Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалний: "Аз мубориза даст намебардорам"


Алексей Навалний баъди раҳоияш аз боздошт, рӯзи 30-юми сентябр дар як роҳпаймоӣ дар Оренбург иштирок кард
Алексей Навалний баъди раҳоияш аз боздошт, рӯзи 30-юми сентябр дар як роҳпаймоӣ дар Оренбург иштирок кард

Алексей Навалний – сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия – баъд аз чанд соати раҳоӣ аз боздошт рӯзи 30-юми сентябр дар як гирдиҳамоӣ дар шаҳри Оренбург иштирок кард. Ӯ гуфт, ки ба роҳпаймоӣ, гирдиҳамоӣ ва ташкили тазоҳурот дар гӯшаҳои мухталифи кишвараш идома хоҳад дод. Навалнийро 29-уми сентябр, пас аз даҳ соати боздошту нигаҳдорӣ дар идораи пулис, раҳо карда буданд.

Вазорати адлияи Русия дар посух ба изҳороти Шӯрои Аврупо гуфт, ин ниҳод “берун аз салоҳиятҳояш” амал мекунад ва талош дорад дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба ин кишвар фишор оварад.

Мақомот гуфтанд, ки алайҳи Навалний барои роҳандозии тазоҳурот санади маъмурӣ тартиб додаанд ва рӯзи душанбе бояд дар додгоҳ ҳозир шавад. Аммо худаш бовар дорад, ки бо ин иқдом мақомот аз суханронии ӯ дар роҳпаймоие дар ҳузури ҳазорон нафар аз таравдоронаш дар Нижний Новгород ҷилавгирӣ карданд.

Алексей Навалний пас аз раҳоиаш аз боздошт дар як видеио дар Инстаграми худ гуфт, “ман аз ҳамаи сокинони Нижний Новгород узр мехоҳам, ки натавонистам дар роҳпаймоӣ иштирок кунам. Зеро Кремлин ба хотири баргузории роҳпаймоие, ки имрӯз қарор буд баргузор шавад, хеле дар ҳарос аст.”

Ҳимояти Путин аз саркӯби эътирозгарон

Ин мухолифи ҳукумати Русия берун аз идораи пулис ба хабарнигорон гуфт, ба ҳар андозае ки мониа эҷод шавад, ӯву тарафдоронаш аз фаъолиятҳои худ даст нахоҳанд бардошт. Навалний як сол пеш эълон карда буд, ки мехоҳад дар интихоботи президентии соли 2018 номзад бишавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Русия баҳори соли оянда баргузор хоҳад шуд ва пешгӯӣ мешавад, ки номзади калидӣ боз ҳам президенти амалкунанда Владимир Путин мешавад Дар як додгоҳе, ки ба андешаи худи Навалний дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, ин сиёсатмадори мунаққиди Кремлин барои хилофкориҳои молӣ айбдор ва ба панҷ соли зиндони шартӣ маҳкум шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳукм ба Навалний иҷозат намедиҳад, ки дар интихобот номзадиашро пешбарӣ кунад.

Боздошти Алексей Навалний дар маркази Маскав

Алексей Навалнийи 41-сола, ки аз ҷумлаи мухолифони сарсахти Владимир Путин ба шумор меравад, барои муборизаи интихоботиаш дар гӯшаҳои гуногуни Русия беш аз 60 марказу дафтар дорад. Ин сиёсатмадор дар Твиттери худ навишт, Кремлин баргузории гирдиҳамоӣ ва тазоҳуротеро, ки аз тарафи ӯ ташкил мешавад, “бузургтарин хатар медонад”.

Владимир Путин
Владимир Путин

Ҳафтаи гузашта Кумитаи вазоратҳои Шӯрои Аврупо, як ниҳоди тасмимгиранда гуфт, ки мақомоти Русия ҳамоно ҳаққи раҳбари мухолифин Алексей Навалнийро нақз мекунад ва аз онҳо хост, ки иҷозат диҳанд Навалний дар интихоботи президентӣ номзад шавад. Кумитаи вазирон рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки ин паёмадҳои ҳукми ноодилонаи додгоҳи моҳи феврал аст, ки аз назари Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ва ҳомиёнаш беасос будааст.

Вазорати адлияи Русия дар посух ба изҳороти Шӯрои Аврупо гуфт, ин ниҳод “берун аз салоҳиятҳояш” амал мекунад ва талош дорад дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба ин кишвар фишор оварад.

XS
SM
MD
LG