Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати интернет ва камбуди барқ таҳсили фосилавии донишҷӯёни тоҷикро мушкил кардаанд


Омӯзгоре дар Русия ба шогирдонаш дарси фосилавӣ медиҳад

Ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қабул шуда, бо хуруҷи коронавирус натавонистанд ба дарсҳо ҳозир шаванд, аз шароити анҷоми дарсҳои фосилавӣ дар кишвар, нигаронӣ доранд.

Суръати пасти интернет, нархи гарони он ва қатъи нерӯи барқ, ба гуфтаи ин ҷавонон, аз монеаҳои аслӣ барои таҳсили фосилавӣ аст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, суръати интернет дар кишвар беҳтар шудааст ва маҳдудияти нерӯи барқ ҳам ҷорӣ нашудааст.

Наҷибулло Абдуллоев, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба Донишгоҳи тибии шаҳри Новосибирск қабул шуд. Ӯ бояд барои таҳсил ба Русия мерафт, вале бо сабаби хуруҷи коронавирус ва баста шудани роҳҳо маҷбур аст, тариқи фосилавӣ таҳсил кунад.

Наҷибулло беш аз ду моҳ боз тариқи фосилавӣ дар дарсҳо ширкат мекунад, вале мегӯяд, “бо нарх ва сифати интернете, ки дар Тоҷикистон аст, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ тариқи дарсҳои фосилавӣ душвор аст.”

Баҳромҷон Кучкаров, сокини ноҳияи Ашт ҳам, ки ба яке аз донишгоҳҳои Русия дохил шудааст, мегӯяд, ҳангоми дарсҳои фосилавӣ нерӯи барқро қатъ мекунанд. “Бисёр мушкил аст, ҳам шабона ва ҳам рӯзона. Дар соатҳои гуногун қатъ кардан мегиранд,”--гуфт Кучкаров.

Ба гуфтаи ин донишҷӯ, таҳсили фосилавӣ дар муқоиса ба шаҳрҳо дар маҳалҳо мушкил аст, “зеро дар баробари қатъи нерӯи барқ, мушкили дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳо бештар эҳсос мешавад.”

Мақомот ба шикояти ин гуруҳи ҷавонон розӣ нестанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, суръати интернет дар муқоиса ба чанд соли пеш беҳтар шудааст. Ба гуфтаи Атоев, “дар бисёр минтақаҳо гузариш аз низоми 3G ба 4G амалӣ шуда истодааст ва сифати интернет хуб шудааст”.

Ин мақоми Хадамоти алоқа ба нигаронӣ аз гарон будани нархи интернет гуфт, “алтернатива аст, донишҷӯён метавонанд аз дигар ширкат ё аз тарофаҳои арзонтар истифода баранд”.

Илҳом Атоев, мувоини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, дар мавриди беҳтар намудани шароити таҳсили фосилавии донишҷӯён бо Вазорати маорифи кишвар ҳамкорӣ доранд, вале ҷузъиёти чунин ҳамкорияшонро шарҳ надод. Дар Вазорати маориф низ дар ин бора чизе нагуфтанд.

Дар Тоҷикистон нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ беш аз 20 сомонӣ буда, солҳои ахир сокинону коршиносон пайваста аз суръати сусту нархи гарони интернет шикоят мекунанд.

Бо гузашти ду моҳ аз фарорасии соли нави хониш, масъалаи сафари донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷа ҳануз ниҳоӣ нашудааст.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои қабули донишҷӯён аз сӯи кишварҳои хориҷа бо ҳамтоёни худ музокирот доранд, вале масъала то ҳол пурра ҳал нашудааст. Дар ин ниҳод таъкид намуданд, ки ин масъала аз кишварҳои қабулкунандаи донишҷӯён вобастагӣ дорад.

Қаблан Белорус ва Украина омодагии худро барои қабули донишҷӯёни тоҷик изҳор дошта буданд ва парвозҳо ба ин кишварҳо низ сурат гирифта буд. Шумораи бештари донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ки ин кишвар то ҳол омодагии худро барои пазируфтани донишҷӯён аз Тоҷикистон эълон накардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Русия имсол барои довталабони тоҷик 630 бурсия ё квота ҷудо кардааст. Ба иттилои Вазорати маориф, шумораи умумии донишҷӯён дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ ба иттилои ин ниҳод, шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар 30 давлати дунё беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил медодааст. Ҳамин сол 1800 бурсия барои қабули довталабони тоҷик аз сӯи кишварҳои ҷаҳон ҷудо шудааст.

Панҷ кишвари асосие, ки шумори бештари донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд. Дар Чин севуним ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Беш аз ним сол аст, бо далели пешгирӣ аз сирояти коронавирус парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо қатъ гардидааст. Донишҷӯён мегӯянд, ба дарозо идома ёфтани чунин вазъият, мушкили онҳо низ барои аз худ намудани барномаҳои таълимӣ бештар шудааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG