Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштариёни норозии "Тоҷпромбонк" ба дари Бонки Миллӣ ва порлумон рафтанд. ВИДЕО


Муштариёни норозии "Тоҷпромбонк"

Як гурӯҳ аз амонатдорони "Тоҷпромбонк" аз раҳбарияти Бонки Миллӣ ва вакилони порлумон дар бораи тақдири пулҳои бандмондаи худ шарҳ хостанд. Ин бонкро моҳи феврали соли 2017 бастанд, вале то ҳанӯз амонати аксар муштариёнро надодаанд.

Гуруҳи ҳафтнафарии муштариёни норозии "Тоҷпромбонк" рӯзи 27-уми январ барои додхоҳӣ ба назди бинои Бонки Миллӣ ва порлумон рафтанд. Мегӯянд, раҳбарияти Бонки Миллӣ онҳоро ба ҳузур напазируфт ва як вакили Маҷлиси Намояндагон машварат додааст, ба таври хаттӣ муроҷиат кунанд.

"Як бор ба назди мо набаромад"

Солеҳамоҳ Самадова, раиси Шӯрои амонатдорони "Тоҷпромбонк", гуфт, бо гузашти тақрибан чаҳор сол наметавонад беш аз 400 ҳазор сомониашро аз бонк бигирад. Ӯ гуфт, умед доштанд, раиси нави Бонки Миллӣ ба ҳалли мушкилашон иқдом мекунад, вале акси садое нашуниданд.

"Раиси пешини Бонки Миллӣ чаҳор сол ваъда дод, ваъдаи хушку холӣ. Панҷ ҳафта аст, ки ба қабули раиси нав меоем, то ба дарди дили мо гӯш бидиҳад. Як бор ба назди мо набаромад. Моро қабул кардан намехоҳад, гӯш кардан намехоҳад...", -- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми январ.

Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон ба тамосҳои мо дар робита ба шикояти муштариёни "Тоҷпромбонк" посух надоданд. Як моҳ пеш Фирӯз Шарипов, масъули тақсими амвол ва дороиҳои "Тоҷпромбонк", гуфта буд, ки беш аз 30 миллион сомонӣ амонати мардум дар бонк мондааст ва бояд баргардонда шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кашолкорӣ дар бозгардонии амонати муштариёни "Тоҷпромбонк"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

"Ҳамагӣ 400 сомонӣ медиҳанд, ки..."

Муштариёни бонк мегӯянд, дар моҳи марти имсол муҳлати бозгардондани амонатҳояшон ба поён мерасад ва кашолкорӣ дар фурӯши амволи бонк онҳоро нигарон кардааст.

Парвина Пирмаҳмадова, муштарии дигари "Тоҷпромбонк", гуфт, ин шабу рӯз бемор аст ва ба 17 ҳазор сомонии бандмондааш дар бонк сахт эҳтиёҷ дорад. "Пуламро намедиҳанд, ки табобат гирам. Ҳамагӣ 400 сомонӣ медиҳанд, ки ин чӣ мешавад? Бо ин хӯрок гирам ё рафта дору харам?" – суол гузошт ӯ.

Ташвиши гурӯҳи амонатдорони "Тоҷпромбонк" дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси собиқи бонк Ҷамшед Зиёевро ба 8,5 сол зиндон маҳкум кардааст. Муштариён хостори он буданд, ки Зиёев аввал пули онҳоро баргардонад.

Намояндагони бонк дар гузашта гуфтаанд, ки ба қадри имкон пули муштариёнро медиҳанд. Пештар баъзе аз амонатгузорони "Тоҷпромбонк" аз он шикоят доштанд, ки ба онҳо дар ивази пул манзил ё амволи дигар пешниҳод мешавад ва нархаш аз қимати бозор чандин баробар гарон асту онро қабул карда наметавонанд.

Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорон дар соли 2016 доғ шуд. Дар он замон "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" сармоягузорӣ кард.

Дар оғоз қарор буд "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" низ зери ҳимояти давлат қарор бигиранд. Барои наҷоти онҳо 530 миллион сомонӣ пешбинӣ мешуд, аммо ин ду бонк таҳти ҳимояти давлат қарор нагирифтанд

Дар пайи ба миён омадани мушкили молӣ дар “Тоҷпромбонк” аввали соли 2017 Бонки Миллӣ парвона ё муҷаввизи корашро бозхонд кард. Мақомоти Бонки Миллӣ дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ин тасмим аз тарафи "Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон ва бар асоси сабабҳои асоснок гирифта шудааст", вале шарҳе надоданд.

XS
SM
MD
LG