Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар Чеченистон "низоми тундгароии исломӣ" бунёд шудааст". Видео


Тазоҳуроти пушибонӣ аз мусалмонҳои Мянмар дар Чеченистон

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний мегӯяд, дар Чеченистон "низоми тундгарои исломӣ" бунёд ёфтааст, ки бо "артиши маргталаб"-аш ба Русия ва тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Дар гирдиҳамоии рӯзи гузаштаи Грозний, ки ба хотири пуштибонӣ аз мусалмонҳои Мянмар сурат гирифт, раҳбари Чеченистон Рамазан Қодиров таҳдид кард, ки артиши чандҳазориашро ба Мянмар хоҳад фиристод.

Роҳбарияти Чеченистон мегӯяд, дар ин гирдиҳамоӣ бештар аз як миллион одам ширкат кардааст.

Дар Мянмар, ки аксари аҳолӣ буддоӣ ҳастанд, ақалиятҳои мусалмон аз сӯи мақомот таъқиб ва қатл мешаванд. Даҳҳо ҳазор мусалмони Мянмар ахиран маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд. Дар чанд рӯзи гузашта бештар аз 400 одам дар даргирии байни мусалмонҳо ва буддоиҳо кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG