Пайвандҳои дастрасӣ

"Ихроҷ мешавед". Номаи таҳдидомези як донишгоҳи Русия ба донишҷӯёни тоҷик


Баъзе аз донишҷӯёни тоҷик дар моҳи ноябр аз мақомот хоста буданд, ки роҳи онҳоро ба Русия кушоянд
Баъзе аз донишҷӯёни тоҷик дар моҳи ноябр аз мақомот хоста буданд, ки роҳи онҳоро ба Русия кушоянд

Масъулони Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирски Русия ба 10 донишҷӯ ва ординаторҳои тоҷик ҳушдор додаанд, ки агар ба зудӣ ба дарс ҳозир нашаванд, онҳоро аз донишгоҳ ихроҷ ё берун мекунанд. Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, барои ҳалли масъала ба Вазорати маориф ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Бино бар баста будани марзи Русия, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кору таҳсил ба он кишвар рафта наметавонанд. Танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бемор ҳастанд ё кӯдаконашон дар Русия бепарастор мондаанд, иҷозаи сафар ба он кишварро доранду бас.

Афзалшоҳ Дилмуродов, ординатори Донишгоҳи давлатии тиббии Новосибирск, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "охири моҳи ноябр ба суроғаи электронии мо аз донишгоҳ мактуб омад. Дар он гуфта шудааст, ки ё таҳсилро ҳузурӣ идома медиҳед ё аз донишгоҳ ихроҷ мешавед."

Пештар мақомоти Тоҷикистон ва намояндагии расмии Русия дар Душанбе гуфта буданд, ки донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия онлайн ба таҳсил идома диҳанд.

Дилмуродов мегӯяд, ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба донишгоҳи тиббии Новосибирск дохил шуд ва бинобар он ки ихтисосаш ҷарроҳӣ аст, таҳсили онлайн имкон надорад. "Мо ихтисоси ҷарроҳро интихоб кардем. Дарсҳои мо наметавонанд онлайн бошад, чун аксари онҳо амалӣ ҳастанд", - иброз дошт ӯ.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, маблағи таҳсилаш 171 ҳазор рубли русӣ, муодили беш аз ду ҳазор доллар аст ва то кунун ниме аз онро пардохтааст. Маъмурияти донишгоҳ, ба гуфтаи ӯ, дар мавриди донишҷӯ будан маълумотнома фиристодаанд, аммо бо ин санад наметавонад ба Русия сафар кардаву таҳсилашро идома диҳад.

Дар баробари Дилмуродов, донишҷӯён ва ординаторҳои дигари тоҷик бо чунин мушкил дучор омдаанд. Рӯзи 11-уми ноябри имсол гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби густариши коронавируси нав имкони рафтан ба он кишварро надоранд, дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъ омаданд. Онҳо хоҳони ҳалли мушкили сафар ба Русия шуданд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, 13-уми ноябр дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронии донишҷӯёнро дарк мекунад, аммо айни замон афзуд, агар онҳо дар Русия низ мебуданд, имкони иштирок дар дарсҳоро надоштанд. Чун, ба қавли сафир, бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории коронавирус дар Русия низ таҳсили фосилавиро ба роҳ мондаанд.

Ба қавли дипломати баландпояи Русия, эҳтимоли аз байн бурдани маҳдудиятҳо аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар Русия ва кишварҳои дигар вобастааст.

Аммо донишҷӯён мегӯянд, маъмурияти донишгоҳҳо вазъи ба амаломадаро ба инобат намегиранд ва онҳо дар ростои хориҷ шудан аз донишгоҳ ва барбод рафтани як сол ва маблағи таҳсил қарор доранд.

XS
SM
MD
LG