Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадоме аз инҳо Муҳаммад Салоҳи маъруф аст? ВИДЕО


Аҳмад Баҳо ва Муҳаммад Салоҳ дар шаҳри Нақриқ
Аҳмад Баҳо ва Муҳаммад Салоҳ дар шаҳри Нақриқ

Рӯзи 2-уми май ҳангоми бозии Ливерпул ва Рома дар мусобиқоти ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо теъдоде аз меҳмонони қаҳвахонае дар шаҳри Қоҳира ҳайратзада шуданд, ки чаро Муҳаммад Салоҳ, қавитарин бозигари Ливерпул онҷо нишастааст.

Аммо онҷо на Муҳаммад Салоҳ, балки Аҳмад Баҳо, ҷавони 30-солаи мисрӣ нишаста буд, ки ҳеҷ фарқе аз бозигари маъруф надорад. Фарқ кардани ӯ аз Муҳаммад Салоҳ бисёр мушкил аст, чун хандаи шабеҳ, мӯй, риши шабеҳ доранд.

Мизбонону меҳмонони қаҳвахона ҳар кадоме, ки ӯро медид, наздаш меомад, салом мекард ва акс мегирифт. Азбаски бисёр ба ҳам монанданд дар шаҳри Нақриқ мулоқоти кӯтоҳи байни ду тарафро баргузор кардаанд.

Муҳаммад Салоҳ
Муҳаммад Салоҳ

Мулоқоти кӯтоҳаш бо Муҳаммад Салоҳро ба хабаргузории Ройтерс чунин нақл кардааст: “Вақте маро дид, ҳайратзада шуд. Ба ман гуфт, ки гӯё дар баробари оина истодааст. Вале ӯ ба ман монанд аст, чун ман андаке аз ӯ калонам.”

Маҷид-ал-Росим, яке аз мухлисони Муҳаммад Салоҳ, ки рӯзи 2-уми май дар қаҳвахона футболро тамошо мекард, бо шӯхӣ дар бораи монандии Аҳмад Баҳо ба футболбози маъруф мегӯяд:

“Ман ҳайратзада шудам, шӯхӣ кардам, гуфтам чаро инҷо нишастаӣ, бозӣ намекунӣ. Албатта ин як тасодуф аст, вале ман хурсандам, ки Муҳаммадсалоҳ як нафари монанд ба худро дорад. “

Кадоме аз инҳо Муҳаммад Салоҳ аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Умар Салом, коргузори қаҳвахонае, ки Аҳмад Баҳо онҷо барои тамошои футбол меояд, мегӯяд, агар ҳардуро назди якдигар монед, фикр мекунед, бародарон ҳастанд. “Дар воқеъ мисли Муҳаммад Салоҳ аст. Агар ӯ инҷо дар Миср мебуд, фикр мекардам, ки Аҳмад назди ман нишастааст. Метавонед онҳоро дугоник номед. Ман ҳеҷ вақт чунин монандиро надида будам” – мегӯяд, ӯ.

Муҳаммад Салоҳ, ки соле пеш ба дасти Ливерпул пайваст ҳоло яке аз маъруфтарин футболбозон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аҳмад Баҳо низ ифтихор мекунад, ки ба футболбози маъруф дар ҷаҳон монанд аст ва ба касе, ки ҳоло мояи ифтихори тамоми Миср табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG