Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний: “Ҳабси ман туҳфа ба зодрӯзи Путин аст” ВИДЕО


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Додгоҳе дар Русия раҳбари мухолифини ҳукумат Алексей Навалнийро бори севум дар соли равон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ин қарори додгоҳ рӯзи 2-юми октябр содир шуд.

Ҳамин тариқ, ба эҳтимоли зиёд, барномаи мунаққиди сарсахти Кремл дар сабқат барои курсии президентии Русия дарҳаму барҳам зад. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия моҳи марти соли оянда баргузор мешавад. То ҳол президенти ин кишвар Владимир Путин дар ин бора чизе нагуфтааст, вале пешбинӣ мешавад, ки ӯ ба зудӣ номзадиашро пешбарӣ намуда, бори дигар дар интихобот пирӯз хоҳад шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Навалний: "Ҳабси ман тӯҳфа барои зодрӯзи Путин аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Навалний умед дошт, ки сарфи назар аз мухолифати Комиссияи марказии интихобот дар сабқат барои курсии президентӣ ширкат варзад. Аммо ин ниҳод бо ишора ба ҳукмҳои Навалний исрор меварзад, ки ӯ аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуд.

Алексей Навалний таъкид мекунад, ки ҳукми ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. “Агар дар гузашта маро муддати чанд рӯз барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат ҳабс карда бошанд, ин дафъа барои ҳузур дар гирдиҳамоии расмӣ ҷазо гирифтам. Шояд ин як туҳфа барои зодрӯзи Путин бошад”, - афзуд ӯ.

Раҳбари мухолифин дар Русия рӯзи 29-уми сентябр дар роҳ ба як гирдиҳамоӣ дастгир шуда, сипас, бо ҷурми раҳбарии гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат ба муддати 20 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG