамнӯъ ва 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.​

XS
SM
MD
LG