Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли ман ҷангро намедонад


Таърихи 27-июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло дар кишвар насле ба воя расидааст, ки ҳамсоли созишномаи сул аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои таҷлили сазовори ин ҷашн маблағу нерӯи зиёде сарф мекунад. Аммо, ҳамасола бештаре аз ҷавонон иқрор мешаванд, ки дар бораи ин ҷашн кам иттило доранд ва ин ҳодисаҳо барои онҳо бештар моли таърих аст.

Ҷашне, ки мардум ба он чандон эътимод надоранд

27-уми июн барои Тоҷикистон ҷашни маъмулӣ нест. Омодагиҳо барои баргузории ин ҷашн аз муддатҳо қабл оғоз мешавад ва интихоби маҳалли таҷлили ҷашн ҳам яке аз ин тараддудҳо мебошад. Мақомот ҳар сол талош мекунанд идро дар шаҳрҳои гуногун барпо кунанд ва ин тасмимро дар амри ҳамгироии миллӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар амри омодагиҳо ба ҷашн "маршировка"-ҳои маҷбуриву ихтиёрӣ мегузаранд, ҳазорҳо ҷуфт либоси ҷашнии мушобеҳ ба парчами миллӣ ё "кабӯтарҳои сулҳ" дӯхта мешаванд. Будҷаи ид ҳам хароҷоти худро дорад.

"Насли ман ҷангро намедонад. Бигзор, ҳаргиз надонад."

Дар бархе аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ин ҷашнро бесаброна интизор мешаванд. Умед доранд, ки шояд шаҳр ё ноҳияи онҳо бо баҳонаи иди ҷумҳуриявӣ обод хоҳад шуд. Зимнан, дар соли ҷорӣ Конибодом маркази асосии ҷашни Ваҳдат интихоб шудааст. Мардум умедворанд, ки қабл аз ташрифи президент, кӯчаҳо ва биноҳои ин минтақа бозсозӣ шуда, ин минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон ободтар хоҳад шуд.

Вале дар амри омодагӣ ба ҷашн, дар заминаи зарурати таҷлили ид суолгузорӣ мекунанд. Бархе мегӯянд, шояд дурусттар буд, агар дар ин рӯз ёди қурбониҳои ҷанг мекарданд. Ҷанги солҳои 1992-1997-и шаҳрвандиро ҷанги бародаркуш ҳам мегӯянд ва баъди 21 соли имзои созишномаи сулҳ бештари ширкаткунандаҳои он аз саҳна ваё кишвар дур карда шудаанд.

"Насли сулҳ"

Ҷавононе, ки онҳоро бахши пешбари ҷомеа меноманд, 17 то 30-сола мебошанд. Бархе сиёсатмадорон онҳоро "насли сулҳ" ҳам меноманд. Бештаре аз онҳо баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ё дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шудаанд ва ҳоло то охир дарк намекунанд, ки он давра чӣ замоне буд. Онҳо ҷангро надидаанд ва ҳатто эҳсоси он солҳоро надоранд. Танҳо аз нақли шоҳидон - волидону ҳамсояҳо ва аз матбуоту телевизион медонанд ваё шояд аз тамошои саҳнаҳои ҷанг дар Сурияву Украина тасаввуре дар бораи даҳшати ҷанги воқеӣ пайдо кунанд. Дар Тоҷикистон ҷавонон зиёд ба масоили ҷамъиятиву сиёсӣ таваҷҷӯҳ надоранд, бештар дар фикри рушди шахсӣ ҳастанд.

Гулафрӯз, яке аз намояндаҳои "насли сулҳ" аст, ки соли 1992 таваллуд шудааст. Хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон мебошад ва ҳоло мехоҳад арӯсӣ кунад. Вай иқрор шуд, тоза огаҳӣ ёфтааст, ки ҳамсоли он ҷанг мебошад.

"Ҳамеша медонистам, ки чунин ҷашне вуҷуд дорад, вале бароям ҳодисаҳои он солҳо чандон ҷалби таваҷҷӯҳ намекард. Чизеро, ки бо чашмонам надидаам, наметавонам мисли волидайнам дарк созам. Вале онҳо вақте он аз ҳодисаҳо қисса мекунанд, аз тарсу ҳаяҷон ба ларза медароянд", - гуфт вай.

Гулафрӯз медонад, ки он замон қатлҳои ваҳшиёна буду падараш муддати тӯлонӣ ба модараш иҷоза намедод, ки ба кор барояд. Ҳарчанд модараш доруфурӯш буду дорухона дар муқобили манзилашон воқеъ будааст. Вай мегӯяд, дар бораи солҳои ҷанг гоҳо суол мекунад ва мехоҳад, ки вазъи волидайнашро дар он замона дуруст дарк кунад, аммо наметавонад он замону шароиташро тасаввур кунад...

Таърихи он давра то охир ҳанӯз иншо нашудааст

Ба Гулафрӯз барои пайдо кардани иттилои бештар дар бораи ҳодисаҳои ғамангези солҳои 90-ум пешниҳод кардам ба китобхонаи бузургтарини кишвар биравем. Мутмаинам, дар он ҷо метавонем иттилои заруриро пайдо кунем. Озими табақаи севвуми бино мешавем, ки он ҷо адабиёти таърихӣ бештар аст.

Китобхонаи милии Тоҷикистон.
Китобхонаи милии Тоҷикистон.

Корманди китобхона ҳадафи моро дуруст дарк накарда, бароямон китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуровро пешниҳод мекунад. Баъд аз шарҳи ин нукта, ки мо намояндаҳои насли баъди ҷангӣ ҳастему мехоҳем дар бораи он солҳо иттилои бештар дошта бошем, корманди китобхона китфҳояшро ба ҳам кашида, чанд маҷаллаи русиро пешниҳод кард, ки дар онҳо дар бораи ҷанги тоҷикон матлабҳо нашр шудаанд.

Гулафрӯз маҷаллаҳоро варақ мезанад, аммо иттилои андак саҳнаҳои ҷангии он солҳоро пурра рӯшан намекунад. Мо сари компютери қадимии китобхона нишаста, дар ин интернет иттилои заруриро ҷустуҷӯ мекунем.

"Маҳалчигӣ як сабаби ҷанг будааст, - мегӯяд вай баъд аз хондани чанд матлаби сомонаҳо. - Ман инро намедонистам", - мегӯяд вай.

Надидаем – намефаҳмем

Анфисаи 46-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷанги шаҳрвандиро дар айёми шукуфоии ҷавониаш дидааст. "Ҷанги шаҳрвандиро хуб дар хотир дорам, ин давраи даҳшатнок буд ва тарс аз ваҳшонияти он давраро наметавонам ҳаргиз фаромӯш созам. Аммо, барои фарзандонамон ҳамааш норӯшан аст. Ин мисли ҳамон вазъе аст, ки дар даҳаи солҳои 80-ум мо Ҷанги Бузурги Ватаниро тасаввур мекардем. Ҳамеша ҳамдарди собиқадорони ҷанг будему ба асирони лагерҳои фашистӣ ҳамдардӣ мекардем, аммо дар асл эҳсоси онҳоро дақиқ дарк намекардем. Насли мо ба медалу орденҳои ҷангӣ арҷ намегузошт, метавонистем нонро ба портовгоҳ андозему эҳсоси гуруснагӣ ва талафотро дарк накунем",-гуфт вай.

Аҳмад, соҳиби фурӯшгоҳи яхмоси хонагӣ низ бо назари ин хонум мувофиқ аст. "Ҷавонон аслан чӣ будани ҷангро намедонанд. Он вақт чанд сола буданд онҳо? Ду ё сесола? Баъзе аз онҳо ҳанӯз таваллуд ҳам нашуда буданд! Барои ҳамин, бояд пайваста ба онҳо ёдрас карда шавад, ки сулҳу оромӣ зарур аст. Такрори ҳодисаҳои солҳои 90-ум барои мо даркор нест, бас аст!",- хитоб кард вай.

Ҳоло тиҷорати хонаводагии Аҳмад тавсеа меёбад. Барои чашидани яхмоси машҳураш муштариён аз ҳар гӯшаи шаҳри Душанбе ба маҳаллаи колхози "Россия" сафар мекунанд. Аммо дар солҳои 90-ум танҳо садои тири пулемет шунида мешуду фаввораҳои об хомӯш буданд.

Аҳмад мегӯяд, ки он замон худаш сарфаҳм намерафт, ки даргириҳо аз чӣ шурӯъ шуданду чӣ паёмадҳои даҳшатнок хоҳанд дошт. Солҳо гузаштанду ба фарзандонаш қисса мекард, ки чӣ қадар азият кашиданд. Зеро, ба бовари Аҳмад, фарзандон набояд иштибоҳи калонсолонро такрор кунанд.

... Мо тавонистем бо ҷавонҳои гуногун сӯҳбат кунем. Ҳоло ҳамсолони Созишномаи сулҳ аллакай 20-сола шуда, донишгоҳҳоро хатм мекунанд ё машғули коре ҳастанд. Бисёриҳо дарк мекунанд, ки ин ҷанг барои миллат фоҷиа буд ва оилаҳои зиёде дар ин ҷанг қурбонӣ доштанд. Вале дар ин бора ором сӯҳбат мекунанду баъзан табассум ҳам мекунанд. Насли ман ҷангро намедонад. Бигзор, ҳаргиз надонад.

XS
SM
MD
LG