Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати нав. Беш аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба хориҷа маҳрум шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон беш аз ду ҳазор шаҳрвандро аз ҳаққи берун рафтан аз кишвар маҳрум кардааст.

Мақомот мегӯянд, ин афрод аз бонкҳо қарздоранд ва ё алименти фарзандони худро напардохтаанд. Дар миёнашон раҳбарони 130 ширкати хусусӣ низ ҳастанд.

Бархе аз шахсони қарздор гуфтанд, ин тасмим роҳи ҳал нест, чун онҳо дар хориҷа кор кардаву пул ба даст меоранд ва иҷозаи берун нарафтан аз кишвар барояшон дардисар хоҳад овард.

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон ду сол пеш таъсис шудааст ва ба иҷрои қарори додгоҳҳо машғул аст. Як масъули Хадамот бе зикри номаш рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба истилоҳ "мамнуъ-ул-хуруҷ” шудани шахсони қарздор аз соли 2018 дар қонунгузории кишвар ворид шудааст, аммо то ҳол тартиби иҷрои он набуд.

“Рӯйхат дар махзани электронӣ ворид мешавад ва марзбонҳо ва маъмурони Вазорати корҳои дохилӣ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Ин одамон то қарзашонро насупоранд, аз кишвар берун рафта наметавонанд. Мисол, дар фурудгоҳ ё роҳи оҳан ба онҳо иҷозаи сафар намедиҳанд", -- шарҳ дод ӯ.

Ин масъули Хадамоти иҷро гуфт, бастани роҳи чунин афрод масъулияти сокинонро барои баргардондани қарз ва супурдани алименти кӯдаконашон бештар мекунад: "Дар гузашта бисёре аз қарздорон ба хориҷ фирор карданд ва дигар қарзҳояшонро насупурданд."

Барои Анвар Ҷӯраев, сокини вилояти Хатлон, ки панҷ сол пеш аз ҳамсараш (бо чаҳор фарзанд) ҷудо шуд, хабари “мамнуъ-ул-хуруҷ” шудани шахсони қарздор хушҳолкунанда набудааст. Ӯ гуфт, додгоҳ вайро вазифадор кардааст, ки ҳар моҳ ба кӯдаконаш беш аз ҳазор сомонӣ бидиҳад.

“Дар Тоҷикистон ҷойи кор надорам. Ин пулро танҳо аз ҳисоби кор дар Русия ба даст меовардам. Ҳоло роҳ бастааст ва чаҳор моҳ шуд, ки алимент надодаам. Агар роҳ кушода шаваду дар ин рӯйхат бошам, намедонам, ин пулро аз куҷо бисупорам?”, -- суол гузошт ӯ.

Фарзона Раҳимова, зане, ки шавҳари собиқаш дар Қазоқистон кор мекунад ва, ба иддаои ӯ, "як сол боз барои ду фарзандаш як дирам намедиҳад", таҳияи чунин феҳраст қобили қабул аст. Фарзона се сол пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст ва додгоҳ шавҳари ӯро ба пардохти 420 сомонӣ барои ду фарзанд вазифадор кардааст.

“Як сол шуд, ки пул намефиристад. Шаш моҳ дар Тоҷикистон буд, пулро надод. Ба прокуратура ариза навиштам. Даъват карданд, бо ҳамин рафт. Агар чунин рӯйхат мешуд, маҷбур пардохт мекард.”

Аммо аксари онҳое, ки аз бонкҳои Тоҷикистон қарздор ҳастанд, мегӯянд, дар сурати маҳрум шудан аз ҳаққи сафар ба хориҷа имкони пардохти қарзро нахоҳанд дошт.

Фирдавс Пӯлодӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, бастани роҳи шаҳрвандони қарздор ба хориҷа таҷрибаи роиҷ дар аксар кишварҳои ҷаҳон аст. Ба гуфтаи ӯ, «воқеан ин низом дуруст кор кунад, сокинон ҳангоми гирифтани қарз масъулиятшинос мешаванд. Чун бисёре аз муштариёни бонкҳои муфлисшудаи кишвар ба хориҷ рафтаанд. Ҳолатҳои фирор ҳам буд. Агар ин рӯйхат бошад, маҷбур мешаванд, қарзро саривақт диҳанд."

Бархе ба ин назаранд, ки чунин рӯйхат метавонад боиси бештар шудани фасод ҳам гардад. Яъне, ба бовари ин гуруҳ, нафаре, ки вориди рӯйхат мешавад, имкон дорад, бо додани «пора» аз кишвар берун равад.

Масъулони Хадамоти иҷро мегӯянд, дар сурати вориди махзани электронӣ шудан ин кор ғайриимкон хоҳад шуд.

Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон соли 2018 таъсис шуда ва кореро мекунад, ки дар гузашта судиҷрочиён анҷом медоданд. Таҳияи рӯйхати қарздорони "мамнуъ-ул-хуруҷ" аз корҳоест, ки ин хадамот бори аввал дар кишвар анҷом медиҳад.

Дар гузашта Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати афроди "алоқаманд ба терроризм" ва аъзои гуруҳҳои ифротгароро таҳия карда буд, ки номи 2647 нафарро дар бар мегирад ва ҳамагуна амалиёти бонкиро барояшон манъ кардааст.

Дар он рӯйхат номи чанде аз сиёсатмадорон ва ҷонибдорони гуруҳу ҳизбҳои сиёсӣ низ ҳастанд. Мақомот онҳоро ба ифротгароиву пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам кардаанд, вале худи онҳо мегӯянд, дар як саф ҷой додани террористон ва мухолифони сиёсӣ "аз рӯйи адолат нест".

XS
SM
MD
LG