Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз назди вазорат ба назди сафорат. Донишҷӯёни тоҷик хостанд, "роҳашонро боз кунанд" ВИДЕО


Донишҷӯён мегӯянд, ки агар ба Русия нараванд, аз дарсҳо ақиб мемонанду дониши дуруст намегиранд.
Донишҷӯён мегӯянд, ки агар ба Русия нараванд, аз дарсҳо ақиб мемонанду дониши дуруст намегиранд.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби хуруҷи коронавирус имкони рафтан ба он кишварро надоранд, субҳи 11-уми ноябр назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омаданд ва хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд.

Теъдоди онҳо тақрибан 15 нафарро ташкил медод. Чанде аз донишҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз муроҷиат, дар сафорат гуфтаанд, ки рӯзи 13-уми ноябр консули Русия дар Тоҷикистон гурӯҳи донишҷӯёнро пазируфта, вазъро ба онҳо мефаҳмонад.

Донишҷӯён гуфтанд, бори аввал нест, ки аз сафорати Русия ва дигар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дархост намудаанд, то ба масъалаи сафари онҳо ба Русия ва таҳсилашон расидагӣ шавад.

Донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд ба Русия баргарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Мирзокарим Миралиев, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русия ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ихтисосам нефт химия аст, дарсҳои мо мушкил аст, пайвандҳое, ки барои дарс мефиристанд, 5 соат вақтро мегирад, мегабайт қимат, зӯрамон намерасад”.

Як масъули бахши матбуоти сафорати Русия дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди муроҷиати расмӣ ва гирифтани мактуб ҳозиранд, масъалаи сафари донишҷӯёни тоҷикро ба Русия шарҳ диҳанд.

Ду рӯз пештар аз ин гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик барои кӯмакхоҳӣ дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъ шуданд. Он рӯз ду намояндаи вазорат бо донишҷӯён суҳбат карданд ва гуфтанд, масъалаи идомаи таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар пайваста баррасӣ мешавад.

Вазорат мегӯяд, сафорати Русия дар Душанбе дар посух ба ёддошти онҳо гуфтааст, ки сафари донишҷӯён пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо назардошти вазъи беҳдоштӣ имконпазир хоҳад шуд. Донишҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳсили фосилавӣ дар кишвар душвор аст ва мехоҳанд, ба Русия раванд.

Донишҷӯён борҳо таъкид намудаанд, ки суръати пасти интернет, нархи гарони он ва қатъи нерӯи барқ аз монеаҳои аслӣ барои таҳсили фосилавӣ аст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, суръати интернет беҳтар шудааст ва нерӯи барқ ҳам бе маҳдудият таъмин мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, Русия имсол барои довталабони тоҷик 630 бурсия ё квота ҷудо кардааст. Ба иттилои вазорати маориф, шумораи донишҷӯён дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ ба иттилои ин ниҳод, 34 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар 30 кишвар таҳсил мекунанд.

Панҷ кишвари асосие, ки шумори бештари донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд. Дар Чин севуним ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Беш аз ним сол аст, бо далели пешгирӣ аз сирояти коронавирус парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо қатъ гардидааст. Донишҷӯён мегӯянд, ба дарозо идома ёфтани чунин вазъият, мушкили онҳо низ барои аз худ намудани барномаҳои таълимӣ бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG