Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон. Зарбаи аввалро оилаи муҳоҷирон эҳсос кардаанд


Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир дигарбора поин рафта, боис ба нигаронии хонаводаи муҳоҷирони корӣ шудааст. Рӯзи 30-юми сентябр бонкҳои Тоҷикистон арзиши 1000 рубли русиро 129-131 сомонӣ муқаррар карданд, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш 7-8 сомонӣ камтар аст.

Сокинон мегӯянд, дар шароити пандемияи COVID-19 интиқоли пул аз тарафи наздиконашон аз Русия кам шудааст ва ҳоло таъсири коҳиши қурби рублро бештар эҳсос мекунанд.

Шаҳло Азизова, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, аз 9 ҳазор рубле, ки аз Русия барояш фиристоданд, аз ҳисоби беқурбшавии он беш аз 70 сомонӣ зарар дид. “Ҳозир нархи маҳсулот дар бозорҳо қимат шуд. Аз Русия ҳам маблағи кам мефиристанд. Ба болои ин, боз қурбаш паст шуда, барои мо зиндагӣ мушкил шуд”, -- афзуд ӯ.

Рӯзи 30-юми сентябр масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки бинобар паст шудани қурби рубл нисбат ба доллар дар Русия, арзиши он дар Тоҷикистон низ кощиш ёфтааст. Масъулони Дафтари матбуотии Бонки Миллӣ беқурбшавии рубли русиро ба шароити пандемияи коронавирус ва “омилҳои берунӣ” рабт доданд, вале аз шарҳи бештари он худдорӣ варзиданд

Нуриддин Қаюмов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, коҳиши нархи нафти Русия дар бозори ҷаҳонӣ ва дигаргуниҳо дар бозори асъори ин кишвар метавонад, ба қурби рубл дар Тоҷикистон таъсир гузорад.

Ӯ рӯзи 30-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, поин рафтани қурби рубли русӣ на танҳо ба оилаҳо дар Тоҷикистон, балки дар маҷмуъ ба иқтисоди кишвар таъсир мерасонад. “Барои ҳалли мушкилҳое, ки дар пайи беқурбшавии асъори хориҷӣ ба миён меояд, бояд дар кишвар ташкили корхонаҳо, афзоиши истеҳсолот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои нави кориро роҳандозӣ намуд”, -- шарҳ дод коршинос.

Бахши аъзами даромади Русия аз фурӯши нафт аст ва дар пайи ноком шудани музокираҳои миёни раҳбари OPEC – Арабистони Саудӣ бо Русия, баҳори соли равон арзиши рубли русӣ башиддат поин рафт ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Як омили дигари поин омадани қурби рублро ба эҳтимоли ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи иқтисоди Русия рабт медиҳанд. Пас аз он ки коршиносон дар Олмон ташхис карданд, Алексей Навалний, сиёсатмадори мунтақиди Кремлинро бо заҳрҳои мавсум ба гуруҳи "Новичок" заҳролуд кардаанд, Иттиҳоди Аврупо масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав ба зидди Маскавро баррасӣ дорад.

Русия манбаи даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон буда, соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар ворид шудааст.

Қаблан Бонки Марказии Русия хабар дода буд, ки дар се моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 359 миллион доллар фиристодаанд ва ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ва ё 22 дарсад камтар аст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки дар пайи пандемияи коронавирус интиқоли маблағ аз сӯйи муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар гузашта низ таъсири уфти рубли русиро ба иқтисодаш таҷриба карда буд. Соли 2014 дар пайи коҳиши якбораи қурби рубл нисбат ба доллар, чанд бонки Тоҷикистон дучори бӯҳрон шуданд. "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис шуда, фаъолияташон қатъ шуд, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" -- ду бонки бузурги кишвар пардохтнопазир шуданд ва ҳанӯз ҳам аз ҳолати буҳронӣ берун наомадаанд.

XS
SM
MD
LG