Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний эҳтимоли суиқасд алайҳи худро соқит намекунад


Алексей Навальний
Алексей Навальний

Раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний мегӯяд, барои изҳороти алайҳи президент Путин эҳтимол ба ҷони ӯ суиқасд сурат бигирад. Ӯ ин эҳтимолро 50 дар сад мешуморад.

Навалний ин назари худро дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS баён дошт, ки порчаҳои он рӯзи 5 август ба интернет роҳ ёфтанд. Ӯ дар посух ба суоли эҳтимоли зиндонӣ шуданаш дар заминаи фаъолиятҳои зиддикоррупсионӣ гуфт, ки чунин қарорро танҳо Путин қабул мекунад. "Ҳеҷ кас намедонад, ки аз зеҳни ӯ чӣ мегузарад", - гуфт Навалний.

Машҳуртарин мунаққиди ҳукумати Русия, Алексей Навалнии 41-сола мехоҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2018 иштирок кунад, агарчӣ қонунгузории Русия чунин имконро барои ӯ пеш аз пеш маҳдуд кардааст.

Баъди ташкили аксияи "Антисубботник", дар таърихи 8 июл, ситоди интихоботии Навалний ва намояндагиҳои ӯ дар манотиқи Русия павайста мавриди тафтиш қарор мегиранд ва ҷонибдоронаш боздошт мешаванд.

XS
SM
MD
LG