Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Аврупо ба Русия: роҳи Навалний ба интихобот боз шавад


Кумитаи вазоратҳои Шӯрои Аврупо, як ниҳоди тасмимгиранда гуфт, ки мақомоти Русия ҳамоно ҳақи раҳбари мухолифин Алексей Навалнийро нақз мекунанд ва аз онҳо хостанд, ки иҷозат диҳанд Навалний дар интихоботи президентӣ номзад шавад. Кумитаи вазирон рӯзи 21 сентябр гуфт, ки ин паёмадҳои ҳукми ноодилонаи додгоҳи моҳи феврал аст, ки аз назари Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ва ҳомиёнаш беасос будааст.

Вазорати адлия дар посух ба изҳороти Шӯрои Аврупо гуфт, ки ин ниҳод “берун аз салоҳиятҳояш” амал мекунад ва талош дорад дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ба ин кишвар фишор оварад. Интихоботи президентӣ моҳи маи соли 2018 баргузор мешавад ва пешгӯӣ мешавад, ки номзади калидӣ боз ҳам президенти амалкунанда Владимир Путин мешавад. Дар як додгоҳе, ки ба андешаи худи Навалний дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, ин сиёсатмадори мунаққиди Кремлин барои хилофкориҳои молӣ айбдор ва ба панҷ соли зиндони шартӣ маҳкум шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳукм ба Навалний иҷозат намедиҳад, ки дар интихобот номзадиашро пешбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG