Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марз кай боз мешавад?" ва чаҳор сухани дигар, ки имсол сари забонҳо буд


Таҷаммӯи муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон. Тобистони соли 2020
  • Коронавирус
  • Нарх
  • Марз
  • Лимит
  • Селофанпеч. Панҷ калимае, ки ба бовари корбарони Радиои Озодӣ аз ҳама бештар дар соли 2020 дар Тоҷикистон сари забонҳо буданд.

Дар муайян кардани панҷ калима ё сухани серистифодаи соли 2020 тақрибан се ҳазор корбари Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок карданд. Онҳо гуфтанд, ҳар як вожа дар пайи ҳодиса ё раванде, ки ба зиндагии аксарият таъсир дорад, оммавӣ шудааст. Корбаре дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Инстаграм" навиштааст, "дар соли 2020 калимаҳое зиёд мавриди истифода буданд, ки оҳанги ноумедӣ ва мушкилӣ доштанд".

КОРОНАВИРУС

Моҳи декабри соли 2019, вақте мавриди нахустини гирифторӣ ба коронавируси навро дар Вуҳани Чин сабт карданд, ин калима барои аксарият ноошно буд. Он замон, ба гуфтаи Анвар, як корбари "Инстаграм", касе интизор надошт, ки коронавирус фаротар аз як вожа аст ва ба одамон босуръат сироят мекунад ва "дар дилҳо тухми тарсу ваҳм мекорад, оилаҳоро ба ғам мешинонад ва зиндагии мардумро парешон мекунад."

Мақомоти Тоҷикистон пас аз чаҳор моҳи пайдо шудани вирус дар ҷаҳон ва баъд аз интиқодҳову марги чанд сокини кишвар аз "илтиҳоби шуш" мавҷудияти вируси навро эътироф карданд.

Оиша Абдусаломова, корбари Радиои Озодӣ дар Фейсбук, навиштааст, коронавирус қоидаҳои нонавиштаеро ҷорӣ кард: "Телевизионҳо дигар аз тавсияву машваратҳо пур шуд. Дастҳоро бо собун шӯед, витамин хӯред, испанд дуд кунед ва ҳазор тавсияи дигар."

Коронавирус ё COVID-19 то нимаи соли 2020 на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳонро дар ростои номуайянӣ қарор дод. Танҳо вожаи "ваксина" буд, ки аз ибтидои пайдо шудани коронавирус ба ихтирои он башарият чашм дӯхта буд. Пайдо шудани ваксинаи зидди коронавирус дар поёни соли 2020 аз хабарҳои хушҳолкунанда буд, аммо ба миён омадани намуди нави вирус, ки гуфта мешавад босуръат паҳн мешавад, дигарбора бисёриҳоро маҳзуну нигарон кард.

"СЕЛОФАНПЕЧ"

Қабрҳои селофанпеч дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе дар давраи коронавирус пайдо шуд
Қабрҳои селофанпеч дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе дар давраи коронавирус пайдо шуд

Ҳанӯз, замоне ки Тоҷикистон дар моҳи март ва аввали моҳи апрел вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф накарда буд, дафни чанд ҷасади "селофанпеч", ки ба қавли пизишкон сабаби фавташон "илтиҳоби шуш" буд, вожаи "ҷанозаҳои селофанӣ"-ро ба забони мардум ворид кард. Ин шеваи гӯронидан сокинонро нигарон карда буд. Чанд навор ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки шахсоне бо ниқобу либоси махсус ҷасадҳои селофанпечро мегӯронанд ва наздиконашонро ба маросими дафн роҳ намедиҳанд.

Наздикон бо фиғон худро ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" мезаданд, то бо азизони худ барои абад видоъ кунанд. Як мавриде мустанад шуд, ки намози ҷанозаро бе худи майит хонданд.

Умеда Абдулҳамидова, корбаре дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, аз моҳи март то ин дам шабакаҳои иҷтимоӣ ва кӯчаву бозор аз хабари "фалонӣ аз коронавирус мурд, пур шудааст".

Аммо дафни ҷасадҳои селофанпеч ба ҳамон адозае, ки ногаҳонӣ дар Тоҷикистон пайдо шуд, ҳамон гуна пас аз як моҳи эълони расмии вуҷуди коронавирус "гум шуд". Бо вуҷуди хабарҳои фавти сокинон аз коронавирус дигар фавтидаҳо аксаран бо шеваи маъмулӣ дафн шуданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз моҳи май то кунун коронавирус ба беш аз 13 ҳазор кас сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин омор ба маротиб бештар аз онест, ки мақомот мегӯянд.

МАРЗБАНДӢ

Хаймаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар марзи Русияву Қазоқистон
Хаймаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар марзи Русияву Қазоқистон

Бастани марзҳоро дар саросари дунё низ пайдоиши коронавирус маъмулӣ кард. Аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус Тоҷикистон, моҳи марти имсол ва бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавируси нав марзҳои худро бастанд.

Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд кишвари дунё, бештар дар Русия, дармонданд. Марзҳои баста суолҳоеро эҷод кард, ки посухашро касе дақиқ намедонист. "Марз кай кушода мешавад?", -аз суоли асосии аксар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва корҷӯён дар Тоҷикистон буд. Зарнигор Давлатзода, як корбари Радиои Озодӣ навиштааст, ҳар гоҳе саҳифаи Фейсбукро мекушояд, ҳатман суоли бепосухи "Роҳ ба (аз) Русия кай боз мешавад?" дар пеши чашмаш пайдо мегашт.

Ба роҳ мондани парвозҳои чартерӣ аз Русия ва чанд кишвари дигар дар нимаҳои моҳи май умедвориҳоеро ба дармондагон дод, аммо ба суоли асосӣ ҳанӯз посух пайдо нашудааст.

Дар замони карантин шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо пур аз тасвири ҳоли муҳоҷирони бекор, дармонда дар марзи Русия ва Қазоқистону Узбекистон буд. Шикоят аз нархи баланди билетҳои парвози чартерӣ кам нашудааст. Ҳанӯз маълум нест, роҳҳо кай ба таври маъмулӣ боз мешаванд ва дубора мисли пеш сокинон сафар хоҳанд кард ё не.

НАРХ

Бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд
Бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд

Болоравии нархи маҳсулот дар Тоҷикистон раванди тоза нест, аммо дар авҷи пандемия ва бекорӣ болоравии нархи маводи озуқа нигаронии сокинонро ба бор овард. Корбарони Радиои Озодӣ навиштанд, дар соле, ки гузашт, "нарх" низ аз ҷумлаи вожаи аз ҳама беш истифодашаванда буд. Дар рӯзҳои аввали пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон овозаи камчин шудани маҳсулот пайдо шуд. Ин овоза дар моҳи март боис ба навбатпойӣ дар назди дӯконҳои ордфурӯшӣ ва боло рафтани қимати он дар кишвар шуд.

Як зарфи 5-литраи равғани растанӣ, ки онро пештар то 57 сомонӣ мефурӯхтанд, тақрибан ду баробар, яъне то 95 сомонӣ гарон шуд. Як донаи тухми мурғ, ғизои пуристеъмол дар Тоҷикистон, аз 80 дирам ба 1 сомонию 30 дирам ва шакар аз 6 сомонӣ ба 10 сомонӣ ҷаҳид.

Давлат, як корбар дар "Инстаграм" навиштааст, "қурби доллар боло ва арзиши рубл поин шуд" аз хабарҳои нигаронкунанда барои муҳоҷирон буд. Қурби сад доллари амрикоӣ имсол аз 960 сомонӣ то 1132, яъне наздики 200 сомонӣ боло рафт. Болоравии қурби долларро коршиносон яке аз сабабҳои гароншавии нархи молу маҳсулот дар кишвар донистанд.

Билети парвозҳои чартерӣ аз Русия низ ду баробар гарон шуд. Агар дар замони пеш аз пандемия қимати билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон аз 18 то 20 ҳазор рубл буд, ҳоло 37 ҳазор рубл ва аз он болост. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ мегӯянд, ин ба он вобастааст, ки онҳо аз як самт бемусофир мераванд ва маҷбуранд аз як самт нархи ду тарафро бигиранд. Мусофирон ба ин назар розӣ нестанд ва пайваста шикоят мекунанд.

"ЛИМИТ"

Калимаи “Лимит”, ба қавли як корбари Радиои Озодӣ, ба вожаи кӯҳнаву забонзада барои мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст. Баъд аз се соли он ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфта буд, "лимити барқ афсона мешавад", имсол ин калима дубора "меҳмон"-и сокинони кишвар шуд. Тобистон мақомот расман эълон карданд, ки бинобар кам шудани сатҳи оби обанбори Норак маҷбур шудаанд, реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ кунанд.

Дар фасли гармо барои сокинон "лимит" чандон эҳсосшаванда набуд, вале бозгашти дубораи он дар моҳи октябр нигарониҳоро ба бор овард. Ин бор мақомот гуфтанд, "хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳоро таъмир мекунанд". Ин вазъ то 10-уми декабр давом кард. Ҳоло барқ ба хонаи сокинон дода мешавад, аммо мақомот гуфтаанд, эҳтимол дар барқрасонӣ боз маҳдудият ҷорӣ кунанд. Ҳодиса сабаб гашт, то ибораи "истифодаи боинсофона"-и барқ низ пайдо шуда, гуруҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо шарҳу тафсири он машғуланд.

Аз нигоҳи Шумо, калимаҳои серистифодаи соли 2020 кадомҳоянд ва чаро? Лутфан назару пешниҳодҳои худро дар зери матлаб бинависед.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG