Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис алайҳи Навалний "протоколи маъмурӣ" тартиб дод


Навалний ҳангоми суханронӣ дар ҷамъомади Мурманск
Навалний ҳангоми суханронӣ дар ҷамъомади Мурманск

Алайҳи Алексей Навалний, раҳбари мухолифини Русия, дар заминаи даъвати бамаротиб ба намоишҳои ғайриқонунӣ, протокол дар бораи "вайронкории маъмурӣ" тартиб дода шуд. Ин мавод дар наздиктарин фурсат ба додгоҳ ирсол меёбад. Дар ин бора дафтари пулиси Маскав рӯзи 29 сентябр хабар дод. Худи Навалний дар твиттер навишт, ки то ҳол ҳеҷ протоколе дарёфт накардааст.

Раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний рӯзи ҷумъа дар Маскав боздошт шуд. Пулис ӯро замоне боздошт кард, ки барои иштирок дар ҷамъомад ба Нижний Новгород мерафт.

Дар Нижний Новгород кормандони пулис ва сарбозони Горди Миллӣ саҳна ва дастгоҳҳоеро, ки барои суханронии Навалний дар майдони Маркин истифода мешуд, барчиданд. Эътирозгарон барои баргузории ҷамъомад дар ин майдон иҷозат гирифтанд, аммо рӯзи гузашта шаҳрдорӣ эълон кард, ки дар ин майдон намоишҳои варзишӣ баргузор мешавад.

Алексей Навалний тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии соли 2018 иштирок кунад. Ин чеҳраи мухолифи Кремлин феълан сафарҳои тарғиботиро дар манотиқи Русия анҷом медиҳад. Навалний мақомотро ба ин муттаҳам мекунад, ки барои мулоқоти ӯ бо мардум монеъа эҷод мекунанд.

XS
SM
MD
LG