Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров: Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров маҳбусони сиёсианд. ВИДЕО


Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – дар номаи боз ба унвонии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки соҳибкор Зайд Саидов ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров маҳбусони сиёсӣ ҳастанд. Зоиров иддао кардааст, бо ин номааш изҳороти ахири раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба чолиш мекашад.

Бозгашт ба изҳороти моҳи январ

Ҳанӯз маълум нест, ки ба изҳороти Зоиров мақомот чӣ посух медиҳанд, вале ӯ дар як изҳороташ дар соли 2006 гуфта буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон “на камтар аз 1000 маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ мешавад”.

Шоҳиён дар нишасти хабарии моҳи январ гуфта буд, ки додгоҳ гуноҳи Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёровро собит кард ва “ин парвандаҳо ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надоранд”. “Онҳо барои қаллобӣ ва ҷурмҳои дигар зиндонӣ шудаанд”, - таъкид кард ӯ. Ба ин тартиб, Шоҳиён вуҷуди маҳбусони сиёсиро дар зиндонҳои Тоҷикистон рад кард ва гуфт, бо баҳогузории созмону кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсӣ будани ҳукми ду нафар розӣ нест.

Сӯҳбати видеоӣ дар инҷост:

Вазири адлия ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ аз ҳукми ин ду нафар ва зиндониҳои дигар ҳимоят карда, гуфта буданд, додгоҳҳои кишвар аз рӯи қонун амал намудаанд ва ҳуқуқи ҳеҷ кас поймол нашудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Аммо Раҳматулло Зоиров рӯзи 22 март ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров моддаҳое кор бурда шудаанд, ки дар илми ҳуқуқ ҳамчун айбномаи сиёсӣ дониста ва эътироф мешаванд. Зоиров гуфт, баъд аз изҳороти Шоҳиён, ки дар матбуот ҳам инъикос шуд, аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст.

Моддаҳои "сиёсӣ"

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Ӯ гуфт, “масалан, моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ – “Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, моддаи 307 – “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” моддаҳое ҳастанд, ки дар ҳама вақт ва дар кадом давлате набошад, моддаҳои сиёсӣ мебошанд. Бузургмеҳр Ёров бо ҳамин моддаҳо маҳкум шудааст.”

Раҳматулло Зоиров, инчунин, гуфт, ки ахиран ба ду соли иловагӣ – яъне дар маҷмӯъ ба 25 соли зиндон маҳкум шудани Ёров “як амали фармоишӣ” буд. Зоиров дар мавриди Зайд Саидов гуфт, “вақте ки вай аз Фаронса баргашт, ӯро дар фурудгоҳи Душанбе боздошт карданд. Дар ҳоле ки вай вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе буд. Илова ба ин, дар ин муддате, ки вай мавриди пурсиш қарор дошт, ҳеҷ кадом аз се вакили мудофеъ бо вай чашм ба чашм мулоқот карда натавонистанд.”

Зайд замоне боздошт шуд, ки вакили Маҷлиси шаҳрӣ буд

Зайд Саидов
Зайд Саидов

Зоиров иддао мекунад, ки мақомот ин шароитро махсус созмон доданд, то вай бо вакилонаш вохӯрӣ накунад ва ин мусалламан аз нигоҳи ҳуқуқӣ тобиши сиёсӣ касб мекунад. Рӯзи 22 март ҳеҷ нафар аз мақомоти тоҷик, аз ҷумла раҳбарияти Додгоҳи олӣ барои шарҳи ин мавзӯъ дастрас набуд. Зоиров гуфт, ки номаи бозашро тариқи почта ба унвонии раиси Додгоҳи олӣ фиристодааст ва дар назар дорад рӯзи 27 март як нусхаи дигарро шахсан ба Додгоҳи олӣ бурда, дар Шуъбаи умумии он сабт кунад.

Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров бо тарафдоронашон парвандаҳои онҳоро сиёсӣ номида, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтаанд, яке баъди тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ва дигаре баъди омодагӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд. Ин ҳарфҳо аз ҷумла дар гузоришҳои солонаи созмони Human Rights Watch ва Amnesty International ҳам оварда шудааст. Ин созмонҳо мегӯянд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2016 якбора бад шуд.

Изҳороти 11 соли пеш

Ҳанӯз маълум нест, ки ба изҳороти Зоиров мақомот чӣ посух медиҳанд, вале дар як изҳороташ дар соли 2006 раиси ҳизби сотсиал-демократ дар маркази як баҳс қарор гирифт. Он замон ӯ гуфт, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон “на камтар аз 1000 маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ мешавад” ва ба унвони мисол аз қазияҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Рустам Файзиев, Ғаффор Мирзоев ва аъзои созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” ёд кард.

Вале раиси онвақтаи Додгоҳи олӣ Ҳизбуллоҳ Хоҷаев рӯзи 12 апрели соли 2006 иддаои Зоировро рад карда гуфта буд, ки “на дар гузашта ва на дар даҳ соли ахир дар кишвар нафаре бо ҷурми амали сиёсӣ маҳкум ба зиндон нашудааст ва ин гуна модда дар Қонуни кайфарии Тоҷикистон нест”. Баҳси зиндониҳои сиёсии Зоиров баъдан ба сохторҳои дигари тафтишотӣ ҳам кӯчид ва раиси ҳизби мухолифи ҳукумат он замон гуфт, ки бо даделҳои мӯътамад ҳақ будани худро собит мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG