Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирони бемору корафтодаро аз Осиёи Марказӣ ба Русия роҳ надодаанд. ВИДЕО


Акс аз навори ТВ "Настоящее Время"
Акс аз навори ТВ "Настоящее Время"

Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ҳақ додааст, ки агар ба табобат ниёз доранд, метавонанд, ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Аммо ҳафтаи гузашта баъзе аз мусофирон аз Узбекистон шикоят карданд, ки бо вуҷуди доштани санад онҳоро аз марз гардонданд. Сарҳади Русия аз моҳи марти соли гузашта бастааст.

"Ӯ барои табобат омад, вале..."

Модарарӯси Ойбек Маҳкамов, муҳоҷире аз Узбекистон, охири моҳи декабр дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Маскав банд монд. Ӯ барои анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ ба Русия парвоз карда буд. Пайвандонаш гуфтанд, пули ҷарроҳиро пардохтааст ва бо даъватномаи духтури ҷарроҳ сафар кардааст, аммо дар Маскав ӯро пешомади нохушоянде мунтазир буд.

Шахсоне, ки барои табобат ба Русия мераванд, аз гуруҳи камшуморе ҳастанд, ки дар шароити марзҳои баста бинобар пандемияи коронавирус ҳаққи ворид шудан ба қаламрави Русияро доранд. Ойбек Маҳкамов мегӯяд, модарарӯсаш бори аввал ба Русия меояд ва имкон надорад, ки вуруди ӯ ба марзи Русия манъ шуда бошад.

"Ӯ барои табобат омад. Бояд ба ҳавопаймои дигар савор шуда, ба Екатеринбург мерафт. Пули табобат дар Екатеринбург пардохт шудааст. Духтур дар шакли электронӣ ҳама ҳуҷҷатҳоро фиристод", -- афзуд ӯ.

"Дар ин ҷо мисли саг хобидаем"

Чорӣ Қулиев, вакили мудофеъ, ба дари ҳама идораҳои фурудгоҳ сар зад, аммо посухи қаноатбахш гирифта натавонист. "Ҳама дархостҳои ҳуқуқшинос рад мешаванд", -- мегӯяд ӯ.

Вай афзуд: "Наметавонам ба он ҷо дароям ва фаҳмам, ки асли масъала чист? Дар кадом асос ӯро ба кишвар ворид шудан намемонанд. Дар ҳоле ки бинобар қарори ҳукумат барои табобат ва ё ба аёдати наздикон шаҳрванди хориҷӣ ба Русия омада метавонад."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Мусофирони корафтодаро ба Русия роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Шаҳрвандони Узбекистон маҷбуранд, аз фурӯшгоҳҳои фурудгоҳ хӯрок харанд. Барои бисёриҳо ин гарон аст:

  • "Одамон 3-4 рӯз боз интизоранд. Майлаш мо, ин ҷо занону кӯдакон ҳастанд."
  • "Чанд рӯз боз азоб кашида истодаем. Бигзор шиносномаҳоро диҳанд ва мо аз ин ҷо раҳо шавем. Дар ин ҷо бисёр душвор аст."
  • "Занону кӯдакон азоб мекашанд. Кӯдакон гиря доранд. Шиносномаҳоро гирифтанд. Ҷиҳозамонро намедиҳанд."
  • "Мисли саг инҷо хобидаем, онҳо виҷдон доранд?"
  • "Ҳама нишастаанд. Ду рӯз боз касе чизе намегӯяд. Касе хабар намегирад. Шиносномаҳоро намедиҳанд. Ба куҷо равем? Ҳама нишастаанд ва мунтазиранд. Касе бо кӯдак аст, азоб дорад."

Дар фурудгоҳ гуфтанд, "ба идораи дигар муроҷиат кунед"

Мо ба дафтари матбуоти фурудгоҳ муроҷиат кардем ва пурсидем, ки аз ин вазъият хабар доранд ва оё ба шаҳрвандони Узбекистон ягон ёрӣ расонида мешавад? Онҳо дар ин бора чизе намедонанд ва моро ба идораҳои дигар фиристоданд.

Дар дафтари матбуоти фурудгоҳи Шереметево гуфтанд: "Доир ба ин масъала ба идораҳои дигар муроҷиат кардан зарур аст. Эҳтимол аз ҷониби онҳо ягон ёрӣ расонда шавад."

Ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроев ба ин назар аст, ки нигоҳ доштани шаҳрвандони Узбекистон дар фурудгоҳи Маскав бо сиёсат олуда аст ва ҳамин гуна Кремл ба Тошканд паём мефиристад. Ҳуқуқшинос гуфт, сабаби дигареро дар миён намебинад.

Узбекистониҳо барои ворид шудан ба Русия муваффақ нашуданд. Дар рӯзи 4-уми интизорӣ онҳоро бозпас фиристоданд. То охир ба онҳо касе нагуфт, ки кадом қонунеро поймол карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мусофирон ният доранд ба додгоҳ муроҷиат карда ва ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG