Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 400 зан ба шӯроҳои маҳаллӣ дар Систон ва Балуҷистон роҳ ёфтанд


Натиҷаҳои интихоботҳои шӯроҳои исломии шаҳр ва деҳот дар минтақаҳои Эрон нишон медиҳад, ки танҳо дар вилояти Систон ва Балуҷистон, беш аз 400 зан бо раъйи мардум ба маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ ёфтаанд. Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон-ИРНА, раиси вилояти Систон ва Балуҷистон Алӣ Ҳошимӣ гуфтааст, ки 415 зан дар ин вилоят ба маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ пайдо карданд.

Танҳо дар вилояти Систон ва Балуҷистон 415 зан ба маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ ёфтаанд.

Ин шумора назар ба давраи қаблии интихоботи шӯроҳои шаҳрӣ ва деҳоти ин вилоят дар чаҳор соли пеш, ду баробар зиёд аст. Тибқи эълони раиси вилояти Систон ва Балуҷистон, дар давраи қаблӣ ҳамагӣ 185 нафар ба маҷлисҳои маҳаллии ин вилоят интихоб шуда буданд.

Дар суханони раиси вилояти Систон ва Балуҷистон ишорае ба шумораи умумии аъзои шӯроҳои шаҳр ва рустои ин вилоят нашуда ва ҳамчунин маълум нест дар тамоми Эрон чӣ миқдор аз занон дар шӯроҳои шаҳрӣ ва деҳот, узвият пайдо кардаанд.

Дар айни ҳол оқои Ҳошимӣ дар мавриди ноҳияи Хош ишора кардааст, ки дар интихоботи шӯроҳо 131 зан муваффақ шуданд ба шӯроҳои шаҳрӣ ва деҳот роҳ ёбанд. Бар асоси оморе, ки қаблан эълон шуда буд, дар ду соли гузашта 14 зан дар минтақаҳои мухталифи ноҳияи Хош ба унвони раиси шӯрои деҳот интихоб шуданд. Шумораи занҳо дар шӯроҳои қаблӣ дар ин минтақа танҳо 33 нафар буд ва теъдоди онҳо дар интихоботи ахир ба 341 зан афзоиш дошт. Ноҳияи Хош бо 173 ҳазор аҳолӣ дар 185-километрии ҷануби Зоҳидон воқеъ аст.

Ислоҳталабон дар Исфаҳон ва Машҳад ҳам пирӯз шуданд

Аммо дар шароите, ки омори ниҳоии натиҷаҳои интихоботи шӯроҳо дар Теҳрон аз роҳ ёфтани ҳама аъзои феҳристи "Умед", яъне ислоҳталабон ҳикоят мекунад, тибқи гузоришҳо, дар Машҳад ва Исфаҳон ҳам ислоҳталабон дар шӯроҳои шаҳрӣ аз ҳама бештар раъй овардаанд. Дар ҳар ду шаҳри Исфаҳон ва Машҳад, ки шӯрои шаҳри онҳо 15 узв дорад, номзадҳои феҳристи "Умед" пешсаф ҳастанд.

Ин масъала ба ин далел муҳим аст, ки дар чанд давраи гузашта шӯрои ин ду шаҳр дар ихтиёри усулгароён буд. Дар шаҳри Язд ҳам эъломи натоиҷи интихоботи шӯрои шаҳрӣ нишон додааст, ки Спинто Некном, шаҳрванди зардуштӣ ва узви Шӯроии қаблии Язд, муваффақ шуд дар ин давра низ ба шӯрои шаҳрӣ роҳ ёбад.

Ин дар ҳоле аст, ки Аҳмад Ҷаннатӣ, дабири Шӯрои Нигаҳбон дар ҷараёни баррасии салоҳияти номзадҳо дар баёнияе хостори радди салоҳияти ақалиятҳои динӣ дар шаҳрҳое шуда буд, ки аксарияти аҳолии он шиа ҳастанд. Аммо ин дархости Аҳмад Ҷаннатиро ҳайати иҷроӣ ва назорати Шӯрои нигаҳбон, рад карданд.

XS
SM
MD
LG